ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

0 58

      Кафедраи «Химия ва биология» моҳи  марти соли 2008, №106/3 ҳамчун кафедраи  фанҳои «Биологӣ ва умумитиббӣ» таъсис ёфта, айни ҳол бо номи кафедраи «Химия ва биология» фаъолият дорад. Дар кафедра 22  нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд аз ҷумла, мудири кафедра Саъдуллоева С.Ф.  ва омӯзгорон Абдуллоева М., Назриева Д., Гаффоров М., Шарифова Ф, Боева У, Шовалиева К. Назирмадова Р, Абдураҳимова Х. Курбоналиев Б, Мусоева С, Манучеҳри М, Сабурова М, Мускинов Ш , Рустамова М, Парвинаи З, Баҳодурова С,  Маҳмудова М ва Мирзораҳматова Р мебошанд.

    Дар таърихи кафедра, аз соли 2008 то соли 2013   Қурбоналиев Анвар, аз 2013 то соли 2019  Сайдалиев Қурбон, 2019 то соли 2020 Латипов Сафаралӣ  ва  аз 2020 то инҷониб Саъдуллоева Соҷида роҳбарии кафедраро ба уҳда дорад.

     Дар кафедра 2 нафар, Саъдуллоева С. ва Боева У. соҳиби унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошанд.

МУДИРИ КАФЕДРАИ » ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ»
САЪДУЛЛОЕВА СОҶИДАМО ФАЙЗУЛЛОЕВНА

     Саъдуллоева Соҷидамо Файзуллоевна (тав. 25.05.1978, ш.Кӯлоб). Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Соли 2013). Доир ба мавзӯи “Методикаи таълимии химия” барои ҳимояи рисолаи номзади  илмҳои педагогӣ таҳқиқот бурда истодааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш.Кӯлоб (1993-1996). Ҳамшираи калони шӯъбаи «Ташхисӣ»-и Беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб (1996-2008). Хатмкардаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ (1998-2003). Омӯзгори факултаи Химия ва биологияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рудаки (2002-2004). Омӯзгори фанни «Кимиёи биоорганикӣ» Муассисаи Давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб (2004-2020). Мудири кафедраи «Химия ва биология»-и Муассисаи Давлатии таълимии  «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло  Азиз» (аз соли 2020 то ҳол)   Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ.  

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.