ПИРЯХҲО ВА МАВҚЕИ ОНҲО ДАР ТАБИАТ

0 12

Пиряхҳо манбаъи ниҳоят калони обҳои нӯшокӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон онҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд ҳосил шудаанд, ки дар ҷойҳои ҳарорати ҳаво доим аз 0°С аст. Аз сабабе, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ишѓол менамоянд ва қариб 50 фоизи онҳо зиёда аз 3000 м баландӣ дорад, шароити мусоидсст барои васеъ паҳн гардидани пиряхҳо. Бинобар ин кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ ба ҳисоб мсравад. Дар айни замон масоҳати умумии пиряхҳои Осёи Миёна 17000-18000 километри мураббаъро ташкил менамоянд, ки 60 фоизи он ба қаламрави Тоҷикистои рост меояд. Мувофиқи маълумоти имрӯза дар Тоҷикистон 8492 пирях вуҷуд дорад, ки он 6 фоизи қаламрави онро ташкил менамояд. Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон марказҳои зерини яхбандӣ вуҷуд доранд: қаторкӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон.

Дар қаторкӯҳхои Помир якчандто пиряхҳои калони ҳозира дар атрофи қуллаи Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Галаба, Абӯалӣ Сино ва ғайра ҳосил шудаанд. Миқдори умумии пиряхҳои Помир 1085 ададро ташкил менамояд. Аз ҷумла 7%-и зиеда аз 21 км дарозӣ дорад. Калонтарини онхо пиряхи Федченко мсбошад, ки дарозии он 77 км аст.

Дар системаи қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии пиряхҳо 1494,8км мураббаъро ташкил менамояд. Аз ҳама бузуртарини онхо) Янгидаван ва Ямонқиргин буда, онҳо дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Олой воқеъ гардидаанд. Калонтарин пиряхи қаторкӯҳи Ҳисор пиряхи Мӯра мебошад.

Дар маркази яхбандии қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҳам якчандто пиряхҳои пастхамӣ ва водигӣ дида мешаванд. Аз ҳама калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он ба 41,0 км мураббаъ баробар аст. Пиряхҳо сарвати бебаҳои ҷумҳурй мебошанд. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳаҷми захираи оби пиряхҳо 460 км’-ро ташкил менамояд. Захираи оби онҳо нисбат ба оби дарёҳо 3 баробар зиёд аст.

Пиряхҳо сеяки ҳиссаи оби солона ва қариб 50 фоизи гизои тобистонаи оби дарёҳоро медиҳанд. Мутаассифона ҳаҷми захираи ях ва масоҳати пиряхҳо доимӣ нестанд. Он вобаста ба тагйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо ин ҳодиса дар ҳар 12-15 ва тақрибан 30-70 сол дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меояд. Омӯзиши 35 солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол тагйир ёфта хурд шуда истодаанд. Аз ҷумла ҳудуди пиряхи Бивачний ва Гармо то 4 км кӯтоҳ шудаанд. Пиряхи «Хирсон» бошад 450 м поён фаромадааст. Пиряхҳои қисми гарбии қаторкӯҳҳои Пётри I, 1,5 то 7 км кӯтоҳ гардидаанд. Пиряхҳои қисми шимолии он бошад, аз 1 то 6 км кӯтоҳ шудаанд. Дар қаторкӯҳи Паси Олой пиряхҳо аз 2 то 3,5-4 км кам гаштаанд. Масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Вахш 806 км мураббаъ хурд шудааст. Дарозии пиряхи Зарафшон аз соли 1908 то с.1986 1 км кам шудааст. Пиряхи Абрамов дар давоми солҳои 1850 то соли 1984, 80 метр кӯтоҳ гардидааст.

