ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ҲАМПАЙМОНӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 6

«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», — зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба инсоният аст, дар фазои сулҳу субот таҷлил гардид. Наврӯзи имсола бо шаҳомату таҷаллӣ ва ҳаводиси таърихии он барои халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон махсусияти хоссаро дар худ таҷассум намуд. Чунки ин ҷашни қадимӣ дар шаҳри Хуҷанди бостон 31 марти соли 2025 бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо намоиши барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар баргузор гардид.

Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.

Тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳхоҳанд. Мардуми мо дӯстиро авло медонад, зеро саодати зиндагии инсонҳо дар дӯстӣ, ваҳдат, эҳтироми якдигар аст.

Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Аз ин хотир ҳар яки мо бояд барои рӯзгори ширин, гуворо ва пурсаодат ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошем.

Беҳуда бузургони илму маърифатамон аз қадимулаём дӯстиро тарғибу ташвиқ накардаанд. Чунончӣ, Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Вобаста ба ин таъкиди шоир ниҳоли душманиву кинаву адоват ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард. Ягона чизе, ки боиси оромии дил ва шодиву нишот мегардад, дӯстӣ ҳаст!

Имрӯз низ мардуми тоҷик дӯстиву ваҳдатро шиор ва пешаи худ қарор додааст. Ҳар яки мо эҳсос намуда истодаем, ки иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишварамон дар роҳи рушди босубот қарор гирад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохурии се ҷониба қайд намудаанд, ки Узбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Аз ин рӯ, дар рафти мулоқоти сатҳи олии ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмӣ оид ба ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон гузориш доданд.

Муносибатҳои дипломатие, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон барқарор шудаанд, муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, эътимоду боварӣ ва муносибатҳои иқтисодиро байни кишварҳои бо ҳам дӯсту ҳамсарҳад мепайванданд. Давоми асрҳо халқҳои ин кишварҳо ҳамкорӣ намуда, мероси муштараке офаридаанд, ки то имрӯз аҳаммияти худро нигоҳ медорад. Имрӯз ин мероси таърихӣ барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳим боқӣ мемонад. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон кӯшиш доранд, ки тавассути барномаҳои муштарак дар соҳаи илм, фарҳанг ва сайёҳӣ риштаҳои таърихиро боз ҳам мустаҳкам намоянд.

Чуноне, ки Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ва шароити таърихӣ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн барам, Ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедонистам» иброз намуда буд.

Президенти Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омадан бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам” ҳамеша ба ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ халқи худ ва мардуми аҳли сайёра тасмиму иродаи қавӣ дар замири худ нигоҳ дошта, дар тамоми сиёсатҳои худ, барои таҳкими ваҳдат ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бо роҳҳои дипломатӣ кӯшиш намуда, пайваста ҷоннисориҳо мекунад. Яке аз намунаҳои равшан талошҳои пайвастааш ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад, ки дар давоми солҳои охир бо ташвиқу тарғиби афроди нобарору нобакор боиси нофаҳмиҳо миёни мардуми ҳар ду кишвар шуда, қариб буд, ки ҳар ду ҳамсоя ва дӯстро ба ҷангу ҷидол кашида, хоку хун яксон намояд.

Вале тавассути роҳбарии оқилона, хираду ҷасорат, сабру садоқат ва риояи манфиатҳои миллӣ роҳбарони ҳар ду кишвар, ба хусуси Президенти Тоҷикистон бо унвони доштаи худ чун Асосгузори сулҳу ваҳдат роҳи сулҳро пеш гирифта, санаи 12-13 марти соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом дода, ба хотири ҳифзи наслҳои оянда сулҳу аҳдномаи дӯстӣ баста, заминаро барои таҳкими амну субот дар минтақа кафолати ҳаёти орому осуда фароҳам омад.

Мавқеи Пешвои миллат дар самти равобити мутақобила бо кишварҳои ҳамҷавор, пешбурди сиёсати ҳусни ҳамсоягӣ ва вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳон дар даврони истиқлолият яксон боқӣ мондааст. Усули сиёсати хориҷии мо, ки аз баромади аввалин дар Маҷмааи Умумии СММ сулҳҷӯёна арзёбӣ мегардид, то ҳол баръало возеҳ мебошад. Дар рафти муносбат бо кишварҳои минтақа маҳз устувории дипломатияи тоҷик дар симои Пешвои он заминаи рушди тадриҷии ҳамкориҳо гардидааст.

Роҳи сиёсату давлатдорие, ки Эмомалӣ Раҳмон тай намуданд, роҳи садсоларо мемонад. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат, ташаббусҳои созандаву некбинонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мардуми сайёра ба Тоҷикистон бо назари эътимод ва эҳтиромона менигаранд.

Валиева Ҳусниябону

мудири кафедра “Забони ва адабиёти тоҷик”-и “МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.