МОҲИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ИНКИШОФИ ОН 0 6 Мубодила кардан «Мо дар асл ҷонибдори бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем, ки дар Конститутсияи кишвар муайян гардидааст».» Эмомалӣ Раҳмон Барои Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба сифати мақом ва манзалати хеш ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо ва арзишмандеро соҳиб буда, ҳамчун ифодагари дастовард ва неъмати давраи соҳибистиқлолии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. 6 ноябри соли 2024 халқи тоҷик 30 – юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».[5,] Маҳз дар ин замина 30 декабри соли 2023, таҳти № 668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» қабул гардид. [8,] Қобили тазаккур аст, ки дар таърихи башарият санад, маншур ва ҳуҷҷатҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ барои ташаккулу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, шинохти миллатҳо дар арсаи байналмилалӣ, амалинамоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, расондани ҳақ ба ҳақдор нақши босазо доранд. Бояд зикр намуд, ки, тоҷикон ҳанӯз аз умқи таърих ба ин масъала таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, дорои китобу давот, қонуну маншур, давлати дорои низоми идораи пешрафта, маънавиёти баланд ва нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки то имрӯз аз аҳамияти бузург бархӯрдор буда, моро водор месозад, ки аз дастоварҳои ниёгон илҳом гирифта, барои ташаккули Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд талош намоем. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънояш «муқаррар мекунам» ё «муайян менамоям» аст. Он садсолаи сеюм аст, ки ба сифати истилоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муоширати сиёсӣ, назария ва амалияи давлатдорӣ истифода мешавад. Дар низоми сиёсии кишварҳои гузашта, хусусан, баъд аз давраи Эҳё ва бо сари қудрат омадани буржуазия ин истилоҳ ҳамчун муайянкунандаи ҳадду ҳудуди фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба кор мерафт. Дар гузашта давлатҳои шоҳиву монархӣ мавҷуд буданд ва Конститутсия ягона санаде буд, ки ҳадду ҳудуди ҳокимияти мутлақи шоҳиро дар доираи ҳуқуқӣ танзим мекард. Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Рӯзҳои 21-22 –юми апрели соли 1994, Лоиҳаи Конститутсияи нави кишвар дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо чоп гардид. Лоиҳаи мазкур 6 моҳ дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор гирифта, бо коркард ва ворид намудани тағйироту иловаҳо 6 – уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии кишвар буда, ифодаи иродаи халқ буда, таҷассумгари роҳи нави таърихӣ — бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад.[7.] Ҳамзамон, ин Конститутсия ба сифати қонуни асосии давлати тозаистиклол баромад намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд.[1.] Дар он рӯзҳои вазнини давраи ҷанги шаҳрвандӣ, давлат ва ҳукумат бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, баъди қабули Конститутсияи нави давраи соҳибистиқлолии кишвар тадбири ниҳоят муҳим барои бавуҷудоӣ, мустаҳкамкунӣ ва ташаккули принсипҳои демократии ҳокимият андешиданд. Қабули қонуни асосӣ, ки ба шаҳрвандон озодӣ ва дигар арзишҳои демократиро таъмин менамуд, ҳамзамон барои ҳамаҷониба мустаҳкам намудани дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва ташаккули низоми сиёсии демократӣ низ мусоидат мекард. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи қабул гардида, дурнамои ҷомеаи демократӣ ва ояндаи Тоҷикистонро дар шароити нав муайян менамуд. Маҳз бо ин назардошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буд, ки «Дилхоҳ шакли дигари сохтори ҷамъиятӣ дар шароити Тоҷикистон (ғайр аз давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ), чи тавре ки ҳаёт нишон медиҳад, метавонад кишвари моро ба нооромӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварад, ва инро аксарияти халқ, ки иродаашон дар Конститутсияи нав дарҷ гардидааст, намехоҳанд. Ҳамзамон ин нуқтаи муҳимро низ бояд ёдовар шавем, ки дар ҳамон рӯзи 6 – уми ноябри соли 1994 маъракаи муҳими сиёсии дигар, Интихоботи Президенти кишвар баргузор гардид, ки барои инкишофи раванди демократикунонии кишвар дар марҳалаи нав такони ҷиддӣ бахшид. Дар он, Президенти кишвар Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки ба сифати шахсияти нави сиёсӣ дар маҷрои нави бунёди ҷомеаи демократӣ роҳбарӣ ва роҳнамоии давлати тозаистиқлоли тоҷикро ба ӯҳда мегирад, ки комёбиҳо ва музафариятҳои минбаъдаи кишварамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ бо номи ӯ сахт алоқаманд аст. Нуқтаи муҳими дигарро бояд таъкид кард, ки қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки роҳи ояндаи инкишофи кишварро дар роҳи демократия муайян менамуд, аз бисёр ҷиҳат барои гулгулшукуфии ояндаи давлат ва пурзур намудани иқтидори мудофиавии давлат дар он рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат мекард. Бахусус барои расидан ба ваҳдати миллии тоҷикон, тавонист ҳама гуна қувваҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятиро сафарбар намояд. Бо иттиҳоди мухолифини тоҷик забон ёфта, барои созишномаи тарафайн мусоидат намуд. Дар заминаи он имконият ба вуҷуд омад, ки дар марҳалаи кӯтоҳ суботи саросарӣ дар кишвар таъмин гардад. Гулнозаи Раҳим, муаллимаи кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 6 Мубодила кардан