НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН 0 6 Мубодила кардан Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон Лозим ба ёдоварист, ки ҳодисаҳои мураккаби сиёсии дар интиҳои қарни XX дар ҷаҳон бамиёномада ба Тоҷикистон низ, ки нахустин қадамҳои худро дар самти касби истиқлол мегузошт, таъсири манфӣ расонид ва давлат гирифтори буҳрони шадид гардида, хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлат ба миён омад. Дар натиҷаи муноқишаҳои дохилӣ равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву мафкуравӣ боздошта шуда, соҳаҳои истеҳсолӣ аз кор монданд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, беқонуниву беҳокимиятӣ дар мамлакат ба миён омад. Риоя нагардидани қонунҳо ҷомеаро ба ҳолати вазнину ногувор гирифтор намуд. Бояд зикр намуд, ки таҳаввули рушди ислоҳоти конститутсионӣ сарчашмаи худро аз қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ гирифта, заминаи мусоидро дар ташаккул ва рушди конститутсионии кишвар, ислоҳоти конститутсионӣ ва бо роҳи райъпурсӣ қабул шудани ин санади олӣ ҳуқуқӣ мусоидат кард. Бояд хотирасон намуд, дар натиҷаи қабул гардидани як чанд қарорҳои муҳимми сиёсӣ дар ин Иҷлосияи мазкур тавонистем, раванди конститусиониро, асосҳои сохтори конститусиониро дар раванди давлатдорӣ мустаҳкам сохта, заминаи боэътимоди давлату давлатдориро дар сатҳи меъёрҳои муайяншудаи конститутсионӣ бунёд сохтем. Ба миллати тоҷик барои бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шароити мувофиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам омад. Аммо бунёди давлати миллӣ бе қабули Конститутсия номумкин буд. Конститутсия инъикоси соҳибистиқлолӣ ва аз ҷиҳати конститутсионӣ омили таҳким бахшидан ва мустаҳкам кардани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамин буд, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид ва бо ҳамин роҳҳои бунёди давлати миллӣ муайян карда шуд» . Конститутсия истилоҳи лотинӣ – constitution буда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Аммо мо имрӯз конститутсияро на бо ин маъно, балки ҳамчун қонуни асосӣ ё ин ки қонуни давлат медонем. Бинобар ин, савол ба миён меояд, ки аз кадом давра конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф намудаанд, чунки он таърихи тӯлонӣ дошта, бо маънои зикршуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ вуҷуд надошт. Пайдоиши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ, рост меояд. Аниқтараш пайдоиши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба инқилобӣ буржуазӣ хос мебошад. Конститутсияҳо ба сифати қонуни асосии давлатҳо дар марҳалаҳои алоҳидаи инкишофи ҷомеа, вобаста ба заруриятҳои таърихӣ метавонанд тағир ёбанд. Маҳз бо ҳамин асос ва заминаҳо минбаъд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардидааст. Аз ҷумла 26 – сентябри соли 1999, 22 – июни 2003 ва 22 майи соли 2016. Мавриди амал қарор гирифтани муҳокимаи Конститутсия, аз ҷониби коршиносон, хусусан ба инобат гирифтани афкори омма дар раванди баррасии он яке аз масъалаҳои муҳимми таҳкими рушди конститутсионии кишвар ба ҳисоб мерафт, ки дар ташаккул ва ба расмият даровардани ин санад нақши муҳимро гузошт. Бояд таъкид намуд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтани Конститусия, аз ҷониби коршиносон, аҳли ҷомеа ин боварӣ ба устувор будани ин санад, ҳамчун қонуни асосии давлат мавриди дастгириии ҳамагон қарор гирифт. Дар натиҷа дар ҳаёти сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа дигаргуниҳое ба миён омаданд, ки дар рушди конститутсионӣ ва таъмини қонуну қонуният дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузошт. Ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани кишвар замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд. Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд карда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид. Перумони ҷузъиёти ин санади олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин андешаҳои арзишмандеро иброз медорад: «Ҳарчанд ки ойину суннатҳои давлату давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тоҷикон таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид. Таърихи ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки қабул кардани санад ва эълон кардани Истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин ҳанӯз анҷоми кор нест. Таърихи навини кишварамон собит месозад, ки баъди қабул гардидани ин Конститутсия дар раванди таърихию сиёсии Тоҷикистон кори бузурги созандагӣ оғоз ёфт. Инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи нав, ба эътидол овардани кишварамон, таҳкими сулҳу ваҳдат, бунёдкориҳо, амалӣ гардидани 4 ҳадафи стратегии кишвар, нақши босазо пайдо намудан дар сиёсати хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва он ҳама созандагиҳои солҳои охир, ин ҳама ба шарофияти қабули ҳамин Конститутсия алоқамандии амиқ дорад. Бо назардошти ин метавон арзёбӣ намуд, ки қабул гардидани Конститутсия барои муайян намудани роҳи нави таърихӣ ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон дорои аҳамияти калони таърихӣ мебошад ва моро зарур аст ба арзишҳои миллии давлат ва ба хусус ба масъалаи омўзиш, эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишварамон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Нуруллоева С.А., муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 0 6 Мубодила кардан