АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ

0 67

    Кафедраи “Акушерӣ ва Гинекологӣ” аз соли 2012 таъсис ёфтааст. Кафедра фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф”, “дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои директор, ба роҳ монда шуда, баҳри омода намудани мутахассисони миёнаи тиб саҳмгузор мебошад. Дар кафедраи “Акушерӣ ва Гинекологӣ” 14 омӯзгори асосӣ кор ва фаъолият карда истодаанд. Мудири кафедра Шарипова Д, омӯзгорон Мирзоева Ҳ, Наботова М, Умарова Р, Нуруллоева Н, Файзалиева Н, Юсуфова Ҷ, Анварбии К, Назарова З, Икромова М, Давлатова Г, Ҳалимова Г, Хоҷаева Ш, Ализода М, фаъолият намуда истодаанд. Дар кафедра аз руи 4 фанни таълими омӯзгорон ба донишҷуён таълим медиҳанд. Кафедраи “акушерӣ ва гинекологӣ” дар бинои асосии коллеҷ ҷойгир буда, аз 4 синфхонаи малакаи амалӣ, ки 2 синфхона бо аёниятҳо, муляжҳо, тахтаҳои эелектронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, иборат аст. Дар кафедра, маркзи омӯзиши фосилавии банақшагии оила бо дастгирии молявии намояндагии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) соли 2018 ташкил карда шудааст. Марказ дорои 12 адад компютер мебошад, ки бо хатти интернет пайваст мебошад.

     Раванди таълим дар кафедра, аз руи 4 барномаи таълимӣ: 1). Кори ҳамшираги дар момоӣ ва бемориҳои занона, 2). Момоӣ, 3). Бемориҳои занона, 4). Солимии наслофарӣ, ба роҳ монда шудааст. Масъалаи банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим дар ҷаласаҳои кафедра барраси гардида тибқи воҳидҳои кори таълимӣ ба омӯзгорон тақсим карда шуда иҷроиши он ба пуррагӣ амалӣ гардонида шудааст.

     Дар кафедра маҳфили “Момодояҳо”амал мекунад, ки донишҷӯёни фаъоли коллеҷ да он аъзо мебошанд. Аъзоёни кафедра дар ҳама чорабиниҳои дохилитаълимӣ ва берун аз он фаъолона иштирок менамоянд.

МУДИРИ КАФЕДРАИ » АКУШЕРИ ГИНЕКОЛОГӢ»
ШАРИПОВА ДИЛАФРӮЗ ФАЙЗУЛЛЕВНА

     Шарипова Дилафрӯз Файзуллоевна (тав. 24.02.1992, шаҳри Кӯлоб). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино (2015).  Соли 2015 интернатураро таваллудхонаи ш.Кӯлоб гузаштааст. Аз соли 2016 ба ҳайси  мудири кафедраи «Акушери гинекологӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»  фаъолият дорад.

    Ҳамзамон  ба ҳайси духтури “Амрози занона” дар  МСР №1 и ш.Кӯлоб кору фаъолият када истодааст.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.