Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад.
Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созад. Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст, ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ — иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимист.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ аслан ғолибу мағлуб нест. Музаффар ақли солим, такя бар таъриху фарҳанги воло ва хиради азалии ин ё он халқу миллат ва фарзандони барӯманди он аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос то чӣ андоза ин қувваи ҷозибанокро ба манфиати миллат ва давлат сафарбар карда метавонанд.
Ҳодисаҳои номатлуби замони муосир нишон дода истодаанд, ки заминаи воқеии аз байн бурдани суботи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву ҳуқуқӣ, дахолат ба низоми сиёсиву давлатдорӣ ва ба гирдоби фалокатҳои фоҷиабори миллӣ кашидани давлат ва миллатҳои алоҳида, ин пеш аз ҳама ҷудоӣ андохтан дар миёни шаҳрвандон ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқҳо ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона на ҳама ҷангҳои шаҳрвандӣ чун Тоҷикистон дар сари мизи гуфтушунид ва бо сулҳу салоҳ, бахшиши гуноҳи тарафҳои даргир, оштии миллӣ, таъмини ҳузури мухолифин дар идоракунии давлат, ба ватан баргардонидани миллионҳо гурезагон ва дар натиҷа суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом мерасанд.
На ҳама сарварони давлатҳо ва тарафҳои даргир чун Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан кори худро аз сулҳ оғоз намуда, мақсади ниҳоии худро дар навбати аввал хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоянд.
Аммо Сарвари давлати мо таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандиро, ки мақсади он аз даст додан ва порча-порча кардани давлат ва бо ҳамин ба гирдоби фалокат дучор кардани халқи тоҷик буд, ба хубӣ мефаҳмид. Ӯ аз душворӣ наҳаросид, ҷиҳати рафъи он ба мардум такя кард. Бо як сарсупурдагӣ ва далерию матонат душвориҳоро қадам ба қадам паси сар карда, халқи худро ба ваҳдат наздик мекард, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеиро мегузошт.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар баробари ҷашни Истиқлолият барои миллати мо мартаба ва манзалати баланд дорад. Ваҳдати миллӣ тавонист, ки ҳам истиқлолият ва ҳам миллати моро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад. Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва дар ҳама ҷо барои тақвият ва рушди он саҳмгузор бошем. Ман гумон мекунам, ваҳдат он чизе нест, ки мо шодмонӣ кунем, ваҳдат ин кори ҳаррӯзаи мо – тоҷикон мебошад.
Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки роҳҳои байни минтақаҳои мо кушода шуд, додугирифт байни ҳамдигар дар байни минтақаҳо хеле зиёд гардид. Ин рафтуомадҳо, додугирифтҳо, байни ҳамдигар хештуборӣ барқарор кардан ҳама аз натиҷаи ваҳдати сартосарии тоҷикон мебошад. Ва ин ҳама аз иқдомҳои Президенти мамлакат аст, ки кадрҳои як минтақаро дар минтақаи дигар роҳбар таъин мекунанду ба ин васила мардумро якдилу якмаром менамоянд. Ин ҳама натиҷаи ба миллат табдил ёфтани мо мебошад, ки зери Ваҳдати миллӣ ҳамфикру ҳамақидаву ҳамзамир шудем. Бигзор миллати тоҷик фарҳангҳои миллию маҳаллии худро дошта бошад, ин хуб аст, аммо ин ҳама боз ба ҳам биоянд, мо хеле пеш меравем. Ин ҳама гулҳои гуногуне ҳастанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мерӯянд, агар ҳамаи онҳоро мо ба ҳам биёрем, як гулдастаи бисёр зебое месозем, ки Ваҳдати миллӣ ном дорад.
Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон яъне Ваҳдати милли вазифаи аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд:
“Мову Шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” .
Ҳамагон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст фарҳангпарвар ва созанда мебошанд. Мо насли истиқлол бояд, ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатоги роҳ надиҳем ва як хатои мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишвари азизу маҳбубамон мегардад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо наметавонем аз ватану модар, ва номуси худ ҳифз намоем.