ТИББИ ОИЛАВӢ

0 75

        Кафедраи  «Тибби оилавӣ»  аз моҳи  январи соли  2021 ҳамчун  кафедраи  мустақили    «Тибби  оилавӣ»  таъсис  ёфт  ва  то  ин  муддат  дар тобеияти  кафедраи  «Асосҳои  кори  ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ»  фаъолият  дошт. Кафедра  самти  фаъолияти  худро  аз  рӯи  «Низомнома»-и муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  роҳ  монда  аст.

      Дар  кафедра  11  нафар  омӯзгорони  асосӣ  фаъолият  мекунанд. Мудири  кафедра Ҷабборова Р.Ҳ., омӯзгорон Сафаралиева С.И., Саидова С.С, Шоева Н.А., Қурбонова Н.Ё., Хоҷаева Р.Ш., Асоева Б.Б., Исоева М.Ҳ., Бозорова Г.Д., Назарова С.Ҳ., Валиева Г.С.,  фаъолият  намуда  истодаанд. Дар  кафедра  1 нафар  омӯзгори  калон, 3  нафар омӯзгори  дараҷаи  якум, 2  нафар  дараҷаи  дуюм мебошад.

     Кафедраи  «Тибби  оилавӣ» аз  рӯи  нақшаи  тасдиқнамудаи  Коллеҷ  фаъолиятро  ба роҳ монда, пайваста  барои баланд  бардоштани  савияи  дониши  муаллимон  чорабиниҳои  умумимуассисавӣ  аз  ҷумла  Конференсияҳою  семинарҳо,  озмунҳои  фаннӣ, мизи  мудаввар  ва  викторинаҳо  дар  байни  донишҷӯёни  факултетҳо  ташкил  менамояд. Инчунин,  гузаронидани  маҳфилҳои  фаннӣ гузаронида  мешавад.

         Бояд  қайд  намуд,  ки  се  нафар  омӯзгорони  кафедра  унвони  Аълочи Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирифтанд.  

                                                                                                                                    МУДИРИ КАФЕДРАИ » ТИББИ ОИЛАВӢ»
ҶАББОРОВА РУХШОНА ҲАЙТАЛИЕВА

     (тав. 01.09.1979, ш.Кӯлоб). Хатмкардаи Коллеҷи тиббии н.Данғара (2002-2006). Хатмкардаи  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2015).  Ҳамшираи тиббӣ дар беморхонаи вилоятии №1 ш.Кӯлоб (2008-2010).  Омӯзгори Муассисаи Давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (2010-2021). Аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб мудири кафедраи «Тибби оилавӣ»-и Муассисаи Давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мебошад.

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.