АНДЕШАИ БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ЗАН-МОДАР

0 14

Дар дунё гармтар аз меҳри модар, ҷонбахштар аз шири модар, ширинтар аз ҳарфи модар ва пурҷозибатар аз меҳри модар чизи дигаре нест. Воқеан, модар вожаи муддас аст. Чун ин вожаро талаффуз менамоем, пеши назар симои шахсе пайдо мегардад, ки саропо нуру зиёст. Вуҷудаш ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад.Ин нур равшанибахши роҳи ҳаёт аст. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин ва муқаддастарин шахс дар олами ҳастист. Меҳри гарму беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамом саховатмандона нур мепошад,

Домони поки модар ҳамаи бузургони дунёро парвардааст. Бесабаб нест, ки аз пайғомбарон сар карда, то машҳуртарин уламову шуаро дар васфу ситоиши зан-модар беҳтарин дурдонаҳои худро суфтаанд, ки ин ҷо мехоҳем чанде аз онҳоро оварем.

Саъдии бузургвор — муаллими ахлоқ канори модарро биҳишт номидааст:

Канору бари модари дилпазир,
Биҳишт асту пистон дар он ҷӯйи шир.
Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва, дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.
Калимаи “модар”, ки аз панҷ ҳарф иборат аст, ба назари ман, ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои “модар”-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад, қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад.
Мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургон биҳиштро зери пои модарон қарор додаанд.
Нақши модар дар ҳаёт басе муҳим аст, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар – ситораест дурахшон, ки дар шаби зулмот бо қалби саршор аз меҳру муҳаббаташ ба оламу одам рӯшанӣ мебахшад. Модар – ягона шахси мунису ғамхор барои мост. Модар – гулест баҳорӣ, ҳамеша хандону шукуфон, ки аз таровати пурнакҳаташ машоми муаттари биҳишт мерасад.
“Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад”, – гуфтааст нависандаи фаронсави Оноре де Бальзак дар васфи модар.
Модар – сарчашмаи муҳаббати беканор, махзани ганҷи фарзанд ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Модар – бонуи хонадон, офтоби тобон, таскинбахши қалбҳо ва нусратбахши аҳли башарӣ. Модар – ҳастият баракати зиндагист, қудумат пайроҳаи хушбахтист. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Ризои Худованд дар ризои падару модар ва хашми Ӯ дар хашми онҳост.
Паёмбари акрам (с)
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.
Иқболи Лоҳурӣ
Зан ҳамеша синни худро аз таърихи никоҳ ҳисоб мекунад, на аз таърихи таваллуд.
Эрҳард
Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст.
Наполеон
Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад.
Ҳеродот
Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
Ҳервед
Зан барои он офарида нашудааст, ки вуҷуде пуч ва беҳуда бошад ва танҳо ба дарди зинат ва тафриҳи мард бихӯрад.
Смойлз
Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.
Шиллер
Худписандии занҳо бузургтарин иллати бадбахтии онҳо ва нобудии хонаводаҳост. Ҳеҷ чиз ба андозаи худписандии занҳо бунёди хонаводаҳоро вайрон накардааст.
Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
Барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.
Мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.
Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад. Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд.
Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.
Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.
Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.
Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи барқи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат, соҳаҳои энергетика, молияву бонкдорӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат махсус таъкид карда шуд.
Дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зан-модар ва духтарони тоҷик, хусусан дар деҳоти мамлакат арзёбӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохуриҳои худ қайд намудаанд, ки модарони шарафманди тоҷик ва бонувони матиниродаи мамлакат минбаъд, низ дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, барои мусоидат ба рушди деҳоти Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбият, соҳибилм ва соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасози давлату миллат садоқатмандона талош менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки занону бонувони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд, дар таҳияи қонунҳои мутобиқ ба талаботи давру замон дар сатҳи парлумони касбии мамлакат, тарбияи фарзанд, мусоидат ба солимии ҷомеа, танзими ҷашну маросим, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхона ва ҳунаромӯзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон нақши назаррас гузоранд.

Ятимова Рухшона

Омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.