ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОБШАВИИ ПИРЯХҲО

0 2

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 ҳамчун соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкили обшавии шадиди пиряхҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир мекунад, ки тағйироти назарраси иқлимро тасдиқ мекунад ва ба мушкилоти экологӣ комилан асоснок аст. Пиряхҳо 8 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ишғол мекунанд, аммо теъдоди онҳо босуръат коҳиш меёбад: аз 14 ҳазор пирях аллакай беш аз 1 ҳазораш об шудааст. Бо ибтикори сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи 21 март ҳамчун Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад, Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе соли 2025 баргузор мешавад.

Тағйирёбии иқлим, ки ин ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад дар Тоҷикистон на танҳо ба Ҷумҳури, балки ба тамоми минтақа таҳдид мекунад. Бинобар ин захираи оби тоза на дар қитъаи Осиёи маркази , балки дар тамоми минтақахои ҷахон кам мешавад. Зиёд ва камшавии пиряхҳо пеш аз ҳама бо шароити ғизогири ва обшавии онҳо вобаста аст. Ҳаракати пиряхҳо метавонад фарсоиши хок ва манзараҳоро дигар кунад. Новобаста аз он пиряхҳо метавонанд, сабаби фоҷиаҳои табии шуда, ба оқибатҳои экологӣ оварда расонад. Тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳоро метезонад. Ҳамин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, барои рушди натанҳо як давлат, балки барои пешрафти давлатҳои ҷаҳон ва ҳифзи сайёра аз хатарҳои глобалӣ пешбини шудаанд. Олимони соҳа дар он назаранд, ки обшавии захираҳои барфу пиряхҳо метавонанд таъсири пайдарпай дошта бошанд ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонанд. Ин мушкилот дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун монеъаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои табии ва обхезиҳои шадид ҳоло дар дунё ба нақшагирӣ ва сохтмони нерўгоҳои барқии обӣ идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад. Дар Тоҷикистон сохтмони нерўгоҳи барқии обии Роғун пуриқтидортарин ва калонтарин дар Осиёи Миёна идома дорад. Ин нерўгоҳ дар баробари истеҳсоли нерўи аз лиҳози экологӣ тоза ва дастрас, инчунин дар идораи устувори захираҳои об коҳиш додани селу обхезӣ ва хушксолӣ саҳми бузург дорад. Давлатҳои пешрафтаи абарқудрати ҷаҳон ақалан ба рўҳияи як ё ду фоиз партовҳои саноатӣ ва газҳои гулханоиро ба атмосфера кам кунанд он гоҳ суръати гармшавии ҳаво коҳиш меёбад ва обшавии пиряхҳо сустар мегардад. Ин як системи даври глобалие ҳаст, ки дар ҳар чанд ҳазорсолаҳо як маротиба давр зада, аз сари нав такрор мешавад, вобаста ба иқлими ҷаҳон аст. Баланд гаштани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо на танҳо дар минтақаи мо, балки дар тамоми сайёра ба амал омад. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки коҳишёбии захираи обӣ ва коҳишёбии захираи пиряхҳо ба вуҷуд ояд ва албатта ин омил тақозо менамояд, ки ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию тадқиқоти ҷиҳати маълум намудани ҳолати мавҷудаи пиряхҳо дар сайёра як қадами ҷидди гузошта шавад. Яку якбора обшавии пиряхҳо ва дар ин замина зиёд гардидани ҳаҷми оби ҳавзаи дарёҳо дар муддати муайян метавонад боиси зиёдшавӣ ва ба амал омадани дигар офатҳои табии аз ҷумла омадани селу фаромадани ярч ва метавонад таҳдид ба ҷон манзили зисти одамон кунад. Бояд, ки аз ҷониби коршиносон ҳолати мавҷудаи захираи пиряхҳои минтақа ва ҷаҳон омўхта шуда, ҷиҳати пешгирии обшавии онҳо сари вақт чораандешӣ гардад. Хатаре, ки ба сари инсоният ба вуқўъ омада истодааст бояд пешгирӣ карда шавад.

Манзура Бобохонова

Омӯзгори кафедраи “Фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”»-и “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.