САДА – ЁДГОРЕСТ АЗ НИЁГОНИ МО!

0 5

Миллати тоҷик соӽиби оину суннатӽои бостонӣ ва фарӽанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаӽонӣ саӽми бузург гузоштааст. Суннату оинӽои нек ва ҷашнӽои миллии мо, мисли Наврӯз, Меӽргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарӻиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

         Яке аз дастовардӽои бузурги миллии мо дар асри 21 – ин Исиқлолияти давлатии мо мебошад, ки бо шарофати он мақоми тоҷик ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд рафтааст.

         Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки дар ҷумӽурии мо як қатор суннатӽо ва ҷашнӽои миллӣ эӽё гарданд. Пешвои муаззами миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба масъалаи ӽувияти миллӣ ва ба эӽёи таърихи кӯӽан таваҷҷӯӽи хос зоӽир мекунанд.

         Пешвои миллат ба мероси маънавии суннатии миллат баӽои баланд дода, омӯзиш ва тарӻиби ин осори гаронбаӽои ниёгонро вазифаи ӽар як фарди соӽибмаърифат медонанд. Боиси хушнудист, ки тавассути ташаббусӽои Пешвои муаззами миллат расму оинӽои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат кардаанд, аз нав эӽё мешаванд ва тайи солӽои охир дар сатӽи баланд таҷлил мешаванд.

         Сада ба монанди ҷашни Меӽргон таърихи хеле қадима дорад. Агар ба сарчашмаӽо рӯй биёрем, Сада ба таърихи 6 ӽазорсола, яъне ба давраи шоӽони асотири Пешдодиён мансуб дониста мешавад, ки доир ба ин масъала дар «Шоӽнома» — и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ишора мешавад. Ҷашни Сада дар худ мафӽумӽои: хуршед, рӯшноӣ ва оташро таҷассум мекунад, ки ба ӽаёти инсон ва табиат алоқаманд аст. Чун тавассути рӯшноӣ Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда ва дар ӽаракат аст.

         Тибқи назари муӽаққиқон ҷашни Сада дар рӯзи даӽуми (баӽманмоӽ) мутобиқ ба 30-31- январ баргузор мегардад.

         Ниёгони мо бо гузашти 100 рӯз аз зимистони бузург, ки сармо рӯ ба таназзул меорад ҷашни Садаро барпо мекарданд.

         Бархе дар ин ақидаанд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз, панҷоӽ рӯз ва панҷоӽ шаб фосила аст, ки миқдори шабу рӯз ба 100 баробар мешавад. Бинобар ин ҷашни Садаро панҷоӽ рӯз то Наврӯз  таҷлил мекарданд.

         Дар ӽар сурат мо бояд ӽаминро дар назар дошта бошем, ки Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, то ба имрӯз мақом ва маӽбубияти худро нигоӽ медорад.

         Ҷашни Сада дар замони нахуст давлати тоҷикон – Сомониён низ ҷойгоӽи хеле баланд дошт ва бо шукӯӽу шаӽомати хосса таҷлил мегардид.

         Аз ҷашнӽои бузурги мо Наврӯз, Меӽргон ва идӽои суннатии мо Тиргон, Дайгон ва Сада чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ӽамаи онӽо давоми мантиқии якдигаранд. Яъне онӽоро як занҷири пайвастае меноманд, ки ба меӽнати деӽқонону кишоварзон мансуб мебошад.

         Ба ақидае таҷлили ин ҷашнӽо чархи гардиши фаслӽои солро ба хотир меорад, ки дар он ҷараёни маргу зиндагӣ, фуруравию фароравӣ, партавафшонии Хуршеди тобон таҷассум ёфтаанд.

         Сада инъикоси Хуршеду оташ аст, чуноне ки шаӽодати онанд, ки Ӽушанги пешдодӣ оташро кашф кард ва онро Нури Худо (фурӯӻи  Эзидӣ) хонд ва ба он саҷда овард.

         Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

         Сада номи он ҷашни фархунда кард.

         Зи Ӽушанг монд ин Сада ёдгор,

         Басе бад чун ӯ дигар Шаӽриёр.

         Агар ба ин масъала аз назари таърихӣ таваҷҷӯӽ кунем равшан хоӽад шуд, ки оташ дар фарӽанги авестоӣ инъикоси покӣ, сарчашмаи ӽаёт, манбаи равшанию гармӣ ва мазӽари нури Аӽурамаздо мебошад.

         Бояд қайд кард, ки ҷашну суннатӽои мардуме, ки аз ниёгон  то ба наслӽои имрӯз ӽама нишебу фарохи таърихиро гузар карда омада расидааст. Ин гуфтаӽо аз он шаӽодат медиӽанд, ки ниёгони мо бо расму русум, ҷашну суннатӽои мардумӣ, дар ташаккул ва рушди тамаддун  ва фарӽанги башарӣ нақши бузург доштаанд ва доранд.

         Бо шарофати соӽибистиқлолии кишвари азизамон, субботу оромии ҷомеа, бо ташаббусӽои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон расму оин, ҷашну суннатӽои мардум эӽёи тоза пайдо мекунанд. Таҷлили ин ҷашнӽо ва тавассусти онӽо тарӻиби ахлоқи ӽамида, рӯзгори мардуми моро рангин месозад.

