Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият

0 880

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд.

Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд.    Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоу далер сабт менамояд.

Бале, Истиқлолият моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориямон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун миллат намешинохтанд, ҳамин боис гардид, ки баъди Инқилоби Октябр Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Ҷумҳурии автономӣ ташкил карданд ва ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айнӣ, бардошт карда натавонистанд ва ба шиносондани ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ пардохтанд ва асари бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иншо карда, аз миллати худ дифоъ намуданд. Мешавад гуфт, ки аз ҳамон лаҳза аввалин хишти Истиқлолияти давлатӣ миллати мо гузошта шуда буд, гарчанде ки ин як муддати дигар дар қалбҳои хирадмандону миллатдӯстон парвариш меёфт. Танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист дубора ба Истиқлолияти давлатӣ расидем ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст овардем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро Муқадастарин азизтарини неъмат рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандори ва нишони пойдории бақои давлат номид аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Дар ҷойи дигар таъкид намуда, мефармояд: «Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад». Бояд қайд намоям, ки имрӯзҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон чандин давлат маҳв мешавад, шояд барои ҳамешагӣ дигар дар харита пайдо нагардад, яъне парокандагӣ на он қадар кори душвор ва номумкин гаштааст.

Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Зеро хона бошад, ҳамаи чизи дигар мешавад, бе хона маъвое нест, ки ба он паноҳ барӣ ва ӯро обод намоӣ. Акнун вазифаи мо аст, ки он хонаро ободу зебо гардонем ва сарвари давлат низ таъкид менамоянд, ки: «Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу бономус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем»

Соҳиби давлати мустақил ва Конститутсия будан, барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Махсусан дар ин рӯзҳои воқеаҳои гушношунида ва чашмнодидаи ҷаҳони муосир.

Пас аз гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳимми давлатӣ, давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратро пеш овард, ки қонунеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ намояд. Чӣ қонуне аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда метавонист.

Бале, қонуне буд, ки бо дархосту пешниҳодҳои якдилонаи мардум қабул гардид. Ҳадафҳои аввалини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беососу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Бо гузашти беш аз 10 сол мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст, маҳз ҳамин буд, ки ин қонун ба мақоми Қонуни миллӣ расид.

Дар ин радиф дастоварди дигари давлатии миллати мо дар замони Истиқлолият метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро номид, зеро ин қонун имкон дод, ки дар шароитҳои сахти иқтисодӣ падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда набояд нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетараф бошанд. Маҳз ҳамин буд, ки имрӯз дар кӯчаҳо ҳеҷ мактабхонеро мушоҳида намекунем, ки ба оворагардию беҳуда гузаронидани вақт машғул бошад ва ҳеҷ падареро намебинем, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир намояд.

Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси давлатӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.