ТАРБИЯИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ-АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

0 3

«Ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи маориф ҳар як корманди соҳа, пеш аз ҳама устодону омӯзгорон, инчунин падару модаронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҳамаҷониба дода, барои ояндаи неки насли наврас, яъне фардои ободу осудаи ҷомеа заминаи боэътимод гузоранд».

                      Эмомалӣ Раҳмон

Фарзандон, новобаста аз он ки кӯдак, бача, наврас ё ҷавон ҳастанд, ҳамеша ба тарбияву маслиҳат эҳтиёҷ доранд. Ба назардошти маъно тарбия мазмуни ислоҳ карданро дорад. Падару модари ғамхор ҳаргиз номи фарзандро доғдор намекунад, ӯро ба роҳи талбандагию гадоӣ ё фаҳш намеандозанд. Балки фарзандро ба роҳе, ки мувофиқи матлаб аст, тарбия мекунанд, то дар давраи камолот низ вай аз он берун наравад Бо нармсуханӣ ва насиҳати нек тарбия кардани фарзанд, камоли маърифатнокӣ мебошад, зеро сухани дурушт, хашму ғазаби падару модар ба сари фарзанд ӯро ба маъюсӣ, шикастарӯҳӣ ва афсурдаҳолӣ мекашад. Ҳикмат омӯхтани фарзанд аз тарафи падару модар василаи наҷоти ӯ дар зиндагӣ мебошад.

Тарбияи фарзанд муҳимтарин рисолати падару модар ба ҳисоб рафта, он аз нахустин рӯзҳои тавлиди инсон, тибқи тадқиқоти тиббию равоншиносӣ, ҳатто дар батни модар оғоз меёбад.Ташаккули шахсияти кӯдак маҳз дар муҳити оила, дар муҳити одамони наздик шуруъ мешавад. Ҳамаи волидон ба андозае бояд педагог бошанд. Одатан, қисме аз падару модарон нисбат ба кӯдакон ғамхориро дар хӯрондану пӯшондани онҳо мефаҳманду бас. Ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки ғамхориҳои моддӣ наметавонад таваҷҷуҳи доимии маънавиро нисбат ба кӯдак иваз намоянд. Аз ин рӯ, волидон ба намуд ва рафтори зоҳирии фарзанд диққат дода, аҳамият намедиҳанд, ки дар қалби ӯ чӣ дигаргуниҳо рӯй медиҳад.

Педагоги машҳури рус, профессор В. А. Кан-Калик (1946-1991) мегӯяд, ки «дар кори тарбия ҷараёни ташаккули тасаввуроти кӯдак дар бораи худаш аҳамияти калон дорад». Ин ақидаи дуруст аст, яъне мо дар кӯдак кадом тасаввуротеро, ки нисбат ба худаш пайдо кунонем, дар оянда ӯ ҳамон хел хоҳад шуд Одатан падару модар кӯдакро то сини 2 то 6 солагиаш зуд-зуд сарзаниш мекунанд. «Ту нодон, танбал, фиребгар! ва ғайра. Дар мактаб бошад, агар кӯдак аз ӯҳдаи иҷрои коре набарояд, омӯзгор мазаммат мекунад: «Кундзеҳн, бесавод, бефаросат! Ҳамин тавр, бо амали нодурусти худ мо, тарбиядиҳандагон сафи «мушкилтарбияҳо»-ро зиёд мекунем.

Баръакс, ин ҷо мо бояд асоси мушкилотро баррасӣ намоем, роҳи ҳал ва ҷавоби дурусташро аниқ кунем, пеши роҳи вайроншавии ахлоқи кӯдакро гирифта тавонем, ба ӯ тарзе ёрӣ расонем, ки ӯ ба кирдори худ бо чашми дигар назар афканад. Яъне бо вуҷуди он, ки кирдори кӯдак хуб нест, ӯ метавонад инсони хубе шавад ва кӯшиш мекунад, ки ҳамин тавр бошад. Зарур аст, ки ба кӯдак дар бораи арзишҳои маънавии инсонӣ, нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа мунтазам ва гуворо суҳбат кунем. Ин гуна суҳбатҳона панду насиҳатомез, балки тавре гузаронида шавад, ки кӯдакро ба фикркунӣ водор созанд ва ӯ дар худаш мавҷудияти хислатҳои ҳамидаи инсониро ҷустуҷӯ намуда, роҳҳои ташаккули онҳоро ба таври худтарбиякунӣ муайян кунад.

