НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 1

Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ тамоми самтҳои асосии ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мавқеи занон дар ҷомеа таъкидҳо намуданд. Натиҷаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки имрӯзҳо шумораи занон дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фисадро ташкил медиҳанд. Инчунин ба занону бонувон барои пешбурди кор ва фаъолияташон дар панҷ соли охир маблағи қарзӣ ба миқдори 12,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст ва ин бори дигар собит менамояд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ба бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии занону духтарон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки: «Мо, ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамин эътимоду боварӣ аст, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик мавқеи худро дар ҷомеа соҳиб мебошанд ва дар баробари мардон дар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ хизмат мекунанд ва барои пешравии кишвар нақши калидиро мебозанд. Ҳар як Паёми Пешвои миллат ба мо бонувон нерӯи тоза бахшида, масъулияти моро дучанд менамояд. Мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати занро дар ҷомеа баланд арҷгузорӣ намуда аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ менамояд. Шахсан дар Паёми имсолаашон қайд намудаанд, ки «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем». Воқеан, имрӯзҳо бонувони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, тандурустӣ, фарҳанг ва саноат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон дар ин баробар онҳо дар рушду нумуи оила низ нақши бузургеро доранд, ба тарбияи фарзандон машғул буда, аз самими қалб кӯшиш менамоянд, то ки насли ояндаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба воя расонанд. Сарвари давлат ин нуқтаро ба назар гирифта, қайд намудаанд, ки: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муққаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тамоми шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам оварда, ҷалби бонувонро ба мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои сиёсати дохилии худ қарор дод. Хушбахтона, имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону духтарон дар он шуғл наварзанд.

Тавре дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, имрӯзҳо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки дар замонҳои гуногуни таърихӣ фақат занони бомаърифат ва қавиирода тавонистаанд, барои расидан ба ҳадафҳои созанда, пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ ва бартараф намудани андешаҳои догматикӣ талош варзанд. Онҳо барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқҳои хеш муборизаи зеҳнӣ ва ҳатто муборизаи ҷисмонӣ мебурданд. Зеро маҳз шахси бомаърифату соҳибмаълумот метавонад нерӯи асосии пешбарандаи дилхоҳ кишвар гардад.

Ҳамин тавр, нақши занон дар марҳилаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ басо муҳим аст. Аз давраи антиқа сар карда, то замони муосир занон новобаста бар он, ки пойбанди қонун ва низоми давлатдории даври хеш дошта бошанд, ҳам тавонистанд, нуфузи нотакрори хешро дар масоили басо муҳими рӯзгор ба сомон расонанд. Ба вижа занон саъю талош намуданд, ки дар ҷомеа муносибатҳои иҷтимоиро дар соҳаи илму оила ва иҷтимоъ ҳифз намоянд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат дар замони муосир яке аз масоили мубраме, ки боиси омӯзиш қарор гардидааст ин таҳкими мавқеъ ва нуфузи занон нақши муассир дошта, Пешвои миллат ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.

Мутобиқи Паёми имсолаи Пешвои миллат самти иҷтимоӣ бахусус таҳсили духтаронро дар мадди аввал қарор медиҳад. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Марказӣ барномаҳои байналмиллалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 % духтарон мебошанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Пешвои миллат бо ифтихор қайд карданд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки барои боло бурдани мақоми занон шароити мусоид фароҳам оварда, баробарии гендериро дар сатҳи сиёсати давлатӣ таъмин кардааст. Ин талошҳо, бояд идома ёбанд, то ки ҳар як зан ҳамчун модари меҳрубон, тарбиятгари насли нав ва ҳамзамон, як қувваи созанда дар ҷомеа тавонад фаъолият намояд.

Дар суханрониҳо махсус таъкид шуд, ки модар ҳамчун сутуни асосии оила дар нигоҳдории анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ нақши бузург дорад. Пешвои миллат ишора намуданд, ки модарон бо меҳрубонӣ ва хиради худ метавонанд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбият кунанд. Барои ин, бояд на танҳо шароити иқтисодии оилаҳо беҳбуд ёбад, балки муҳити мусоиди ахлоқиву фарҳангӣ низ фароҳам гардад.

Президенти кишвар инчунин ташаббусҳои навро дар самти таҳкими дастгирии иҷтимоии занон ва оилаҳо пешниҳод карданд ва таъкид намуданд, ки рушди ҷомеаи босубот ва шукуфон танҳо вақте имконпазир аст, ки ҳар як зан, модар ва духтар ҳуқуқу имкониятҳои баробар дошта бошад.

Дар ин Паём нақши оила ҳамчун асоси ҷомеа ва макони ибтидоии ташаккули инсон муҳим арзёбӣ шуд. Пешвои миллат изҳор дошт, ки таҳкими оила на танҳо масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванд, балки вазифаи муқаддаси давлат аст. Танҳо бо тарбияи оилаҳои солим ва устувор ҷомеа метавонад ба пешрафту шукуфоӣ ноил гардад.

Паёми Пешвои миллат як навъ даъват ба арҷгузорӣ ба мақоми Зан – Модар, оила ва аҳамияти онҳо дар пешрафти умумии кишвар буд. Ин суханрониҳо бори дигар нишон доданд, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон занон ҳамчун неруи асосии иҷтимоӣ, хирад ва меҳру муҳаббат қадр мегарданд ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ҳамеша дастгирӣ хоҳад ёфт.

Сангова Шарафнисо

Омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.