ТОҶИКИСТОН ХОНАДОНИ ҶОВИДОНИ ВАҲДАТ АСТ

0 1

Ҷамоат зӯр шуд аз нури Ваҳдат,

Балоҳо дур шуд аз нури Ваҳдат.

Шабони тор рафта боз аз нав,

Саҳар манзур шуд аз нури Ваҳдат.

Басо содиқона ва бо табъу завқи эҷодии хеш ваҳдатро дар шеър тасвир намуда, он эҳсоси шодиву фароҳмандиеро, ки дамидани ин субҳи деринтизор насибашон гаштааст, рӯйи коѓаз овардааст, шоираи замони истиқлол Раънои Мубориз.

Бисту ҳашт сол пеш аз ин, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ниҳоят марҳилаи душвору вазнин ва пурихтилофе ба поён расид. Дар ҳаёти давлатдории тоҷикон як саҳифаи тозаву парсафо оѓоз гардид.

Парокандагии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳаллу гурӯҳҳо ва паси сангар пайи қасди якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун нав Истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азимеро мемонад.

Маҳз бо шарофати саъю талош ва фидокориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ѓаму андуҳу ноумедӣ ва ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд. Ин тантанаи бузурги ѓалабаи некӣ бар бадӣ буд, ки халқи тоҷик гарму ҷӯшон ва ботантана истиқбол гирифтанд.

Мардум шукргузорӣ аз Сарвари давлати хеш Эмомалӣ Раҳмон мекарданд, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ ҷангу ҷидолҳо, нооромиҳоро хотима бахшида, тарафҳоро ба созиш оварад. Ваҳдат ва муттаҳидии миллатро мароми асосии кори худ дониста, ҳама кӯшиш ва ѓайраташро барои якпорчагӣ ва тинҷию амонии халқу кишвар равона сохт.

Ҳуҷҷати тақдирсози сулҳ рамзи воқеии боҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардид. Миллати тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кохи бегазанди Ваҳдати миллиро устувор бунёд намуд ва роҳи ояндаро ба сӯйи татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ оѓоз кард.

Ҳиммати баланди бахшандагӣ ва ақлу заковати фозилонаи Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард.

Ин падидаи нодир таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва моро дар арсаи байналмилалӣ бори дигар чун миллати мутамаддину ватандӯст муаррифӣ намуд.

Албатта, таҳкурсӣ, пойдевори ин ваҳдати бузург ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб гузошта шуда буд. Чуноне, ки шоире гуфтааст:

Ибтидои ваҳдати мо рӯзи Истиқлоли мост,

Иди истиқлоли фардо накҳату иқболи мост.

Ин Иҷлосияи тақдирсоз тарафҳои мухолифро ба ҳам овард ва роҳи минбаъдаи тоҷиконро ба сӯй Ваҳдати миллӣ нишон дод. Имзои Созишномаи Истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки 19-уми ноябри соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд,он рӯзҳоро ба ёд оварда, аз ҷумла чунин хотирнишон намуданд: «Иҷлосия дар давраи мураккабтарин авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат, беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид». Дар ҳақиқат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он айём як манзараи ҳузнангезеро дошт, маҳз бо шарофати фарзандони фарзонаи миллат, хусусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ вазъият ба эътидол омад…

Ин тантанаи бузурги ғалабаи некӣ бар бадӣ буд, ки халқи тоҷик гарму ҷӯшон ва ботантана истиқбол гирифтанд. Баъд аз Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд. Аммо душманони дохиливу хориҷӣ намехостанд, ки тоҷикон дар як фурсати кӯтоҳ ба сулҳ бирасанд. Онҳо зиндагии осоиштаи мардумро пайваста халалдор мекарданд.

Дар он лаҳзаи тақдирсоз, ки Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт, Худованд фарзанди фарзонаеро роҳбари давлати тоҷикон сазовор донист, ки бо нахустин суханронияш дар ин Иҷлосия дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун нишони садоқат ба халқу ватан парчами мамлакатро бӯсида, савганд ёд карда буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона, ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

Воқеан ҳам замоне, ки ин суханон баланд садо доданд, мардуми овораю бенавою раҳгумзада дар симои ӯ наҷотбахши худ, ситораи роҳнамои Ватану миллати худро диданд.

Сарвари давлат пайваста ҷаҳду талош мекард. Замоне ҷони худро ба хатар гузошта, декабри соли 1996 ба Хусдеҳи Афғонистон парвоз кард, бо мақсади ба Ватан бозовардани гурезагон ва бо роҳбарони мухолифин мулоқот кардан. Бори дигар исбот намуд, ки ӯ ба ваъдааш: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро осуда тасаввур карда наметавонам», устувор мемонад. Сафари Сарвари Давлатро ба Афғонистон ҷуръати хос ва фидокории нодире номиданд.

Ин марди боҷуръатро дар андак муддат тамоми олам чун шахсияти серғайрати дар сар андешаҳои поки ватандӯстонадошта ва ташаббускору сулҳпарвар шинохт. Тарсу ҳарос аз ӯ дур шуда буд. Тайёр буд, ки барои ба савганди худ содиқ мондан ҷон ба хатар гузорад. Дар ҳар куҷо, ки мерафт, тухми Ваҳдат кишт менамуд. Ҳамаи монеаҳоро паси сар кард. Нуфузу обрӯяш дар олам боло гашт.

Барқарор намудани сулҳ дар саросари кишвар, фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ хизмати бузург ва қаҳрамони беназири хурду калони халқи тоҷик буда, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ақлу заковати бемисл ва ҷоннисориву роҳнамоии Сарвари кишвар аст.

Воқеан, сабру таҳаммул, ақлу хиради азалӣ моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Душманони миллати мо интизори аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат буданд. Бо заҳмату талошу муборизаи фарзандони фарзонаи Ватан кӯшишу ғайрати миллати тамаддунофар дар сарзамини мо сулҳу Ваҳдат тантана кард.

Сарвари кишвар дар яке аз баромадҳояш гуфта буданд: «Меарзад, ки бо чунин халқ ифтихор кунем ва ин гуна миллатро тоҷи сар намоем! Зеро чунин миллати шикастнопазир, сарбаланд ва хирадманд арзандаи самимитарин муҳаббату эҳтиром ва сазовори мақоми шоиста дар ҷомеаи башар аст,»

Шукргузорӣ аз бисту ҳаштсолагии Ваҳдати миллӣ мекунем ва ин санаи фархундаро васфу тараннум менамоем.

Чуноне, ки шоири замони истиқлол, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Миёни мову ту ваҳшат набошад,

Гуноҳе мӯҷиби нафрат набошад.

Илоҷи иллати носури миллат,

Ба ҷуз ваҳдат,ба ҷуз ваҳдат набошад.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

китобдори китобхонаи МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.