ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА ДИГАР САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

0 3

Дар дунё ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об ин рушд, тарақиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи насли нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амали гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷиду ҷаҳди хешро дареғ надорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мусалам аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Вобаста ба ин дар соҳаи муносибатҳои экологӣ ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Аз ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ҳифзи об, одилонаю оқилона истифодабарии захираҳои обӣ ва ба оби тоза таъмин намудани аҳолии замин мебошад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар бартараф намудани мушкилотҳои экологӣ танҳо як кишвари алоҳида ноил шуданаш ғайри имкон аст. Дар ҳамин ҳол, барои пешгирӣ аз ин мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Ассотсиатсияи байналмилалии экологӣ буда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои мавҷудаи экологӣ бетараф набуда, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни таъсири экологиро ба инсон — табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Аз ҷумла, масоили тағйири иқлим, камбудии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, тасодуфан обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун, тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташаккул меёбад. Бо дарназардошти ин бо ибтикор ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21-уми март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ қабул ва мавриди дастгирӣ қарор ёфт.

Бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар олимони мамлакат ва ҷаҳонро вазифадор менамояд, ки дар минтақаҳо тадқиқотҳои муштараки илмӣ ва мониторингҳои доимиро ба роҳ монанд.

Ҷанбаи дигари муҳими тағирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи ивазнашавандаи дорои аҳамияти бузург барои рушди устувор, таъмини ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии сайёра мебошад.

Бинобар тағйирёбии иқлим, мушоҳидаҳои бесобиқаи ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва муайян намудани оқибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки тадқиқотҳои муҳим анҷом дода шавад. Ҷанбаи дигари муҳими тағирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи бебаҳоест, ки барои рушди устувор, таъмини ҳаёти сайёра, саломатӣ ва зиндагии мардуми сайёра зарур аст.

Айни замон дар шароити тағйирёбии иқлим дар замин, махсусан дар ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иктисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобастаанд, хеле тезутунд аст. Ташвишовараш дар он аст, ки захираи оби тоза кам шуда, солҳои охир сифати он бад мешавад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид доштанд: «Дар баробари ин мамлакати мо ба масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони мо таваҷҷӯҳи хоса дорад».

Вобаста ба масъалаҳои экологӣ, махсусан рушди соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрока зарурати беҳтар намудани вазъияти ҳозираи захираҳои пиряхҳо ва нигох доштану муҳофизат кардани онҳо аз аҳамият холӣ буда наметавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои назаррас анҷом додааст. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо анҷуманҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳими об баргузор намудааст. Ҳамзамон бо ибтикори Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2016, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид. Асоси ин талошҳо суръат бахшидан ба амалҳои соҳаи об барои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор мебошад. Бояд иброз намуд, ки ҳадафи Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои экологӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳони буда, характери олӣ доранд ва тамоми чорабиниҳо бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дурнамои миёнамуҳлат ва пешбинишудаи ин бахшро фаро мегиранд.

Мутаассифона, масъалаҳои ҳалталаби муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ суст кардааст. Ин вазъият таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан ба пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар аст.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо оид ба иқлими об Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад.

Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (Душанбе, дар реҷаи виртуалӣ) 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ ва камшавӣ, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.

Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои таваҷҷуҳ ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуда, хазинаи махсуси байналхалкии муҳофизати пиряхҳо ташкил карда шавад ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо соли 2025. дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антони Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол карда, дар он Пешвои Миллатро ба муносибати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шодбош намуда, афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар пешбурди ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ҷонибдори фаъоли ҳалли масъалаҳои таъмини мардум бо оби тоза ва мубориза бо тағйири иқлим мебошад.

Ҳамин тариқ дар асоси гуфтаҳои боло муҳақиқон бояд барои ҳифз ва нигаҳдории пиряхҳо, ки манбаи захираи асосии оби тоза ба ҳисоб меравад, обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, пешгирӣ ва раванди коҳишёбии онҳоро таъмин намоянд Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, онро мақсадноку самаранок истифода барем ва ба фарзандону пайвандони худ фарҳанги истифодаи онро омӯзонем.

д.и.т Азиззода З.А.Директори МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба ном Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.