ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ИТТИҲОДИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК

0 4

Бо сипарӣ гаштани 28 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ он рӯзгоронро ҳоло ҳам пеши назар дорем. Воқеан, ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастоварди давлатдории миллӣ ба шумор меравад, аммо ин ҳама осон ба даст наомадааст. Дар роҳи барқарории ҳокимияти қонунӣ ва сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои хастанопазир анҷом дода, давлати навини тоҷиконро ба шоҳроҳи тараққиёт раҳнамун карданд.

Бобати аҳамияти ин санад ва модели сулҳофарии тоҷикон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муҳаққиқону муаррихон, роҳбарони давлатҳо, сарварони ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ андешаҳои хешро зиёд изҳор доштаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки қадру манзалати сулҳи мо баробар ба Эъломияи Истиқлоли давлатист. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Нобасомонӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси аз байн рафтани иқтисодиёти ватанӣ, таназзули тамоми сохторҳои давлатдорӣ гардид. Беш аз 150 ҳазор сокини кишвар куштаву 1,5 миллион гурезаҳо дар дохил ва хориҷ сарсону саргардон монданд.

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро чунон ки борҳо изҳор намудаам, дар натиҷаи халалдор гардидани иттиҳоди миллӣ ва авҷ гирифтани мухолифатҳои дохилӣ гузаштагони мо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлату давлатдории бузурги худро, ки дар таърих бо номи давлати Сомониён машҳур аст, аз даст дода буданд.

Бо ҳукми тақдир ормони беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон дар интиҳои асри ХХ амалӣ гардид ва мо аз нав соҳиби давлати мустақили худ шудем. Вале, мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Ва чунон ки ҳамагон дар хотир доранд, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва пора гардида, аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.

Хушбахтона, бо ташабусу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор намуд, ки имрӯз аз он айём 28 сол сипарӣ мегардад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос шуд. Солҳои 90-уми асри ХХ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи басо душвори бунёд ва мустаҳкам намудани сулҳу субот маҳсуб меёфт. Зеро аз як тараф муқовимати тарафҳои ба ҳам муқобил (ҳукумати конститутсионӣ ва мухолифин), аз тарафи дигар тарҳрезии консепсияи оштии миллӣ сурат мегирифт. Дар ин раванд пеш аз ҳама сайъу талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хоҳишу иродаи халқ мусоидат намуд, то ки ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила ба якдигарфаҳмиву сулҳу салоҳ қадам монанд. Ин марҳила як нав санҷиши ҷиддӣ буд барои кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон.

Имрўзҳо, баъди гузашти айём, дастовардҳоро дар роҳи Ваҳдати миллӣ таҳлил намуда хулоса кардан мумкин аст, ки миллати тоҷик дар самти сулҳофарӣ ба ҳадафи олии худ расидааст.

Барои ҳар як давлату халқ сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард мебошад, бидуни ваҳдати миллӣ ба рушди иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидан амри маҳол аст. Халқи тоҷик хушбахтона, роҳи дурусти тараққиёти худро дарёфт, ба фикри мо амалӣ намудани равиш ва усулҳои ҷараёни сулҳофарӣ дар ҷумҳурӣ, хомўш намудани ҷанги таҳмиллӣ ва расидан ба истиқрори сулҳ ва вахдати миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама СММ, ОБСЕ ва ғ. эътирофи худро ёфтааст.

Ҳалли низои тоҷиконро имрўз ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Хушбахтона дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон (соли 1992) ақли солим ғалаба кард ва вакилони мардуми ба бахти тоҷикистониён сарвари сулҳофар — Эмомали Раҳмонро ба сари кудрат оварданд. Ҷумҳурӣ марҳилаи хеле ҳассосро аз сар мегузаронид, бесарусомониву беҳокимияти ҳукмрон буд, ки дар илми сиёсатшиносӣ онро охлократия меномиданд. Ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта буд. Дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ дастаҳои алоҳидаи мусаллаҳ амалиётҳои ҷангиро идома медоданд. Дар чунин шароит Эмомалӣ Раҳмон ба фаолияти роҳбарӣ шурўъ намуда, масъалаи истиқрори сулҳ ва эҳёи Точикистонро ба мадди аввал гузошт.

Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад.

Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

Халқи тоҷик дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд.

Дар он рӯзгор ду девори бегазанд — девори сиёсии мамлакат, ки дар симои Исмоили Сомонӣ ва девори маънавӣ дар шахси устоди шоирони Аҷам – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва вазирони донишманде, чун Ҷайҳонӣ ва Балъамӣ таҷассум ёфта буд, дар заминаи ҳамин андешаи хирад ва фарҳангсолорӣ қомат афрохт.

Бузургтарин нерӯҳои эҷодии он айём ва давраҳои баъдтар, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Саноиву Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои бузург ва дигарон аз ҷумлаи сайқалдиҳандагон ва нерӯбахшони андешаи миллӣ буданд.

Дар давраҳои минбаъда ва хусусан асри бистум низ ба миллати мо муяссар гардид, ки сарфи назар аз фишору маҳдудиятҳои идеологӣ андешаи миллии худро нигоҳ дорад ва онро то дараҷаи муайян инкишофу таҳким бахшад.

Дар ин давра андешаи миллӣ ва ҳувияту худшиносии тоҷикон дар ҷасорати илмиву бадеии устодони илму адаб – Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва кору пайкори фарзандони содиқи миллат, чун Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур ва дигарон густариш ва бозтоби равшан пайдо кардааст. Бешак, Ваҳдати миллӣ ба халқу давлати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз бо қатъият метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст.

Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.