ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ

0 161

ПРОФЕССОР
РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ

28.03.1963 — 11.07. 2018

Раҳмонзода Раҳматулло Азиз 28 марти соли 1963 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1987 факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз соли 1987 интернатураро дар заминаи беморхонаи ҷумҳуриявии №3 гузашта, аз соли 1988 то соли 1993 ба ҳайси духтури асабшиноси беморхонаи шаҳрии ш.Кӯлоб ва ҳамзамон омӯзгори омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Соли 1990 ба бахши аспирантураи Донишкадаи илмӣ-таҳқиқотии генетикаи тиббии Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия дар шаҳри Томск дохил шуда, рисолаи номзадиашро доир ба мавзӯи “Таҳлили клиникию-генетикӣ ва молекулавии миодистрофияи Дюшен дар Тоҷикистон” ҳимоя намудааст. Солҳои 1993 то 2004 – ум дар вазифаи сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2004 рисолаи докториашро доир ба мавзӯи «Бемориҳои ирсии системаи асаб дар Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии Донишкадаи илмӣ-таҳқиқотии неврологияи Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия ҳимоя намудааст. Аз соли 2007 то рӯзи маргаш Раҳмонзода Раҳматулло Азиз мудирии кафедраи неврологияи факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ӯҳда дошт.  Солҳои охир ба ҳайси ноиби Президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои асаб, раиси ҷамъияти асабшиносони мамлакат бо номи «Нейрон» фаъолият намудааст. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш аз мутахассиси ҷавон ба дараҷаи олими бузурги соҳаи неврология ташаккул ёфта, ҳазорон беморонро табобат намудааст. Ҳамеша дониши касбии худро ташаккул дода, ба мутахассисони ҷавон низ роҳнамоӣ менамуд. Дар зиндагӣ шахси хоксор ва бо ҳамкасбон ниҳоят хушмуомила буданд ва дар байни онҳо  обу рӯйи хоса доштанд. Бинобар фаъолияти самаранокашон дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ҷавон Раҳматулло Раҳмонзода бо мукофоти “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва нишони «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Рахматулло Раҳмонзода муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 2 монография ва дастури таълимӣ буда, аз тарафи ӯ 22 адад тавсияҳои таълимӣ-методӣ, ва 13 дастури таълимӣ аз чоп бароварда шудаанд. Зери роҳбарии профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз 3 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст. Мақолаҳои илмии ӯ дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷи кишвар хеле зиёд аз чоп баромадаанд, ӯ борҳо аъзои кумитаҳои илмии симпозиумҳои байналмилалӣ интихоб шуда, дар онҳо соҳаи асабшиносии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Номи неки ин шахси накуном ва ватандӯст солҳои тӯлонӣ дар дили дӯстону наздиконаш боқӣ мемонад.

Ба қавли шоир, ки мегӯяд:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз 26 июни соли 2019, №266 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, аз 01 октябри соли 2019, №700 Муасссисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз номгузорӣ карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.