Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Сиёсати хориҷии он ба ҳаллу фасли тамоми муноқишаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо роҳи дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори ва муносибати дипломатӣ, иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои олам аст. Вале таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон доимо омода бошем.
Барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва фаолияти коллективӣ бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили; экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, пешгири ва паҳншавии экстремизми динӣ, сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста бо кишварҳои хориҷи машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешвад.