Баъд аз гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷикӣ, моҳи майи соли 1940 12-қоидаи имлои забони мо ҳам ба ин алифбо мувофиқ карда шуд, аз 21-уми январи соли 1941 қарор оид ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» қабул гардид.
«Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ» собит месозад, ки ҳанӯз забони адабӣ ба таври муайян шакл нагирифта буд ва дар он иштибоҳоти дастурӣ дида мешуд. Садриддини Айнӣ мегӯяд: «Имлочиёни мо, ки аз ин хусусияти забони тоҷикӣ хабар надоранд, дар навиштан ҳам ҳарфи «б»-и монанди калимаҳои мазкурро ба «м» табдил дода менавиштанд, бо ин корашон аз як тараф хусусияти забони тоҷикиро поймол мекарданд, аз тарафи дигар, луғатҳои бисёреро вайрон карда ба халқ пешниҳод менамуданд».
Хулоса, пешниҳоди устод Садриддин Айнӣ оид ба тарзи навиштани вожаҳои занбӯр, танбӯр, анбӯр, анбор дар шакли тоҷикии онҳо, яъне, бо «нб» на бо «мб», ки дар имлои соли 1941 вуҷуд дошт ва забоншиноси машҳури тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣҳам онро дастгирӣ кардааст, минбаъд мавриди истифода қарор гирифт.
Яке аз дӯстон ва шогирдони устод Садриддин Айнӣ Абдусалом Деҳотӣ дар ёдномааш чунин ҳикояе овардааст: «Тобистони соли 1927 як ҳамсоябоғамон тӯй дошт. Дар он тӯй устод Айнӣ ҳам иштирок доштанд. Устод ва меҳмонони дигарро ба рӯйи боғ бароварда, ба сӯфа шинондем. Он кас дарҳол аз боғдорию деҳқонӣ гап кушода, бо падарам, амакам ва ҳозирони дигар суҳбат кардан гирифтанд.
Баъд аз суҳбат ва меҳмондорӣ кардан устод ба ман муроҷиат карда гуфтанд: Баъзе «забоншиносони» забоншинос даъво мекунанд, ки мардум дар гуфтугӯй дар бобати ҷамъу муфради исмҳои беҷон бо алоқаи байни мубтадову хабар риоя намекунанд. Ман бошам, ҳама вақт мегӯям, ки ин даъво нодуруст аст. Аз гапи дадетон ҳам маълум шуд, ки агар мубтадо ҷамъ ояд, хабараш ҳам ҷамъ меомадааст. Ман аз дадетон пурсидам, ки «имсол аҳволи токҳо чӣ тавр»? Ин кас ҷавоб доданд, ки «аввали баҳор авҷашон нағз буд, дар миёна ҳаво як хунук шуда, навдаҳо карахт шуда монданд».
Дар поёни ин сухан устод ба ман як бори дигар таъкид карданд, ки забонро аз халқ омӯхтан ва ба ҳодисаҳои мусбати забони гуфтугӯ эътибор додан лозим.
Шогирди дигари устод, Пӯлод Толис навиштааст: Устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз минбар оромона, бо овози паст гап зада наметавонист, ҳамеша оташин мешуд. Аммо ман дар ин хусус фикр карда ба худ мегӯям: оре, шахсе, ки ба адабиёти советии тоҷик таҳкурсӣ гузоштааст, шахсе, ки халқи худ ва забони халқи худро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва онро, забони халқашро, панҷ панҷааш барин нағз медонист, -чунин шахс дар бораи адабиёт оромона, хунсардона гап зада наметавонист.
Садриддин Айнӣ як умр ба халқи худ содиқ буд. Ӯ тамоми ҳаёти худро ба хизмати халқ бахшид. Чунин одам ҳеҷ гоҳ намемирад ва хотираи пуршарафи ӯ ҳамеша аз партави офтоби муҳаббати халқ дурахшон хоҳад буд.
Аз ин рӯ, бо боварии тамом метавон гуфт, ки тоҷик халқи қадимиву соҳибватани Осиёи Миёна ва забонаш бо ҳамин номи шариф ҳазорон сол боз барҷову барнову гӯё будааст. Ва аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ҳиммату заҳмати пайвастаи Пешвои ватанпарвару миллатдӯсти ин халқу ин сарзамин, кишваре бо номи Тоҷикистон, халқе бо номи тоҷик ва забоне бо номи тоҷикӣ ҷовидона барқарору устувор ва хори чашми кӯрдилону тангназарон буданду ҳастанду хоҳанд монд.