Дар шароити имрӯза масъалаи тарбияи ахлоқии наврасон хеле муҳим арзёбӣ шуда, дар назди омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа масъулияти бузургро пеш мегузорад. Ин вазифаи басо душворро, пеш аз ҳама омӯзгорон, аҳли илму адаб ва падару модарон ба ӯҳда доранд. Камолоти маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии ҳар як фард вобаста ба таълиму тарбияи ӯст. Дар раванди таълим омӯзгор бояд дараҷаи тайёрии касбӣ ва маълумоти психологию педагогии худро мунтазам баланд бардорад. Қисмат ва қимати инсон ба ҷидду ҷаҳд, заҳмату талоши ӯ вобаста аст. Ҳар кӣ заҳмату ранҷ бурд, комёб хоҳад шуд, ҳар кӣ коҳилию беҳавсалагӣ кард, ноком аз ҷаҳон хоҳад гузашт. Бешак, рӯзгори инсон ва ҳаёти ҷомеа ба василаи таълим ва дониш пеш хоҳад рафт ва тараққӣ хоҳад кард.

Дар ин рӯзҳо яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин масъалаҳоее, ки кишвари мо ва аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, раванди таълиму тарбияи насли наврас ва сатҳи одобу ахлоқи онҳо ба шумор меравад. Ба фикри мо, омили асоси дар ин ҷода надонистани қадру манзалати дониш, коҳилӣ ва беҳавсалагист. Дар сурате зиндагии онҳо рӯз то рӯз беҳтар хоҳад шуд, ки дониш омӯзанд, таълим гиранд ва дониши худро мунтазам такмил диҳанд, вагарна…Ҳикмате дар байни мардум маълуму машҳур аст:

Фарзанди хуб — боғи падар ,

Фарзанди бад- доғи падар.

Аз воситаҳои тарбиякунандаи инсон сухан аст ва дигаре китоб мебошад. Кореро, ки китоб мекунад, дар гумон аст, ки воситаи дигар иҷро карда тавонад. Сиёсатмадор ва олими бузурги тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров гуфтааст: «Сухан ҳам мисли лашкар муқтадир аст ва метавонад қуллаҳои муродро фатҳ кунад ва ё оламу одамро валангор созад».

Ба фикри банда, яке аз сабабҳои коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задании иддае аз онҳо, беаҳамият ва бемасъулиятии падару модарон мебошад Дар хотир бояд дошт, ки мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ гуфтааст:«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар як нақш ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар он бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Аз ин лиҳоз, чунин мешуморам, ки омӯзгорон ва аҳли маориф дар назди худ вазифа гузоранд, ки ба шогирдони худ донишҳои замонавиро ҳарчи амиқтар омӯзонанд ва онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани донишу маърифат, риояи одобу ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намоянд. Инсон маҳз ба шарофати тарбия ташаккул меёбад, ба камол мерасад, соҳибхирад ва накӯкору хушниҳод мешавад Тарбия неруи тавоно ва инсонсоз мебошад. Бе тарбияи комилу ҳадафманд шахс ба кӯи мурод, ба қуллаи мақсуд, ба орзуҳои неки худ расида наметавонвад, дар нимароҳ, балки гумроҳ мемонад. Тарбия ҷанбаҳои гуногун, самту ҳадафҳо дорад. Дар маҳфилҳо вобаста ба мақсад, дар дарсҳо вобаста ба мавзӯъ, дар суҳбатҳо вобаста ба ҳадаф ба намудҳои тарбия эътибор дода мешавад. Дар ташаккули насли наврас тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, далерию шуҷоат, дӯстиву рафоқат бартарӣ дорад. Пеш аз ҳама барои тарбияи насли наврас чунин роҳҳоро зарур мешуморем:

1.Омӯзиши афкори насли наврас;

2.Фароҳам овардани имконоти рушди онҳо;

3.Муҳайё намудани омилҳое, ки ба неруҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузоранд;

4.Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо;

5.Имкониятҳои бештари иштирок дар корҳои азнавсозии ҷомеа.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

китобдори китобхонаи МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.