Тамошои дастаҷамъонаи омӯзгорону шогирдони Коллеҷ аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш ва ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

0 30

      Имрӯз  дар  Муассисаи  давлатии  таълимии  «Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Кӯлоб  ба  номи  Раҳмонзода  Раҳматулло  Азиз» ба  муносибати  Рӯзи  дониш  чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он   ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯйён иштирок намуданд. Дар чорабинӣ тамошои дастаҷамъонаи устодон ва шогирдон аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври мустаќим пахш мешуд, сурат гирифт. Баромади пурмуҳтавои Пешвои миллат дар оѓози Рӯзи дониш ин эҳтироми хосаи роҳбарияти кишварро нисбати омӯзгор ва соҳаи маориф нишон медиҳад.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон нисбати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзида махсусан таъкид доштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: «Мо барои китобхонӣ ва босавод намудани аҳли ҷомеа озмуни «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст»-ро роҳандозӣ намуда, китоби академик Бобоҷон Ѓафуров «Тоҷикон»-ро ба тамоми аҳолии кишвар туҳфа намудем, ки маҳз тавассути   ин   сатҳи тафаккур ва доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон вусъат ёфта, шавқу рағбати онҳо ба китобхонӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар мегардад ва саъю талоши онҳо барои азхудкунии таърихи бостонӣ, забони ширину шевои модарӣ ва фарҳанги ғановатманди халқи куҳанбунёди худ афзоиш меёбад.» Инчунин, ба тамоми устодони ботаҷрибаи кишвар муроҷиат намуданд, ки барои рушди босуботи ҷумҳурӣ ва мустаҳкамсозии баззаи кадрӣ бояд шогирдони зиёдро бо дилу нияти  соф тарбият намоем.

         Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ ба ҳамаи омӯзгорони кишвар муроҷиат намуданд, ки рисолат ва вазифаи мову Шумо дар ин раванд содиқона хизмат кардан ба мардуми Тоҷикистон аст ва шумо бояд ин вазифаро бо камоли масъулият ва дар сатҳи баланд иҷро намоед. Инчунин, ба тамоми кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, устодону омӯзгорон барори кор, ба донишҷӯёну хонандагони мамлакат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромии ҳамешагӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу намуданд.   

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.