НАҚШИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН 0 14 Мубодила кардан Ҳама сола рӯзи 23 — юми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем. Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар баробари дигар тадбирҳои зарурӣ барои ташкил намудани ҷузъу томҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои ҳайати шахсии онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-хавой ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавой оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобики тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон огоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини гурухои харакатхои исломи тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт. Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавои мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд. Дар натиҷа то имрӯз, дар қаламрави мамлакат даҳҳо қисми ҳарбии нав таъсис дода шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадили зиндагӣ ва пешбурди хизмат садҳо иншооти замонавии ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Аз солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар доираи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ҳалли яке аз мушкилоти асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо, яъне таъминот бо манзили истиқоматӣ мунтазам таҳти назорат қарор дода шуда, аз соли 1993 то ба ҳол танҳо барои кормандони Вазорати мудофиа ҳазорҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист ва садҳо манзили истиқоматӣ ҷудо гардидаанд. Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мояи хушнудиву сарфарозист, ки дар давоми ин солҳо обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, мардуми мамлакат хизматҳои шабонарўзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр карда, аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд ва ин албатта, амали воқеӣ аст. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳамаи дастоварду музаффарияти истиқлол, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд. То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имкониятҳои беҳтарин муҳайё карда шудаанд ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, ифодаи масъулият, садоқат, дар ин баробар далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ мебошад. Бисёр падидаи шоён аст, ки имрӯз ҷавонон моҳияту муҳимияти хизмат ба Ватанро хуб дарк намудаанд. Аслан, ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди бонангу номус аст. Қаҳрамонию фидокории фарзандони ҷонфидои халқамон, ба монанди Спитамен, Темурмалик ва Восеъ дар таърих сабт гардида, ин диловарон то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму муроҷиатҳои хеш ба насли ҷавон таъкид месозанд, ки аз таърихи гузаштагонамон ибрат гиранд. Бешак, роҳи ҳимояи Ватан – роҳи ҷавонмардӣ, садоқату масъулияти баланди ватандорист. Ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу буми диёр аз қадим барои мардуми тоҷик арзиши баланд доранд. Ҳамин аст, ки дар ситоишу васфи Ватан адибону бузургонамон осори гаронмоя ба мо мерос гузоштаанд. Воқеан, Ватан ҳамон қаламравест, ки тули ҳазорсолаҳо аҷдодонамон дар он ба сар бурдаанду ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шумурда, барои ҳифзу шукуфоии ин қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ҷон нисор кардаанд. Ватан ҳамон қаламравест, ки моро ба оғӯш мегирад, мепарварад ва ба камол мерасонад. Ватан модари мушфиқу ғамхори ҳар яки мост. Пас Ватану ватандорӣ ва хизмат ба он вазифаву қарзи ҳар яки мо, ҳар як ҷавонмард, ҳар як сокини кишвар аст. Ҳимояи Ватан бошад, ҳимояи нангу номуси мост. Каримова Маҳбуба. Раиси созмони ҷавонони коллеҷ 0 14 Мубодила кардан