СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 7

Ҳамасола баъди натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли гузашта ва дар арафаи соли нав Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод мешавад. Рамзист, ки Паём ба намояндагони мардумӣ пешниҳод шуда, дар симои онҳо ба ҳар як шаҳрванди кишвар ироа мегардад. Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар ва яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб гашта, дар заминаи он Президенти ҷумҳурӣ ба ҳар як интихобкунанда аз фаъолияти тамоми сохторҳои давлату ҳукумат, дастовардҳо ва иҷроиши нақшаҳои муайяншуда ҳисобот дода, барои рушди минбаъдаи кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаву нақшаҳои нав мегузорад.   Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. Дар асл, Паём ҳарчанд барномаи асосии омӯзиши сиёсати давлатии Сарвари давлат дар як давраи муайян хизмат мекунад, аммо аз ҷиҳати мазмуну моҳияти худ ҳисоботи Сарвари давлат ва ҳукумат ба тамоми шаҳрвандон мебошад. Ин пеш аз ҳама, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он пешомадҳои онро барои солҳои наздик муайян мекунад.

Ояндаи ҳар миллат ва пойдории давлатдории миллӣ бештар ба тарбияи насли наврас вобаста аст. Насли калонсол бо истифода аз таљрибаи андўхта пояи давлату љомеаро мегузоранд, насли наврасро бо садњо орзую умед тарбият менамоянд, то ки онҳо ҳамчун ворисони арзанда ба воя расанд, ба кадри таъриху тамаддуни кадимаи худ донанд, арзишҳои ваҳдату истиқлолият, моҳияти муқаддасоти миллӣ, зарурати ҳифзи марзу бум ва сарзамини аҷдодиро дарк намуда, ин сарзаминро, ки Тоҷикистон ном дорад, дӯст доранд ва аз ӯҳдаи ҳифзи он бароянд.

Барои он ки чунин хислатҳои олӣ дар қалби насли ҷавони тоҷик ташаккул ёбад, оила, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ бояд низоми таълиму тарбияро пайваста такмил диҳанд, онро ба талаботи замон мутобиқ созанд, аз тамоми имконияту воситаҳо ва аз ҳама муҳимаш таҷрибаи пешгузаштагон дар соҳаи маориф самаранок истифода баранд.  Дар раванди таълим силсилаи наслҳо набояд канда шавад. Маҳз ҳамин хусусияти ногусастание аст, ки пайванди наслро аз насл ба насл таҳким бахшида, арзишу зиёратгоҳҳоро аз ниёгон ба ворисон интиқол медиҳад ва дар ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии ҳар як миллат нақши калидӣ дорад.

Хушбахтона, дар марҳалаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳо вориди саҳнаи сиёсӣ гардидаанд, ки ба шарофати онҳо ҳар насли нав имкон пайдо кард, ки ганҷинаи ниёгони хешро бо гавҳарҳои тоза ғанӣ гардонида, барои наслҳои оянда осори арзишманд боқӣ гузорад.

Дар ин замина метавонем Паёми Президенти кишварро ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ба ҳар як ҳамватан, паёми пуршарафи насли имрӯз ба фардо ва паёми созанда дар бораи роҳи рушди давлатдории тоҷикон ёдовар шавем.

Дар доираи манфиатҳои миллӣ, мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишвари мо, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи ӯ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дар самти давлатдории миллї ва амалї гардидани ормонњои таърихии халќи тољик.

Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сохтори давлатии Тоҷикистон на танҳо як санади муҳими расмӣ ва барномавӣ, балки ҳуҷҷати арзишманди калидӣ, ифодаи равшани сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, тараккиёти илм ва маданият дар мамлакат, ки дар асоси он барномаи комплексии фаъолияти минбаъдаи хамаи ниҳодҳо тартиб дода шудааст.

Соҳаи маорифи кишварамон бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳамаи рукнҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, дар асоси мактабу маориф рушд меёбанд. Воқеан хам маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад ва махсусан, дар шароити кунунӣ ҷаҳонишавӣ, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардидааст, аҳамияти калон дорад.

Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат боз хам таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Нақши калидӣ доштани соҳаҳои илму маориф дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки аз Паём низ бармеояд, бори дигар собит месозад, ки ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва дуруст ба роҳ мондани барномаҳои таълимӣ дар тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланд ва соҳибихтисос равона шудааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт дар муассисаҳои таълимӣ танҳо омӯзгорони баландихтисос метавонанд, ки кадрҳои замонавиро тарбия намуда, ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул диҳанд ва онҳоро бо арзишҳои умумибашарӣ ошно намоянд. Чунин ҷавонон барои дарк кардани моҳияти демократия, самаранок истифода бурдани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъияти баамаломада, иштироки фаъолона дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ дар асри инқилоби илмӣ-техникӣ омода мешаванд. Бинобар ин, Пешвои миллат ба масъулини таълиму тарбияи ҷавонон супориш доданд, ки ба наврасону ҷавонон барои аз худ кардани донишҳои замонавӣ, мутолиа намудани асарҳои бадеию илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва хусусан, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Вобаста ба ин солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд, ки ин барои ояндаи ҷомеаи мо нақши муҳим хоҳад дошт. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар муассисаву идораҳои марбут ба таълиму тарбия вазифадор карда шуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала ба Ҳуқумат пешниҳод намоянд, ки ин иқдоми Пешвои миллат барои комёб гаштан ба натиҷаҳои судманд дар саводнок намудани насли наврас ва ҷавонон, дар амал татбиқ намудани яке аз самтҳои муҳимми сиёсати кунунии давлат, яъне тарбияи ҷавонони ватанпарвар, содиқу бофарҳанг, бонангу номус, дорои андешаҳои миллию ҷаҳонбинии васеъ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгорон, устодони муассисаҳои таълимӣ мебояд ба тарз ё усули таълими замонавӣ такя карда, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои муътамад маҳорату малакаи хешро баланд бардоранд.                           Хулоса, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хар як шахси худогоху ватандуст рӯҳу илҳоми тоза гирифта, мекушад, ки бо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву мақсаду мароми неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда Ватани азизамонро ободу зебо гардонида эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратёру сарбаланд созем.

Сарвиноз Нуруллоева

Ҷонишини директор оид ба таълим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.