Мавзеъҳои сайёҳӣ 0 181 Мубодила кардан Маҷмааи турустию варзишии «Сафед-дара» 7 январ соли 2016 бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи туристию варзишии «Сафед-дара» пас аз таъмир бо тантана ифтитоҳ гардид. Сарвазири кишвар ба ташкилкунандагон ва сохтмончиён маҷмаа баҳои баланд дод. Сарвазири кишвар бо намояндагон аз меҳмонхонаи замонавӣ, истгоҳи снегаходҳо, трасаҳои лижарони, тарабхона ва маркази авдо дидан карда баҳои баланд ба шароити муҳайё намудаашон барои истироҳаткунандагон доданд. Ин чунин дар ҳудуди маҷмаа мактаб барои наврасону кӯдакон барои омӯзонидани намудҳои варзиши зимистона кушода шуд. Дар мактаби мазкур барои омӯзиши 68 нафар наврасон ва кӯдакон шарту шароити мусоид борои омӯзиши намудҳои варзиши зимистона фароҳам оварда шудааст. Бо назардошти мавзеи мазкурро маҷмааи туристию варзишии умумиҷҳони гардонидан сарвазир таъкид дошт, ки хизматрасони дар ин мавзеъ бояд дар сатҳи стандарҳои ҷаҳони ба роҳ монда шавад. «Сафед- дара» аввалин мазеи лижабози дар қаламравӣ Тоҷикитон буда, дар шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб 70 км дур аз ш. Душанбе ҷойгир аст. «Сафед-дара» дар ҳудуди 60 гектар ҷойгир буда имконияти қабули то 1 ҳазор меҳмонро дорад. 0 181 Мубодила кардан