ДАСТОВАРДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ 0 5 Мубодила кардан Дар таърихи ҳар як миллат фарзонафарзандоне ҳастанд, ки баҳри истиқлолияту ваҳдат, эҳёву рушди илму фарҳанг ҷоннисориҳо менамоянд, ки номашонро дар саҳфаҳои таърих бо хатти зарин сабт месозанд. Насли ояндаи он миллат корнамоиву шуҷоат, ҷонбозиву ҷоннисории онҳоро дар қиссаву ривоятҳо ба некӣ ёд мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин қабил қаҳрамон ва абармардони миллати тоҷик буда, барҳақ метавон гуфт, ки асосгузори давлатдории муосири тоҷик мебошанд. Идоракунии давлат бар пояи сиёсати ҳадафмандона ва дақиқ тарҳрезишуда ва сарвари шуҷоъу далер ва хирадманд ҷомеаро ба саодат мерасонад. Арасту сиёсатро дар маънои этимологии он «санъати идоракунии давлат» номидааст. Тавсифи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатдорӣ ва идоракунии он фаъолияти густурдаи ба арзишҳо ва донишҳо, маҳорат ва истеъдод асосёфта ё худ санъатро тақозо менамояд. Дар чунин шароити вазнин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба сарваре ниёз дошт, ки дар роҳбарӣ ва идоракунӣ маҳорат ва истеъдоди баланд дошта бошад.Чунин сарвари ҷасуру нотарс ва хирадманд ёфтан дар он давра хеле вазнин буд. Дар чунин вазъияти вазнин ва хеле хатарнок роҳбарияти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон афтод. Воқеияти замони интихоби мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамчун сарвари давлат чунин буд, ки мардум ба оянда чандон эътимод надоштанд. Аз ин рӯ, бисёр олимон ва ходимони маъруфи ҷамъиятӣ ва онҳое, ки пеш аз ҷанг дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, барои пазируфта шудан ба узвияти ҳукумати нав розӣ набуданд. Баъзеҳо дар бораи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат пешгӯиҳои ноумедона доштанд, зеро нимаи аввали солҳои 90-ум дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи тағйирёбии зуд-зуди ҳукуматҳо маъруф аст. Аз он ҷумла, дар давоми соли 1992 ду Президент ва панҷ Ҳукумат иваз шуда буданд. Аммо, бар хилофи пешгӯиҳо ва интизориҳои ноумедон ва душманон, роҳбари нав устувории хосса нишон дод ва тавонист мавқеи ниҳоди сарвариро мустаҳкам кунад, ҷомеаро муттаҳид созад, ба пешрафт ва инкишофи ҷомеа хусусияти устувор диҳад ва ба созгорӣ ва субот дар ҷомеа ноил гардад. Яке аз омилҳои таъминкунандаи самаранокии идоракунӣ дар таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат сифатҳои шуҷоатманд, нотарс, инсондӯст, ва адолатпеша будани ӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ тавонист манфиатҳои шахсии пайравонашро ба хотири ҳифзи якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани сулҳ ба манфиатҳои миллӣ тобеъ кунад. Ҷанг фоҷиа аст ва сабаби муҳоҷират мегардад. Дар ана ҳамин ҷанги фоҷиабор дар солҳои 1992- 1993 аз руи маълумоти Сарраёсат оид ба гурезагони Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 850000 нафар гурезаҳо ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз ин 600-700000 нафар гурезаҳо дар дохили кишвар ва боқимонда ба хориҷ ( 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Русия, Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон) фирор карда буданд. Дар тӯли фаъолияти хастагинопазиру заҳматҳои шабонарӯзӣ ин марди фозил воқеан, истиқлолияти давлатро барқарору устувор кард, дар истиқрори сулҳу вањдат, тинҷию амонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқи кишвар саъю кӯшиши беназир ба харҷ дод. Ин фидокориҳо, бешубҳа, ҳар як фарди ҷомеа ва шахси ватандӯсту ҳақҷӯро водор месозад, ки ибтикороти бесобиқа ва фаромӯшнашаванда, ҳоди- саҳои гуногун, мушкилиҳои ҳаёт ва фаъолияти пурсамари кориро дар пешрафту ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ба ёд оварад, дар хотир нигоҳ дорад ва онҳоро сармашқи амали минбаъдаи худ қарор бидиҳад. Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст. Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ қаҳрамони ҳамаи арсаҳо ҳастанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаашон кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуд. Аз ҷумла, ба рушди маънавиёти ҷомеа, илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳоло мо ба дурустӣ дарк менамоем, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро низ ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар ибтикороти роҳбурдие ба шумор мераванд, ки дар зинда кардани хотираи таърих, эҳёи дигарбораи мероси фарҳангии оламшумули тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Талошҳои камназири Сарвари давлат дар пиёда намудани чунин иқдомот агар аз як сӯ, барои муаррифии шоистаи мероси илмию фарҳангӣ, таъриху тамаддуни тоҷикон бошад, аз сӯи дигар, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, ба уҳда гирифтанд ва дар як муддати кутоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд. Бо кӯшишҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз вартаи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, чун давлати ободу зебо дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гашт. Хушбахтона бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман мардуми меҳнатдуст ва сарбаланди тоҷик, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз яке аз масъалаҳое, ки барои мондагории чеҳраи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик мусоидат намудааст, ҳамин омил мебошад. Зеро баъди ҳазор сол имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад, ки тоҷикон бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намоянд. Бинобар ин Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид. Инчунин, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд. Барои мисол мо метавонем аз барқарорсозӣ ва бунёди Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар ёдовар шавем. Яъне ҳолати мазкур бе дарназардошти меросбарӣ аз давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз пояи сифр оғоз карда шуд, ки дар ин ҷода низ иродаи қавӣ ва мавқеи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон хело барҷаста мебошад. Масъалаи бунёди мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба даст омадаанд. Латипов Сафаралӣ Шералиевич Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 5 Мубодила кардан