Чунон ки маълум карда шуд, дар Тоҷикистон дар давоми 15 сол 15 пирях об шуда нест гардиданд. Онҳо аз 4 то 5 км дарози доштанд. Олимон ва тадқиқотчиён аксарияти пиряхҳои қаламрави Тоҷикистонро ба намуди лағжанда мансуб медонанд. Чунончи, ба қайд гирифта шудааст, ки пиряхи аз ҳама калони ин сарзамин, пиряхи Федченко дар солҳои 1868, 1910-1913, соли 1963 ҳаракат карда сипас дар муддати 40-50 сол аз лағжидан мондааст. Лағжиши пиряхҳо бо якчанд сабабҳо рух медиҳад: нишебии маҳал, қувваи фишори қабати нави барф (дар солҳое, ки барф аз ҳад зиёд меборад), таконхӯрии кӯҳҳо дар натиҷаи заминларза ва гайра. Дар зери таъсири ин омилҳо агар забонаи пиряхҳои барфӣ (ҳудудест, ки аз он боло ях бо суръат об намешавнд) паст фарояд, зуд об мешавад. Зеро, ки ҳарорати ҳаво аз хатти барфӣ поён нисбатан баланд мебошад.

Бояд донист, ки пиряхҳои дар пастхамӣ ҷойгиршуда қариб ҳаракат намекунанд. Пиряхҳое, ки дар нишебӣ ва водии байникӯҳӣ воқеъ гардидаанд, аз барфҳои баландкӯҳӣ ғанӣ шуда ба поён ҳаракат менамоянд, Дар ҳолати танзими табиии ҳаракати онҳо 0,3-0,8 м-ро ташкил менамояд. Пиряхи Федченко дар як шабонарӯз 0,7 м, Ҷамъияти географӣ бо суръати 0,28 м, Зарафшон бо суръати 0,25 м ҳаракат мекунанд. Аз ин нигоҳ онҳо ҳамчун захираи табиии ҷараёни дарсҳо аҳамияти калони хоҷагӣ доранд. Дар фасли тобистон, ҳангоми об шудан сатҳи оби дареҳоро баланд мекунанд, ки дар шароити иқлими континентии хушки Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикисгон барои обёрии заминҳо ва парвариши зироат ва боѓу роѓ аҳамияти калон дорад.

Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Сабабҳои пайдоиши хавфҳои экологӣ чист? Чаро ҳарорати ҳаво баланд шуд? Одамон дар чунин вазъият бояд чӣ корҳоро анҷом диҳанд? Ин мавзӯъҳои муҳим бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар маҳфилҳои Клуби «Экожурналистон» мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Имрӯз баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра ба мушоҳида расида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин, ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии одамон зарур аст. Клуби «Экожурналистон» масоили гуногуни марбут ба муҳити зист, роҳҳои пешгирӣ ва мутобиқ гаштан ба хавфҳои экологӣ, истифодаи оқилонаи захира ва сарватҳои табиатро таҳлил ва баррасӣ менамоянд. Ҷараёнҳои табиӣ ва ҳодисаҳои вобаста ба он ки дар табиат рух медиҳанд, ҳудудҳои васеъро фарогир буда, ба ҳаёти одамон, иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ ва умуман муҳити атроф таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Имрӯз тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ эҳсос мешавад. Табиати Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорост. Агар гармии ҳавои минтақаҳои ҷануби кишвар то ба 40-47 дараҷа расад, дар минтақаи Помири шарқӣ , аз ҷумла дар мавзеи Булункӯл ҳарорати ҳаво то ба 63 дараҷа сардӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар Антарктида сардии ҳаво ба ҳисоби миёна 83 дараҷа аст. Ҳарорати баланди ҳаво боиси зуд об шудани захираҳои ях шуда, ба селу ярчфароӣ ва обхезиҳо оварда мерасонад. Чунончӣ, болоравии ҳарорати гармии ҳаво дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар давраи 1-15 июли соли ҷорӣ сабаби зуд об шудани барфҳо, захираҳои ях, баландшавии сатҳи об дар дарёи Ғунд гардид. Дар ин давра ҳарорати ҳаво боло рафта, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво аз ҳарорати миёнаи бисёрсола 4+60 зиёдтар буд.

Давоми даҳрӯзаи якум ва дуюми моҳи июли соли 2015-ум дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон аз ҳисоби пиряху барф мебошад (Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Вахш, Обихингоб, Зарафшон ва шохобҳои онҳо) мушоҳида карда шуд. Дар чунин шароит хавфи обшавии пиряхҳо мавҷуд аст. Азбаски пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошанд, кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Дар навбати худ, дар дохили кишвар баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон зарур аст.

Саъдуллоева Соҷидамо Файзуллоевна

Омўзгори калони кафедраи «Химия ва билогия» МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.