КОНСТИТУТСИЯ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0 18

        Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, он ро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст.

                                                                      Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, Конститутсия барои ҳар як давлат, ҳамчун санади муҳими меъёрӣ, ба сифати Қонуни асоси хизмат мекунад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ вазифаҳои муаянро дар ҷомеа ба ӯҳда дорад.

Аз ҷумла: вазифаи муассисӣ, вазифаи ташкилӣ, вазифаи сиёсӣ, вазифаи мазкуравӣ, вазифаи ҳуқуқӣ.

Конститутсияҳо бо дарназардошти сохтори давлатдорӣ, талаботҳои марҳилаҳои муаяни таърихӣ қабул гардида, низоми давлатдориҳоро таҳким мебахшанд.

Дар Тоҷикистон, қаблан Конститутсияҳо қабул шуда буданд, ин Конститутсияҳо ба марҳилаи пасошуравии таърихӣ ҷумҳури мансубият доштанд.   Бояд гуфт, ки Конститутсияҳои қаблӣ ҳама пешрафту дастовардҳои ҷумҳуриро иникос мекарданд.

Воқеан, ҳар як Констутсия вобаста ба талаботи ҳамон марҳилаи таърих муқарраротӣ худро инъикос мекард. Аз ин хотир мо бояд донем, ки Конститутсияҳо бо низоми ҷомеа мутобиқ, таҳия ва расмӣ гардонида шуда, низоми давлатдориро аз лиҳозӣ ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Масалан: нахуст Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1929 – қабул шуд, ки ҳама дастовардҳои ҷумҳуриро дар солҳои мухторият инъикос мекард.

Дар тақвияти ин андешаҳо чанд нуқтаро дар бораи Конститутсияи амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён месозем. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушдӣ заминаҳои давлати демократию ҳуқуқ бунёд  ва ташккули муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ зарурати  таҳия ва қабули Конститутсияи ҷадид дар Тоҷикистон ва дар асоси он пурра аз нав такмил додани низоми қонунгузории кишвар ба миён омад.

Бояд қайд кард, ки зарурати таҳия, баррасӣ ва қабули Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар асл, баъд аз қабулӣ Қарорҳои таърихии Иҷлоссияи XVI – Шурои Олии  Тоҷикистон оғоз гардид.

Бо дарки аҳамияти масъалае, ки принсипҳои Конститутсионӣ бояд дар зеҳну шуъурӣ инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ба миён оранд, Пешвои Миллат, Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни таҳияи Лоиҳаи Конститутсия ҳамеша ба масъалаҳои дар матни он ба таври дақиқ инъикос ёфтани функсияҳои худи Конститутсия, аз қабилӣ функсияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва инсондӯстӣ аҳамияти муҳим медоданд.

Баъди муҳокимаҳои тулонӣ, ниҳоят  6 – ноябри соли 1994 Конститутсияи нав, Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар мувофиқа бо талаботҳои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тариқи райпурсии умумихалқи қабул карда шуд.

Қабули Конститутсияи нав, дастоварди бузурги миллат  дар роҳи давлатсозию давлатдории навин ба шумор рафта, барои пойдории сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ ва ташаккулӣ ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши пурарзиш дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳоли гардид.

Хусусияти муҳими ин Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз яктараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такия менамояд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии гузариш ба давлати демократии ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқи гузошт. Маҳз тавассутӣ Конститутсия, рушди бемайдони давлат, вазъи мутадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиятҳои миллӣ, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Дар тулӣ 30 – соли амал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсозӣ миллат тавонист, худро ҳамчун санадӣ манфиятҷӯи оммаи халқ собит созад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқи ва таҳкимбахши давлату ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз ҷониби мардуми кишвар ба сифати муқаддасоти миллӣ эътироф карда мешавад.

Ин аст, ки ба хотири арҷгузорӣ аз ин санади муқаддас, миллати тоҷик ҳамасола таърихи қабули Конститутсияро ҳамчун санаи муҳими таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунад. Соли ҷоррӣ ҷомеаи Тоҷикистон санаи ифтихорӣ яъне 30 – соли пурбарори амалкарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад.

Дар робита ба ин Пешвои Муаззами Миллат, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири арҷгузорӣ аз ин санади сарнавиштсози миллат ва таҷлили 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад, ки ин пешниҳод муҳим ва саривақти мебошад.

Бошад, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои мардуми кишвар, ҳамчун соли бобарор ва муваффақияту дастовардҳои бузургбошад. Дар робита боин, ин  соли накӯ, ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба Қонун ва низоми ҳуқуқии кишвар нақши созгор хоҳад гузошт. Соли ҷоррӣ  дар болоравии сатҳи маърифати шаҳрвандон, бахусус маърифати ҳуқуқии онҳо аҳамияти муҳим дошта, рукнҳои давлатдори, рӯшди бемайдони соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бо зҳам таҳким хоҳад ёфт.

Ҷашни 30 –солагии  пурифтихори Қонуни асосии кишварро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям.

Зубайдулло Азиззода.

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.