ГИЁҲДАРМОНӢ ВА ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ДАР ТОҶИКИСТОН: МЕРОСИ ҚАДИМ БО АРЗИШҲОИ НАВИН

0 2

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати бойу ғании худ на танҳо сарчашмаи обҳои ширину ҳавои тоза аст, балки захираи беназири гиёҳҳои шифобахш низ ба шумор меравад.

Гиёҳдармонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи ҳазорсола дошта, реша дар анъанаҳои мардумӣ ва донишҳои қадимаи тибби шарқӣ дорад. Имрӯз, дар замоне ки мардум бештар ба табобати табиӣ рӯ меоранд, нақши гиёҳҳои шифобахш дар ҳаёти сокинони кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъхкид менамоянд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш онро ба манфиат истифода баранд.

Аз ҷумла, дар яке аз суханронияшон гиёҳҳои шифобахши кишварро аз сарватҳои бебаҳои кишвар арзёбӣ намуданд.

— Дар баробари ин, гиёҳҳои шифобахш, гулҳои рангорангу буттаҳои ороишӣ ва обҳои софу зулоли кишварамон низ аз сарватҳои миллии мо маҳсуб мешаванд, — баён доштанд Сарвари давлат.

Ё ин ки дар ҷойи дигар чунин гуфтабуданд: “Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад”.

Анъанаҳои гиёҳдармонӣ дар фарҳанги тоҷик

Аз замонҳои қадим, ҳикмат ва донишҳои табибони мардумӣ дар Тоҷикистон аз насл ба насл мегузаштанд. Табибон, ки аксаран хонаводаҳояшон низ табиб буданд, дарк мекарданд, ки ҳар гиёҳ на танҳо дар ҳолати хом, балки дар вақти муайян ва бо усули дуруст ҷамъоварӣ кардани он таъсири табобатӣ дорад. Онҳо медонистанд, ки баъзе гиёҳҳо танҳо саҳро ҷамъоварӣ мешаванд, баъзе дар фасли баҳор ва баъзе танҳо дар фасли гармо хушк карда мешаванд.

Истифодаи гиёҳҳо на танҳо барои табобат, балки барои пешгирии бемориҳо ва нигоҳдории саломатӣ истифода бурда мешавад. Масалан, дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам чойи гиёҳӣ бо шибит, райҳон, зира ё чормағз — на танҳо барои мазза ва хушбӯӣ, балки барои фоидаовар буданаш истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз миқдори умумии гиёҳҳои шифобахшу доруворӣ қариб 1,5 ҳазор намуд маълум буда, зиёда аз 70 намуди онро Вазортаи тандурустӣ барои доруворӣ тавсия намудааст. Айни ҳол дар кишвар 23 намуди гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои доруворӣ, аз қабили чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, чоқула, ҳазорис­панд, тахач, газанда, амонқара, бӯймодарон, зарпошша, раҳдавак, ширинбия, камоли бадбӯй, татум, сиёҳалаф, шибит, хуч, қот (смородина), зирк (зелол), адрасмон, ангат (ҷангалхор), мушхор ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд. Ба таври маъмули қисме аз гиёҳҳоро барои табобат таври тару тоза ё хушконидан ва дар шакли ҷӯшоб, чой, шира, афшура, шарбат, хока, қиём, марҳам ва қисми дигарро ҳамчун иштиҳоовар ва болаззаткунандаи хӯрокҳои миллӣ истифода мебаранд.

Инчунин мувофиқи маълумотҳо, аз 350 ҳазор намуд растании навъи олӣ 12 ҳазор намуди онҳо доругӣ мебошанд. Дар дунё беш аз 100 ҳазор навъ дору (даво) мавҷуд буда, зиёда аз 30 ҳазор навъи он аз растанӣ тайёр мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 4500 намуди растаниҳои гулдор мавҷуданд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои илмӣ, аз ин миқдор 2700 намуди растанӣ ба сифати растаниҳои фоидаовар (хӯрокворӣ, равғандиҳанда, рангдиҳанда, асаловар ва шифобахш) истифода бурда мешаванд.

Барномаҳои ҷорӣ дар ин самт Марказҳои тибби халқӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии мутахассисони донишманд фаъолият мекунанд, дар табобати бо гиёҳҳо саҳми назаррас доранд. Ин марказҳо барои ҳар шахс тибқи ҳолати саломатӣ гиёҳҳои мувофиқ пешниҳод мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ “Оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ” қабул гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ҳукумати мамлакат барои зиёд намудани истеҳсол ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш чораҳои заруриро дар ин самт меандешад. Аз ҷумла, як қатор барномаҳо барои истифодаи бамавриди гиёҳҳои шифобахши кишвар қабул гардидааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 170 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ гардонидани Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014” қабул гардид, ки барои иҷро намудани он мақомоти гуногуни давлатӣ вазифадор шуданд. Ин гуна барномаҳо метавонанд ба рушди гиёҳдармонӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба ин соҳа мусоидат намоянд.

Афзоиши таваҷҷуҳ ба гиёҳдармонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

Ҳамзамон, зикр кардан бамаврид аст, ки дар солҳои охир, гиёҳдармонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад. Ба гуфтаи СҶТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ), зиёда аз 80% аҳолии кураи замин ҳанӯз ҳам барои эҳтиёҷоти аввалияи тиббӣ аз гиёҳҳо истифода мебаранд.

Ин равия ба Тоҷикистон низ таъсир гузоштааст: ҷамъоварӣ ва содироти гиёҳҳои шифобахш ба хориҷ, омодасозии маҳсулоти фитотерапевтӣ, таҳқиқоти илмӣ ва истеҳсоли намудҳои чой ва равғанҳои табиӣ — ҳама нишондиҳандаи рушди ин соҳа ба шумор мераванд.

Эҳтиёткорӣ дар гиёҳдармонӣ

Бо вуҷуди фоидаи зиёд, гиёҳдармонӣ бояд эҳтиёткорона ва боманфиат истифода шавад. Баъзе гиёҳҳо метавонанд бо доруҳои кимиёвӣ ҳамдигар таъсир дошта бошанд ё барои баъзе гурӯҳҳои одамон (масалан, занони ҳомила, кӯдакон, ё шахсони гирифтори бемориҳои дил) зарар дошта бошанд.

Аз ин рӯ, истифодаи гиёҳҳои шифобахш бояд бо маслиҳати мутахассис сурат гирад. Дар ҳолати нодуруст истифода бурдан, ҳатто гиёҳи муфид метавонад боиси заҳролудшавӣ гардад.

Бояд зикр намуд, ки гиёҳдармонӣ як бахши муҳими мероси фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки ҳам табобат ва ҳам пайванди инсон бо табиатро ифода мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иқлими гуногун ва табиати нотакрор аст, имкониятҳои васеъ барои рушди ин соҳа мавҷуданд, ки бояд онро пурсамар истифода бурд.

Чӣ гунае, ки Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, захираҳои табиии кишвар бояд бо эҳтиром истифода ва муҳофизат шаванд. Ҳамзамон, таълими дуруст, таблиғоти илмӣ ва рушди фитотерапия метавонад ба беҳтар шудани саломатии ҷомеа ва рушди иқтисоди сабз дар кишвар мусоидат намояд.

Абдураҳманова Ҳалима Ҷураевна

Омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.