Тоҷиконро аз қадиммулайём ҳамчун миллати соҳибтамаддуну бомаърифат ва бофарҳанг мешиносанд. Китоб аз қадимулайём барои мардуми тоҷик ҳамеша муқаддас буд ва ҳаст. Китоб манбаи дониш ва чароғи ақл, рӯшноии дил ва калиди дари ҳама кор бар оламу одам аст. Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳон хира аст.
Гузаштагони мо қадру қимати китобро аз ҳар чӣ боло мегузоштанд. Ба ёд меорем, лаҳзае, ки шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ бемор мешавад. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ӯро табобат мекунад. Баъд аз табобати подшоҳ, ӯ иҷозати ба китобхонаи дарбор роҳ ёфтанро мекунад, ҳарчанд ба ӯ тангаву тилло ва чизҳои қиматбаҳо пешкаш мекунанд, лекин Сино рад карда,танҳо китобхонаро интихоб мекунад.
Дар ҳақиқат, дар ҳаёти инсон мавқеъ ва таъсири китоб бағоят бузург аст. Мутолиаи китоб дар дили ҳар яки мо ифтихори некихоҳона, шаъну шарафи инсониро бедор мекунад. Китоб яке аз неъматҳои бузурге аст, ки инсон метавонад, бо восита аз он ниҳоли ақлро сабзонида, самараовар намояд.
Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем, арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, китоб дӯсти беҳтарини инсон аст. ақли солими ҳар як инсон аз китоб маншаъ мегирад.