Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.
Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Зеро хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Гузашта аз ин, ашъори зиёди гузаштагони номдори мо, ки ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳат, матонат ва садоқати занону духтарони тоҷик бахшида шудаанд, дар давоми садсолаҳо вирди забони мардум ҳастанд ва дар авроқи заррини таърих абадӣ боқӣ мондаанд.
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.
Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва бебадал мебошад.
Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Вақте модар мегӯем ин фақат як калима нест, балки уқёнуси бекаронест аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият, садоқат, раҳмат, бахшиш, илм ва маърифат аст, ки бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунем. Худованд ҳастии инсонҳо ва бақои аҳли башарро ба воситаи модар амалӣ менамояд. Модар мӯъҷизаи илоҳист ва танҳо мавҷудаст, ки моро қабл аз ба дунё омадан ҳамроҳӣ мекунад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамдаму ҳамнафаси мост.
Модар ҳастиашро ба фарзанд мебахшад, ҳамеша ба ёди ӯст ва мисли гаҳвараки чашм муҳофизаташ мекунад. Дар ғаму нороҳатии ҷигарбандаш нотобу гирён мешавад ва дар шодию муваффақияти ӯ хушҳол ва ашки шодӣ мерезад. Оғӯши гарму саршор аз муҳаббати модар ҳамеша паноҳгоҳи амну бехатар барои фарзандаш мебошад.
Мардуми фарҳангофару маънавиятгустари тоҷик аз қадим ба қадру манзалати волои модар арҷмегузоштанд ва ин анъанаи аҷдодӣ то ба имрӯз аз ҷониби меросбарони он ҳамчун арзиш, як фазилати поки инсонӣ ба ҷо оварда мешавад. Зеро, модар аст, ки ба зиндагии ҳаррӯзаимо насли имрӯзи миллат хушиву фараҳ ва шодӣ зам мекунад. Як табассуми ӯ бароямон як олам маъноро дар мағзамон меғунҷонад. Модар аст, ки ҳар рӯз ба мо неру медиҳад, раҳоӣ аз мушкилоту монеаҳои рӯзгор мегардонад.
Шинохти модар, муаррифии бузургманишии ӯ дар ҳама давру замон аз масоили муҳимми мутафаккирону донишмандон, сиёсатмадорону дигар андешамандон қарор дошт. Махсусан, агар ба саҳифаҳои дурахшони таърих чашм андӯзем ҳазорҳо ҳикматҳои ноб, гуворо ва арзишманд нисбати ин олиҳаи зебоӣ дидаҳоро нуронӣ менамоянд. Мазмуни ҳар як сухан, ҳар як ҳикмат як ҷаҳон маъноро дар худ таҷассум медорад. Аз ҷумла, Наполеон барҳақ зикр дошта буд, ки “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”.
Ба андешаи Пегуве “Модар ягона офаридгорест дар рӯйи замин, ки худошиносон намедонанд”. Бузургманишии модарро як андешаманд бо номи Кулриҷ басо рӯзмарра тавсиф карда, нигошта буд: “Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳонаст”. Ё худ меҳрубонию хоксорӣ ва самимияти доштаи модарро Муҳаммад Ҳиҷозӣ ба эътибор гирифта, менависад, ки “Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст”. Шоири соҳибқалами тоҷику форс Амир Хусрави Деҳлавӣ бошад, ранҷу машаққате, ки модар дар бузург кардани фарзанд мекашад ба риштаи назм кашида, дар ду мисраъ як олам маъноро ғунҷоиш медиҳад:
“Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид”.
Донишманди дигари маъруфи тоҷик Абдулқодири Бедил низ дар домони поки модар бузург шудани фарзандро зебо тасвир карда менависад:
“Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Аз суханони Балзак бошад, ба мазмуни “Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед” масъалаи қудрати офарандагӣ доштани модар ва муҳаббати самимиаш нисбат ба фарзанд ошкор мегардад.
Вақте ки вожаи муқаддаси Модарро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмӯъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад.
Куруши Кабир, ки аз нахустин шоҳаншоҳони бузург ва тамаддунофари башар маҳсуб мешавад, дар яке аз васиятномаҳои худ ба фарзандону наздиконаш амр кардааст, ки дар ҳама кор ва дар ҳама ҳолат нахуст фармонбардори модар бошанд. Ба раъйи ӯ амал намоянд ва ҳеҷ гоҳ аз фармудаи модар сар напечанд. Ин ривояти замони дур моро водор месозад, ки ба қадру манзалати модар расем ва ба гуфтаи нависандаи маъруфи рус Максим Горкий “сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар”-ро қадр кунем ва ӯро чун гавҳараки чашм гиромӣ дорем.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар олами илму адаб эҷоди модарномаҳо ё худ ситоиши модарон ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар кадом дорои мавқеи муносиб ва рангу таровати ба худ хос мебошанд. Аз ҷумла, китоби “Модар”-и Алексей Максимович Горкий, модарномаҳои шоири шаҳири Эрон Эраҷ Мирзо, устодон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қосим ва дигарон аз ҷумлаи беҳтарину мондагортарин осор дар ин замина маҳсуб мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ низ, роҷеъ ба бузургдошти модарони азизамон пайваста ҳарф зада, ба мақому манзалати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан-модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо барои наслҳои инсоният доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд”.
Ҳамаи ин таъкидҳо барои онанд, ки ҳар бузургмардро модар ба олами ҳастӣ меорад, тифли ҷигарбанди худро ба камол мерасонад, барои ташаккули ҳамаҷонибаи ӯ тамоми ҳастиашро мебахшад ва маҳз ҳамин заҳматҳои модар аст, ки фарзандони бонангу номус номи модарони азизи хешро абадӣ мегардонанд.
Мо дар симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсони рӯи замин ҳаётро офаридааст. Модар аввалин устоди башарият аст, зеро зан-модар бо шири сафедаш фарзандро ба воя расонида, ба ӯ шеваи роҳ рафтан, ҳарф задан ва одам буданро меомӯзонад. Пуштибоне боэътимодтар аз модар дар тамоми дунё вуҷуд надорад. Танҳо зан-модар аст, ки мисли фариштаи нигаҳбон дар тамоми ҳолатҳо аз фарзанди дилбандаш пуштибнӣ карда, ҳаргиз ӯро танҳо намемонад.
Модар мавҷуди дарёдиле, ки умри худро, вақти худро, ҷони ҷавони худро баҳри фарзанд сарф мекунад. Инсоне, ки мӯйи қатрониашро барои фарзанд сафед мекунад. Фариштаи эҷозкоре, ки ба якмавҷуди дигар зиндагӣ мебахшад.
Шовалиева Қурбонби
Омӯзгори калони кафедраи “Химия ва биология”