ЧАКАН. РАМЗ, НАМОД ВА НИГОРАҲОИ ТАЪРИХИ ДАР ЧАКАН

0 23

(Андешаҳои таърихи дар бораи пайдоиш ва рушди ҳунари чакандӯзӣ дар минтақаи Кӯлоб)

Кӯлоб аз шаҳрҳои  бузурги Точикистони имрӯз ба ҳисоб меравад, ки таърихи рангину кадима дорад.  Ва ҳангоми тадқиқотҳои таърихӣ дар сарчашмаҳо бо номи Хатлон ёд шудааст, ки   вокеъ дар байни ду руди   Панҷу Вахш ҷой гирифта аст.   Кӯлоб дар таърих бо хусусиятҳои хоси худ маъруф буд. Аз ҷумла,  бо урфу одатҳо, таъриху фарҳанг,  табиату бойигарӣ, донишмандону шоирон, истеҳсолоту тиҷорат,   аспхои хушзоти  хуб  ва мардуми қавииродаву сипоҳсори  худ машҳури кишвархои Хуросону Мовароуннаҳр будааст. Дар натиҷаи тадқиқотҳо ва ковишҳои таърихи ҳамаи ин хусусиятҳо таввасути рамзу намодҳо ва осори боқимондаи мардум  ба мо расидаанд.

Намодҳои таърихию фарҳангии минтақаи Кӯлоб имкони офаридани рамзҳоро дорад. Дар тули таърихи осори то ба имрӯз расидаи мардуми ин минтақа рамзҳои хосеро доро мебошад. Бахусус, рушди санъати бадеӣ ва ҳунармандӣ аз давраҳои хеле қадим руш карда буд, ки то ҳол диқати бостоншиносонро ҷалб менамояд. Аз ҷумла, гулдузӣ, заргарӣ, кашидадӯзи кордсозӣ, кулолгарӣ, меъморӣ, мисгарӣ, ресмонресӣ, санъати кандакорӣ, ресмонресӣ ва жанри  ҳунарҳои Фалак ва ѓайраҳо мебошанд.

Пайдоиш ва такомули нақш дар таърих зуҳури тасодуфӣ набуда, он аз ҷумлаи қадимтарин навъи эҷодиёти бадеии инсон ба шумор меравад. Нақшофаринии инсон зери таъсири зуҳуроти табиӣ бо дарккунии ғоя ва мафҳумҳои дар тасаввуроти инсон пайдошуда ва табдили минбаъдаи онҳо ба образҳои мантиқию рамзӣ асос меёбад. Аз ин нукта бармеояд, ки асоси шаклгирии нақшро на таассуроти беруна, балки ғоя ва мафҳумҳои дар тасаввуроти инсон бавуҷудомада ташкил медиҳанд, ки ӯ тавассути онҳо ҷаҳонро дарк менамуд ва ин дарккуниро дар шакли нақшҳо дар ашёҳои гуногун меофарад.

Дар бораи таърихи пайдоиши матоъ ва либос бозёфтҳои бостоншиносӣ низ маълумот медиҳанд. Матоъҳо бинобар аз маводи нарм – пахта, абрешим, нахи зағирпоя ва ғайра бофта шудан, дуру дароз боқӣ намемонанд, алалхусус дар зери замин пӯсида нест мешаванд. Бовуҷуди ин, дар муҳити хушк ва мусоид баъзан матоъҳо зиёда аз ҳазор сол низ метавонанд боқӣ монанд. Масалан, бостоншиноси тоҷик Х. Муҳиддинов дар яке аз гӯрҳои гӯристони қитъаи Иттифоқи Фархор пораи либоси кӯдаконаеро ёфт, ки дар он тасвири шоху барги дарахт ва ду паранда дӯхта шуда буд. Ин пораи либос ба асри 2- 1 п.м. мансуб мебошад ва ин қадимтарин намунаи куртаҳои гулдузии тоҷикӣ мебошад. Тавре ки мебинем, ин матоъ 2100 сол дар зери хок хобида, напӯсида боқӣ мондааст. Рамзҳое, ки дар ин либос тасвир шудаанд то ҳол дар намуди либоси қадимаи чакан дида мешавад. Аз ҷумла, тасвирҳои баргу паранда яке аз рамзҳои муҳими либоси чакан аст, ки табиати сабзу серпарандаи ин кушаи диёрро ифода мекунад.

Аз муъҷизаи дигари ин сарзамин, ки бо ҳамин рангу сурат хосса будааст, чакани кӯлобист. Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Аслан гулдӯзиҳои минтақаи Кӯлобро чакан меноманд. Чакан бештар баландранг буда, косагулҳои онро баъзе муҳаққиқон рамзи эзиди қадимаи Митро — таҷассумгари офтоб медонанд. Аммо агар бодиққат назар кунед, «Чакан» аз унсурҳо иборат аст. Масалан, офтоб — нур ва ҳарорат аст, нишонаҳои ҷовидонӣ ва об рамзи таваллуд, ҳосилхезӣ ва тароват мебошанд. Хатҳои мавҷдори кабуд умри дарозро нишон медиҳанд. Тасвири қаламфур рӯҳҳои бадро метарсонад ва аз чашми бад муҳофизат мекунад. Вобаста ба минтақаи зист ва расму русум, чаканҳо аз рӯи дӯхт, нақшу нигор ва рангубор аз ҳамдигар тафовут дошта, дар рӯзгори халқ мавқеи хосаро касб намудааст.

Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини кӯҳан, чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», “Мадор”, «Рашидӣ» ва «Кашф» шаҳр додаанд. Калимаи “чакан”-ро бошад бо калимаҳои «чеканит», “чеканка” -и русӣ ва “чакома” -ву “чакомак” -и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан – ин нақш аст. Ин мафҳум, аз ҷумла дар  «Бурҳони қотеъ» ба шакли «чакин», «чикин» ва дар «Ғиёс- ул — луғот» ба шакли «чикин» омадааст. Шарҳи ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» чунин аст: «Навъе аз кашида ва заркашдӯзӣ ва бахиядӯзӣ бошад ва ҷомаву қабоеро, ки чунин дӯхта бошанд, «чакиндӯзӣ» гӯянд»

Ховаршиноси маъруфи тоҷик  устод Зафар Мирзоён(Ёдаш гиромӣ бод) дар тадқиқотҳои дар бораи чакан ба чунин андега дошт: Дар луғати этимологии забони русӣ (М.Фасмер, «Этимологический словарь русского языка», М, 1987) вожаи «чекан» — и русиву украиниро баргирифта, аз калимаи «чакуш» донистаанд. Ин вожашиноси доно бар он аст, ки сайри таърихии вожаи «чакуш» чунин сурат гирифтаст, ки он нахуст аз забони форсӣ (асолатан форсӣ — авастоӣ) ба туркӣ гузашта, дубора дар шакли дигаре ба забони форсӣ баргаштааст (луғати номбурда, саҳ. 325). Дар луғати мазкур, ҳамчунон, феъли «чикат» шарҳ дода шудааст, ба маънии «плести», яъне бофтан.

Бо вуҷуди мавҷудияти гулдӯзӣ ва нақшдӯзӣ дар сарзамини паҳновар  намунаи чакан бо нафосат ва фарогирии андешаҳо фарқкунанда мебошад. Маҳсули дасти гулкорони кулобиро метавон бо шеър ва ѓазал дар матоъ қаламдод кард. Як олами воқеӣ ва тахаюлӣ, ки бовару андешаҳои беш аз ҳазорсоларо дар худ нигоҳ медорад. Ҳатто ҷузъиётеро, ки миёни халқҳои дигари ориёӣ фаромӯш шудаанд.  Аз ҳамин ҷост, ки гулдӯзиҳои тоҷикӣ мавриди омӯзиши як зумра олимон аз қабили А.Бобринский, Н.Белинский, З.А. Широкова, Н. Юнусова, М.Рӯзиев, Л.Додхудоева ва дигарон қарор гирифта, 700 намуди нақшу нигорро муайян намудаанд. Онҳоба се гуруҳи асосӣ — ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо карда шудаанд.

Нигораҳои чакан  яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ҳамин тавр, 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумита ҳифзи мероси фарҳангии ѓайримоддии Юнеско – идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чакан ба феҳристи мероси фарҳангии ѓайримодии башарият шомил карда шуд. Ин иқдоми наку   бори дигар шаҳодат  аз ҳунару санъати баланди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои  чакан, дар нигаҳдории ҳувияти миллии тоҷикон, ки глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста    дорад.

Нуруллоева С.А. – муовини директор оид ба таълим;

Иброҳимов С.Т. – Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.