КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН

0 11

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб рафта, заминаҳои ҳуқуқии рушди давлатдории миллиро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки имсол халқи тоҷик 30-солагии қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад, ки ин муқаддасоти миллӣ барои ҳамвор намудан ва пешрафти кишвар нақши бориз гузоштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Омили асосие, ки ба қабули Конститутсия замина гузошт, Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Конститутсия аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва дурнамои рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.

Конститутсия дар худ арзишҳои демократии сохтори конститутсионӣ — соҳибихтиёрӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентиро инъикос намуд. Мазмуни Конститутсия таҷассумгари арзишҳои миллӣ, озодӣ, баробарӣ ва соҳибихтиёрии мардум мебошад.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии кишвар на танҳо ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро таъмин менамояд, балки принсипҳои асосии идоракунии давлатиро низ муайян месозад. Ин санад ба ташаккули низоми ҳуқуқӣ, рушди иқтисодӣ, ҳифзи амният ва болоравии зиндагии иҷтимоии мардум замина гузошт. Ҳар як боби Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, амният ва баробариро кафолат медиҳад.

Инчунин дар ин санади муҳими таърихӣ соҳибихтиёрӣ, Истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забон, рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат комилан сабт ва муайяну муқаррар шудааст. Рамзҳои муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия дарҷ шудааст, ки тибқи он Забони тоҷикӣ забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.

Дар тӯли 30 соли амалишавии Конститутсия, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, демократия ва рушди иқтисодӣ ноил гардид. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия, баланд бардоштани нақши парлумон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ, таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва рушди иқтисоди бозорӣ — аз ҷумлаи ин дастовардҳоянд.

Илова бар ин, дар давоми ин солҳо, Конститутсия ба маротиб такмил дода шуд, то ба талаботи замон мутобиқат намояд. Ин такмилҳо имкон доданд, ки Конститутсия дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши боз ҳам бештар дошта бошад.

Дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки Тоҷикистон тибқи моддаи 1-уми Конститутсия бунёди чунин давлатро мақсади асосии худ қарор додааст, қабули қонунҳои танзимкунандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро сулҳу субот, оромии ҷомеа, рушди иқтисодиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳама аз қонун ва таъмини волоияти қонун вобаста аст. Ин аст, ки мақоми олии қонунгузор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар ба амалишавии ислоҳоти ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ аҳамияти ниҳоят муҳим медиҳанд.

Ҷашни 30-солагии Конститутсия дар Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла конфронсҳо, симпозиумҳо, мизҳои гирд, вохӯриҳо бо ҷавонон ва олимони ҳуқуқшинос таҷлил мешавад. Ҳадафи ин чорабиниҳо — баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, махсусан ҷавонон ба шумор меравад.

Дар доираи ҷашнвораҳо мақсад гузошта шудааст, ки нақши Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои мардум дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон равшан гардад.

Дар баробар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаву уҳдадориҳои худро низ доранд, ки бояд аз онҳо бархӯрдор бошанду масъулияти шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд. Аз ҷумла, риояи меъёрҳои Конститутсия вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.

Халқи тоҷик дар таърихи давлатдорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – шиноснома, бахтномаи миллат ва сарнавишти худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст ва бояд бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкорона ин санади тақдирсозро як ҷузъи таркибии ҳадфҳои миллӣ дониста, риоя намояд, зеро устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдории ҷомеа ва давлат буда, дар баробари ин устувории ҷомеаву давлат асоси пойдории Конститутсия маҳсуб мешавад.

Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як лаҳзаи таърихӣ ва муҳим барои таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва арзёбии дастовардҳои мардуми кишвар мебошад. Конститутсия ҳамчун рамзи истиқлолият ва ягонагии миллӣ барои таҳкими сулҳу субот, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосӣ нақши асосӣ дорад.

Инчунин ин ҷашн барои таҳлили дастовардҳо, мушкилот ва муҳимияти ин санад дар рушди давлат ва ҷамъият дар 30 соли ахир метавонад баҳонаи хубе бошад.

Каримова М.С.,

Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.