30-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР БАРОИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

0 8

     Ман эътимоди қавӣ дорам ки ҲХДТ бо иқдомҳои нави созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми кишварро ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз-Ватани маҳбуби мо чун ҳарвақта муттаҳиду сафарбар менамояд.                                

Эмомалӣ Раҳмон

 

  ҲХДТ дар таърихи 10-декабри соли 1994 дар Анҷумани якуми ҲХТ (номи собиқи ҲХДТ) таъсис дода шуд.

  Дар тули 30-соли фаъолияти пурсамар, ҲХДТ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун неруи бузурги мутаҳидкунандаи мардум, ҳизби дар ҳақиқат мардумию пешоҳанг шинохта шудааст.

  Бояд қайд кунем,  ки дар ҳар давру замон ҷомеа ба неруи муттаҳидкунанда ниёз дошту дорад, дар акси ҳол ба буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

ҲХДТ дар он марҳилае таъсис ёфт, ки миллати тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву дассисаҳои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт.

  Маҳз дар чунин марҳилае,  ки ҷомеа ба буҳрони идеологӣ  гирифтор шуда буд,ташкили нерӯи сиёсие зарур шуд, ки вазъи мураккаби ҷойдоштаро ислоҳ кунад.Чунин неруи сиёсии боэътимод бо номи ҲХДТ ба арсаи сиёсат омад.

  ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш зери сарварии Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки мақсаду ҳадафҳои дар пеш гузоштаашро сарбаландона иҷро кунад. Бӯҳронҳои идеологи сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро дар роҳи бунёдкориву созандагӣ равона созад. Яъне ҲХДТ дар асоси ғояҳои созанда, зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро мутаҳид кард ва барои ояндаи дурахшон замина ба вуҷуд овард.

  Бояд гуфт ки ҲХДТ барои он ин номро гирифтааст ки ҳадафи асосиаш хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои халқ мебошад.

  Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки имрӯз Барномаи ҲХДТ на танҳо аз фарогирии самту соҳаҳои идеологӣ, балки ҳарбию амниятӣ, саноату хоҷагидорӣ низ иборат аст. Яъне Барономаи ин ҳизб дар ҳақиқат, фарогири ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

  Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояш ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон ва андешаҳояш дар маҷлисҳои, КИ ҲХДТ дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурӣ Таъкид намуданд,ки “Мо ба дастовардҳои назаррас комёб шуда истодаем.Ҳамаи ин дастовардҳо дар заминаи амали шудани Барномаи ҲХДТ ба даст омаданд, ки аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад”.

  Раиси муаззами ҳизб,  Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки ҲХДТ бояд аз ҳама бештар ба халқ наздик ва барои манфиатҳои ӯ талош кунад.

  Яке аз самтҳои муҳими кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки бояд сиёсати амалишавандаи давлату ҳукуматро,ба таври доимӣ дар байни мардум ташфиқ намояд.Ҳар як аъзои ҳизб бояд ба Барномаҳои ҳизбӣ содиқ ва дар пайи амали кардани ҳадафҳои ҳизбӣ сидқан кору фаъолият намояд.

  Ҳар як нафаре, ки дар ин ҳизб аъзо ҳаст, бояд ҳамеша омодаи он бошад, ки ба ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими ашхоси худношинос сари вақт, баҳои воқеи ва ҷавоби сазовор диҳад. Ҳар як аъзои ҳизбро лозим аст, ки ҳамеша дар ташфиқи ҳадафхои ҳизбӣ, миёни мардум бошад ва дар ҳалли мушкилотҳо мусоидат карда тавонад.

  Дар шароити кунунӣ бояд сафҳои ҳизб, аз ҳисоби шахсони бо истеъдод, ташаббускор, махсусан ҷавонон зиёд карда шавад. Имрӯз зарур аст, ки сафҳои ҳизб аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шавад.

  Чуноне, ки Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд;  “Дар сафҳои мо барои шахсони тасодуфӣ ва худхоҳу худпараст бояд ҳаргиз ҷой набошад”

  Дар ҳақиқат, имрӯз сафи аъзоёни  ҲХДТ бояд аз ҳисоби онҳое зиёд карда шавад, ки онҳо манфиатҳои давлату миллатро дар маддӣ аввал медонанд ва баҳри он тамоми кӯшиши худро мекунанд.

  Яке аз муваффақиятҳои ҲХДТ ҳамчун нерӯи  сиёсии пешоҳанг дар ҷомеа аз он  иборат аст, ки тавонист дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ, халқро атрофи ғояҳои бунёдкорию созандагӣ муттаҳид созад.

