ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ОМИЛИ РУШДУ ИНКИШОФИ МАМЛАКАТ 0 8 Мубодила кардан «Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…» Эмомалӣ Раҳмон Таълиму тарбияи ҷавонон масъалаи мубрами рӯз, масъалаи ҷиддиву масъулиятнок аст, зеро тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз сифати таълиму тарбия вобастагӣ дорад. Мо, ҷавонон сиёсати оқилона ва маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, ба омӯзиш ва аз бар кардани илму донишу маърифат машғул хоҳем шуд ва дар ҳадди тавон саҳми арзандаи худро дар самти баландбардории сифати таълиму тарбия хоҳем гузашт. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд». Сарзамини тоҷикон, ки нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим буда, ниёгони мо аз азал таранумгари ахлоқи некӯ буданд. Асарҳои дорои мазмун ва муҳтавои бисёр баланди худро ба мо ёдгор мондаанд. Аз ҷумла «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ барои аҳли башар дастури ибратбахшу насиҳатомез дар таълиму тарбияи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошанд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои мо, хусусан омӯзгорону волидайн чароғи раҳнамо буда, мутахассисон, ҷавонон ва муҳассилинро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд. Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам, дар ҷомеаи мо насли наве ба воя мерасад, ки дорои ҷаҳонбинии фарох, донишҳои замонавӣ ва ташнаи илму ирфон аст. Муҳити созанда дар кишвар имкон медиҳад, ки ҷавонон солимфикр ба воя расанд. Иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — баргузор намудани озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳҳиму саривақтӣ мебошад. Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия аст. Мавзуи тарбияи ахлоқии ҷавонон дар ҷомеа дар ҳама давру замон ҳамеша яке аз мавзуи тақдирсоз ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Таҷриба муайян намудаст, ки ояндаи ҳар як давлату миллатро бе тарбияи қавии насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои маънавию ахлоқи миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои зиндагии минбаъдаи фарзанди худ ба эътибор гирифтани тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба забони давлатӣ, таърих, адабиёт, артиш, табиати зебои диёр ва ғайра дар мадди аввал меистад. Дар тарбияи ҷавонон содиқона саъю кӯшиш мебояд кард, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост. Ҳар яки мо агар аз истифодаи панду андарзҳо, ҳикоятҳои бузургон истифода барем шояд қадре ҳам бошад дар таълиму тарбияти ҷавонони Ватан саҳми арзандаи худро гузошта бошем. Метавон бо заҳмату талоши ҳамаҷониба баҳри пешбурди Ватан якдилона хизмат намоем. Ободии ин марзу бум аз мо ҷавонони бо нангу ори меҳан вобастагӣ дорад, пас якдилона ин Ватанро машҳури дунё мебояд кард. Талабова Моҳира Декани факултети кори ҳамширагӣ 0 8 Мубодила кардан