НАҚШ ВА МАВҚЕЪИ ОИЛА ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА 0 3 Мубодила кардан Бояд зикр намуд, ки бо иқдому дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдории оила ва ҳамчун рукни пойдории давлат эътироф шудани он як зумра санаду қонунҳои дахлдор ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2015 дар ҷумҳурӣ – Соли оила эълон гардид. Нақши оилаи дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кудакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати хешро ҷо накунад, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ ин надоштани шахсият ва бенажодии инсонро гувоҳӣ медиҳад. Оилаи устувор ниҳоди муҳими пешбарандаи ҷамъият аст. Аз ин рӯ мустаҳкамии оила, маърифату маданияти волидон дар инкишофи насли наврас ҳамчун узви ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Пойдевори оилаи бо муҳаббату меҳр, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бунёд гардида, устувор мебошад. Ба ақидаи олимон фарзанд дар чунин муҳит сарбаланд, қавиирода, босадоқат, боимон тарбия меёбад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти шахс, қабл аз ҳама, аз муҳити оила сарчашма мегирад. Ҳеч кас аз ибтидо комил ва рушдёфта ба дунё намеояд, шахс дар муҳити оила аввалин тасаввурот оид ба давлат, президент, қонун, рамзҳои сиёсӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд, ки дар ин самт нақши волидон, яъне оила хеле назаррас мебошад. Дар баробари волидон давлат низ талош менамояд, ки институтҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ он маърифатеро ба насли наврасу ҷавон таълим диҳанд, ки ба ҳифзи суботу амният ва рушди минбаъдаи ҷомеа кўмак намояд. Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, солҳои ибтидои 90-уми садаи бист бинобар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ оилаҳои тоҷик шароити вазнини иҷтимоиву иқтисодиро паси сар намуд. Аз таълиму тарбия дур мондани наврасону ҷавонон вазъияти оиларо мушкилтар гардонид. Шароити вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ ва нооромии сиёсӣ таъсири худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дар навбати ба раванди тарбия насли ҷавон расонид. Бо вуҷуди он ки Тоҷикситон аз соли аввали истиқлолият роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявиро пеш гирифт, фазои сиёсии дохилӣ ва набудани таҷрибаи деморкатия дар кишвар барои омода намудани насли нав ба низоми нави сиёсӣ монеа мегардид. Дар шароити гузариш аз як низом ба низоми дигари сиёсӣ, интиқоли арзишҳо, меъёрҳо ва институтҳои сиёсӣ аз як насл ба насли дигар бисёр мушкил гардид. Аз байн рафтани идеология ва ба холигии идеологӣ дучор гардидани ҷомеа, шароити вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ раванди иҷтимоъгароии сиёсиро душвор менамояд. Муҳити оила барои рушди солими кӯдакон ва некуаҳволии тамоми аъзои он нақши муҳим дорад. Мавҷудияти ҳама гуна хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ, ки ба рушди ҷомеа ва кишварҳои мо таъсири манфӣ мерасонад, набояд таҳаммул шавад. Аз ин рӯ, барои решакан кардани хушунати ҷинсӣ ва пешбурди баробарии гендерӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, амалисозии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи ин лоиҳаи фарогир мубориза бо зӯроварии гендерӣ, ҳамчунин, тавонмандсозии занону духтарон аст, то ҳуқуқҳои онҳо риоя шаванд. Паёми калидии Стратегияи коммуникатсионӣ: «Оила макони меҳрубонӣ, муҳаббат ва эҳтиром аст». Нақшаи амалисозии он истифодаи паёмҳои асосӣ ва шабакаҳои иттилоърасонии гуногунро барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва тағйир додани рафтору муносибати ҷомеа пешбинӣ кардааст. Ин тадбирҳо ба шаклгирӣ ва нигаҳдории амалу рафторҳои мусбат дар сатҳҳои инфиродӣ, байнишахсӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд. Дар сиёсати ҳуқуқию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи танзими муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳтироми байниҳамдигарии аъзои он диққати махсус дода шудааст. Дар банди 1 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри арзишманди “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад” гувоҳи он аст, ки давлат масъулияти соҳаи иҷтимоиро ба зимма гирифта, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро меандешад. Дар ин замина, қонунгузории оилавӣ як қатор вазифаҳоро дар худ касб намудааст, ки барои таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва баланд бардоштани мавқеи он ҳамчун институти муҳимтарини ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”. Дарвоқеъ, оила дар ҳаёти инсон волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост, зеро шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, ҳамаи он дидаву шунидаҳояшро ҳамчун замина қабул карда, вориди ҷомеа мегардад. Ояндаи фарзандон аз шахсият, обрӯю эътибори волидайн ва таъсири онҳо вобастагии калон дорад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб рафта, олитарин намунаи ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила ба ҳисоб меравад ва дар ҳаёти инсонӣ нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд. Инчунин, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки яке аз принсипҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тақозо менамояд, ки нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои дорои ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд бардошта шавад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди нахустини иҷтимоишавии инсон бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи ватан саҳми босазо дошта бошад. Вобаста ба ин, оила дар иҷрои вазифаи тарбиявии худ бояд масъулияти баланд дошта бошад. Имрӯз густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсири худро расонида истодааст. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро дар тӯли садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад. Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад. Мояи ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҳунармандон низ як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки ин тадбир барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии оилаҳо нақши муассир хоҳад гузошт. Валиева Ҳусниябону мудири кафедраи “Забони ва адабиёти тоҷик”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 3 Мубодила кардан