         Ӽоло, ки аз баракати соӽибистиқлолӣ ҷашну суннатӽои мардумӣ бахусус Сада эӽё гардид. Моро зарур аст, ки пайваста меӽнати пурсамар дошта бошем, то шукӯӽу шаӽомати ин ҷашнӽо торафт болотар равад., ки дар оянда дар таҷлили Сада, шодию сурури миллати тоҷик боз ӽам зиёда мегардад ва дар гирди гулхане, ки барои таҷлили Сада афрӯхта мешавад, тамоми мардум сарҷамъ хоӽанд омад ва кули ӽунармандон ӽунари худро нишон хоӽанд дод.

         Дар ӽақиқат Сада ба мисли ҷашни Наврӯзу Меӽргон, ҷашни ободкориву кишоварзон мебошад. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Сада дар ояндаба монанди ҷашнӽои дигари ҷаӽонӣ шуда, ба феӽристи ҷашнӽои умумиҷаӽонӣ ворид хоӽад шуд.

         Мо вазифадорем, ки худшиносӣ ва ӽувияти миллии худро тақвият бахшида, ба ҷашну суннатӽои миллӣ, ки аз ниёгон меросанд, эӽтиром ва арҷгузор бошем.

         Акнун чанд ишора оидба истиқболи ҷашни Сада дар кишварӽои гуногуни олам:

         Ҷашни Сада бо хусусиятӽои хоси худ таҷлил мешавад.

         Масалан: Сада дар Эрон бо риояи анъанаи ӽазорсола пеш таҷлил мегардад. Аз ҷумла, дар Кирмон дар боӻӽои «Бедак обод» ӽамасола маросиме барпо мешавад, ки он бузургтарин ҷашнвораи оташсӯзӣ дар ҷаӽон эътироф шудааст. Тибқи анъана дар ҷашни Сада сокинони маӽаллӣ ҷамъ омада, ба миқдори зиёд ӽезум омода мекунанд, оташ даргиронда, дар гирду атрофии он сарҷамъ меоянд. Онӽо оташро ӽамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ин ҷашн медонанд. Дар ин рӯз зимистон аз авҷи сармо берун шуда, оташ ба гарм шудани маӻзи замин кӯмак мекунад.

         Ҷашни Сада натанӽо дар давлатӽои форсзабон, балки дар бисёр давлатӽои дунё ӽамчун ҷашни офтоб ва оӻози фарорасии фасли баӽор қайд мешавад, зеро фара тамаддуни башарӣ бо ӽам алоқаманданд.

         Дар давлатӽои Аврупо, махсусан дар Люкссембург, ӽамасола ҷашнвораи қадима бо номи «Иди гулханафрӯзӣ» баргузор мешавад ва дар ин рӯз гӯлханӽои бешумор барои пешвози баӽор ва таваллуди офтоби нав фурӯзон мешавад. Ҷавонон ба туппаи баланде баромада, оташи бузург меафрӯзанд, ки ба таӻйиёбии фасл бахшида мешавад. Ин оташ рамзи пирӯзии офтоб бар зимстон аст. Ин анъанаӽо боқимондаи чаӽор рамзи оташ аст, ки дар тӯли сол фурӯзон мешавад.

— аввалан оташи наҷот – рамзи прӯзии офтоб бар зимистон;

— дуюм оташи насха, ки азнавзиндашавии табиатро ифода мекунад;

— сеюм оташи Санкт Юӽанно, ки офтобро даъват мекунад.

— чорум оташи Санкт Мартин, к ибо рафтани тирамоӽ ӽамроӽӣ мекунад.

         Ӽамин тариқ ҷашни зимистонаи Сада дар Шотландия, Мексика, Венесуэла бо услубӽои ба худ хоси мардумони ни кишварӽо таҷлил мешавад.

         Аз ин рӯ бо боварии комил метавон гуфт, ки дар тамоми ҷаӽон таҷлили ҷашни зимистона (ҷашни Сада) бо тарзӽои гуногун ид карда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки ҷаӽониён ба анъанаю маросимӽои қадимаи мо тоҷикон, мароқи зиёд доранд,  чун Садаро бо тарзӽои гуногуни ба худ хос ҷашн мегиранд.

         Сада – таърихи бою ӻанӣ дошта, аз фарӽангсолорӣ ва соӽиби тамаддуни баланд будани мардуми форсу тоҷик шаӽодат медиӽад. Бошад, ки Сада ба мисли Наврӯзу Меӽргон дар ояндаи наздик ӽамчун ҷашнвораи сатӽи ҷаӽонӣ таҷлил мегардад.

         Чун ин ҷашну суннатӽои мардумӣ бо хусусиятӽои хоси худ,метавонанд дар сарҷамъӣ ва баӽам омадани кули мардуми сайёра нақши бузург хоӽанд дошт.

Омӯзгори калони кафедраи

фанҳои гуманитарии МТД

«Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба  номи

Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»                     Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.