Озмуни “Беҳтарин момодоя”, бахшида ба Рӯзи модар

0 325

Санаи 5 марти соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” озмуни “Беҳтарин момодоя”, бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Дар озмуни мазкур ду гурӯҳи донишҷӯдухтарони факултети кори момодоягии коллеҷ ширкат намуданд. Озмун аз бандҳои зерин иборат буд: саломнома ба ҳакамон ва муарифии гурӯҳ, саволу ҷавоб, иҷроиши малакаҳои амалии момодоягӣ, саҳнача бо ҳалли масъалаи вазъиятӣ аз таҷрибаи кори момодоягӣ. Ҳарду гурӯҳ бандҳои озмунро бо як маҳорати хоса иҷро намуданд. Аъзои ҳакамон фаъолнокии намояндагони гурӯҳҳои рақобаткунандаро ба инобат гирифта, натиҷаи озмунро мусовӣ эълон намуд. Дар охир аъзоёни фаъоли озмун бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.