ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 62

       Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби эътибори хоса гардид.

       Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Баъди соҳибистиқлол эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Муҳимтарин рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ — Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 

    Дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

        Бузургтарин дастоварди халқи мо дар даврони истиқлолият  барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

         Пас аз музокироти тӯлонии Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин, ки қариб чил моҳ идома ёфта, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шавад ва рӯзи таърихии 27 июн бо Фармони Президенти мамлакат иди умумимиллӣ эълон карда шуд.

       Дастоварди бузурги таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқии Роғун ба шумор меравад, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин сохтмони бузурги аср воқеан ҳам аз ормонҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамаҷонибаи халқи тоҷик ба субут расид.

       Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба истиқлолияти озуқавории ҷумҳурӣ пойдевори боэътимод гузошт. Имрӯз маҳсулоти кишоварзӣ аз корхонаҳои ҷумҳурӣ ба соири кишварҳои ҷаҳон содирот мегардад.

       Ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии бомароми кишвар идома дошта, барои гузариш аз низоми аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ таҳкурсии амиқ гузошта шудааст.

        Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ба Тоҷикистон бахшидани раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.

        Маҳз дар даврони истиқлолият ба Тоҷикистон муясар гардид, ки бо ба анҷомрасонии сохтмонҳои роҳҳои байнидавлатӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор карда шавад.

      Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

      Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Наврӯз  ва яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд.

      Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад. Моҳи марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

         Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд. Тоҷикистон имрӯз ба як давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳар вақта дида бештар равона шудааст.

          Бо пешниҳоди Президенти кишвар солҳои 2020-2040 эълон гардидани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” боиси он гашта истодааст, ки фанҳои дақиқ дар ҷумҳурӣ рушд намуда истодаанд. Беҳтар намудани заминаи фанҳои дақиқ боиси дар сатҳи баланд амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръат хоҳад гардид.

          Аҳли кормандон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” низ дар чорабиниҳои тантанавӣ, бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳпаймоии ҳарбӣ, роҳпаймоии идона ва консерти идона, ки дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб баргузор гардид фаъолона ширкат варзиданд.

          Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми кишварро бо 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯем.

 

        Азиззода З.А. директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”, номзади илмҳои тиб

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.