МОДАР БУЗУРГТАРИН МУҶАССАМАИ ГӮЁИ ЗИНДАГИСТ

0 4

Модар ва муҳаббати ӯ ҷаҳонро иқрор намудааст, ки дарёи хушкнашавандааст. Модар қалбе дорад, ки ҳама гуна эҳсосотро дар худ ҷой дода метавонад: муҳабат, меҳр, ранҷиш, бахшиш, интизорӣ, ҳимоят, ноумедӣ, умедворӣ ва дигар эҳсосотҳои аз ин ҳам болотару амиқтару фарохтар.

Имрӯзҳо ҳавои Ватани азизи мо чун чеҳраҳои модарон, хоҳарон, фарзандон ва бонувони азизи мо гарму офтобиву нурбор аст.

Дар ҳамаи суханрониҳову паёмҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии занону модаронро ситоиш намуда, таъкид месозанд, ки нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз аз қадимул айём аҷдодони мо ба ин олиҳои зиндагӣ арҷгузорӣ менамуданд.

Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.

Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.

Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

Модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки асоси маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни давлатӣ бо фармони № 632 аз 6 марти соли 2009 «Дар бораи Рӯзи модар» эълон карда шудааст.

Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад.”

Дар шароити муосир, таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ ва оилавӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, таҳкими мақоми модар дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии модарон яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа мебошад.

Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.

Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. “Имрӯз бонувони тоҷик, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”, — иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Пешвои миллат нақши занонро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва давлатӣ муҳим шумурда, дар Паёми хеш вобаста ба саҳми занон дар ҳаёти кишвар чунин баён намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.

Воқеан, имрӯз зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст. Ва таҷрибаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ситоишу тавсифи зан-модар чунин андешаронӣ кардааст: «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст». Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, меҳрубон, ғамхор, дуогӯ, мушфиқ, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Ҳакиме дар бораи моњияти зан овардааст: «Он лавҳ аз шишаест, ки шаффоф буда ва ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо мадоро бо ӯ муносибат кунӣ, дурахшҳояш афзун мешаванд ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шуда мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастҳояш бар ту сахт мешавад ва агар аҳёно ҷамъаш кардӣ, беҳис бинӣ. Байни шикастҳояш фосила мемонад ва ҳар мавқеъ даст ба марҳалаи шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад. Зан инчунин аст, пас онро нашикан».Дар суханони ин ҳаким маъниҳои зиёде ҳаст, яъне зан бо нафосати худ мисли оина зебо, озода, тоза буда, зоҳиран шаффофу пок ҳаст, ки дар он тамоми зебоиҳои дунёро бубинӣ ва ботинан поку беолоиш аст, меҳрубонию муҳаббати хосаш дар умқи табиати худ қудрати бузурге дорад, ки бори дунёро мегунҷонад. Табиист, ки фарзанд аз рӯзи таваллуд то лаҳзаҳои охири зиндагӣ ба ёди модар аст, зеро ҳар шахс роҳи рости ҳаёт, покизагию назокат, гуфтору рафтор,некиву накӯкорӣ, одобу муомила, вафодориро маҳз аз модар меомӯзад.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан” Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд. Бале, ба дурустӣ, ки баракати зиндагӣ аз домони пурфайзи модар маншаъ мегирад. Дасти дуои модар мисли обест, ки дар решаи дарахт мерезад ва боиси сабз шудан мегардад. Барои ҳар яки мо модар нахуст, қаҳрамони ҳаёт ва маънии асосии зиндагист.

Нуруллоева Сарвиноз

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.