Таҷлили Рӯзи модар дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

0 53

Санаи 5 марти соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” бахшида ба Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуда, аз тарафи донишҷӯён дар васфи зан – модар шеъру суруду таронаҳо ва маърӯзаҳо шунида шуданд. Ба чорабинии мазкур занони собиқадори меҳнати шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла Валиева Саъбагул – корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Тағоева Сайлонбӣ – сармутахассиси Маркази вилоятии беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб, Назирова Фарида – собиқ омӯзгори фанни бемориҳои кӯдаконаи коллеҷ даъват гардида буданд. Меҳмонон аз таҷрибаи зиндагиашон барои тарбияи ҷавонон бо суханҳои тарбиятомӯз дар васфи зан — модар баромад намуданд. Дар ҷамъомад як қатор занон – омӯзгорони собиқадору фаъоли Коллеҷ барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи таълиму тарбияи ҷавонон ва омодасосии мутахассисони миёнаи тиббӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.