  Чуноне, ки таърих собит месозад, ҳизбҳои сиёсӣ дар системаи сиёсии ҷомеа нақши калидӣ доранд. Чун, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки ба ҳаёти сиёсии ҳар як давлат робита доранд, аз чи гуна таҳия ва амали шуданӣ Барномаи ҳизбӣ, дурнамои ҳар як давлат вобастагӣ дорад.

  Инак, тайи 30 сол мешавад, ки ҲХДТ ҳамчун як ташкилоти бонуфузӣ сиёсӣ, зодаи даврони соҳибистиқлолии ҷумҳури собит карда тавонист, ки ҳадафаш беҳбуди манфиятҳои давлату миллат аст.

ҲХДТ аз байни халқ баромада,  ҳамеша бо халқ аст ва барои манфиятҳои халқ талош мекунад. Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, бо дарки  ин паҳлуи масъала, тарҳи таъсисӣ ҳизберо роҳандозӣ кард, ки идеология ва кору амалаш ба манфияти халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона шуда буд ва имрӯз ҳам дар ин роҳ қадами устувор мегузорад.

Роҳи бобарор ва дурахшони тайнамудаи ҲХДТ, роҳи мушкилу пур аз монеаҳо, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ буданашро дар амал собит кард. Воқеан исбот кард, ки тамоми афкору тавоноияш аз қалби мардум реша гирифта, фаъолияти ҳаррӯзааш ба манфияти халқ равона карда шудааст.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд “Ҳизби мо табитан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқӣ фарҳангсолор ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ гуна идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳизбро таъсис додем”.

Дар ин суханони Пешвои миллат масъулияти баланд, самимият  ва меҳру муҳаббати зиёд нисбати имрӯзу ояндаи халқ эҳсос мешавад. ҲХДТ дар давоми фаъолияти 30 солаи самаровараш зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва такия ба истеъдодӣ азалии давлатсозии миллати тоҷик, бисёр қолабҳоеро, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ таъғирнопазир ба шумор мерафтанд, шикаст. Аз ҷумла, агар рисолати ҳар як ҳизби сиёсӣ, тибқи назар яҳои илмӣ, қоне кардани ниёзҳои гурӯҳи муаяни ҷомеа бошад, пас ҲХДТ ба хотири таъмини ваҳдату ягонагӣ, манфиятҳои куллӣ ҷомеаро таҳти ҳимоя қарор додааст.

Вазифаҳои ҲХДТ, ҳамчун неруи тавонои сиёсӣ, дар марҳилаи имрӯзи ҷомеа бештар мешаванд. Имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти ҲХДТ мебошад, бо ба эътибор гирифтани воқеаву таҳавулотҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, тамоми сохторҳои ҳизб кӯшиши худро барои солим нигоҳ доштани фазои сиёсию иҷтимоӣ  ва пешгири аз таҳдиду хатарҳои гурӯҳои зиёди иртиҷоӣ ва ифротӣ равона кардааст.

Дар замони таҳавулоти бефосилаи ҷомеаи ҷаҳони ва таҳлилҳои ба  иҷро расида, маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам дар тафаккури мардум холигиҳои зиёд ҷой доранд. Ва ҳамагуна гурӯҳҳо ё ашхоси иртиҷоию ифротӣ метавонанд, ки аз ин холигиҳо истифода бурда, ашхоси алоҳидаро ба таасуб ва хурофот кашанд. Вазифаи мо ҳизбиён аст, ки ин холигиҳоро ошкор карда, барои ислоҳи онҳо талош кунем.

ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистони муосир, яке аз фаъолтарин ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Дар хулосаи ин андешаҳо ҳаминро гуфтанием, ки ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо кулли аъзоёни ҳизб, дар тамоми манотиқи кишвар ба сӯи ояндаи нек, ояндаи дурахшону пурсаодат бо қадамҳои устувор равона аст. Бинобар ин шиори ҳар як аъзои ҳизб бояд шиори барномавии ҲХДТ “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”  бошад.

Миллати тоҷик, роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандонаи ҲХДТ, ба хусус Раиси муаззами ҳизб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинад. Воқеан ҲХДТ ба ҳайси як ташкилоти тавонои сиёсӣ, бо ҳадафҳои дар пеш гузоштааш метавонад миллатро ба фатҳи қуллаи мурод роҳнамун созад. Яъне мардуми кишвар мувофиқати ҳадафу ормонҳои ҳизбро ба ҳадафу ормонҳои худ хуб дарк кардааст.

30 солагии таъсисёбии ҲХДТ, ро ба куллӣ мардуми шарифи кишвари азизамон Тоҷикистон табрик гуфта, дар  амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ муваффақиятҳо хоҳонем.

Абдураҳмонов Карим.

Омӯзгори  МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода РА”.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.