КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НАҚШ, МАҚОМ ВА ВАЗЪӢ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН 0 15 Мубодила кардан Аз замони бостон то имрӯз зан-Модар дар гирудори зиндагии тоҷикон дорои мақому манзалти бузург ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи зиндагӣ то ҷое бо мардон баробар будаанд. Дар номаҳои кӯҳан аз мақому мартабаи волои зан дар тамоми давраҳо, бахусус, дар таърихи бостони мо хирадмандию покдоманӣ, дифоъ аз хонаводаву сарзамин, фидокорӣ, шуҷоату далерӣ ва муборизаҳои ватандӯстонаи занон хеле зиёд васф гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ба мақому манзалати занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос равона гардида, бо мақсади рушди маънавӣ ва тақвияти неруи зеҳнӣ, ҳамзамон ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ аз ҷониби давлат чораҳои зарурӣ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд. Сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мақому мартабаи занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ягон самти фаъолияти ҷомеаро бидуни иштироки фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вазъи ҳуқуқии занон — кормандони макомотҳои давлатӣ хусусиятҳои худро дорад. Барои муайян намудани хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии занон — кормандони макомоти давлатӣ таносуби вазъӣ ҳуқуқии кормандони мазкурро бо мафҳумҳои «вазъи ҳуқуқии шахс» ва «вазъи ҳуқуқии занон» муайян намудан зарур аст. Чунин усули методологии таҳқиқоти илмӣ бо омилҳои зерин муайян карда мешавад: 1) вазъи ҳуқуқии занон — кормандони мақомоти давлатӣ намуди вазъи ҳуқуқии шахс буда, аз вазъи ҳуқуқии категорияҳои дигари аҳолӣ фарқ дорад; 2) вазъи ҳуқуқии занон — кормандони мақомоти давлатӣ намуди вазъи ҳуқуқии занон буда, аз вазъӣ ҳуқуқии занони дигар, ки фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагӣ, ҷамъиятӣ ва дигарро пеш мебаранд, фарқ дорад. Хусусиятҳои умумӣ ва махсуси вазъӣ ҳуқуқии занон — кормандони макомоти давлатӣ дар таносуб бо вазъи ҳуқуқии шахс муайян карда мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки занон дар давру замонҳои гуногун нақши муҳим дар сиёсати бузургро доранд. Занон ҳамеша дар раванди сиёсати бузург қарор доштанд ва таъсиргузор ҳам буданд. Мақоми занон на танҳо имрӯз, балки дар давлатдории пешини миллати тоҷик ва муборизаҳои қаҳрамононаи халқ низ дорои ҷойгоҳи шоиста буда, аз ҳуқуқи моликияту ирс бархурдор буданд ва дар сохторҳои давлатӣ ҳам кору фаъолият мекарданд. Занон дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз барои миллату давлат нақши ҳалкунандаро бозидаанд. Метавон дар симои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робияи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Ходими Ҷамолак, Розия Озод зани нексиришт ва ватандӯсти тоҷикро дид. Давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври куллӣ имконоти мазкурро барои занон на танҳо ҳифз намуд, балки барои ривоҷи бештару фарохтари он мусоидат кард. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон эҳтиром ба бонувон маъно ва аҳаммияти хос дорад, зеро зан модарест, ки ҳар фарди ҷомеа аз ӯ ба дунё омадааст; зан ҳамсарест, ки бунёди ҳар хонавода бар вуҷуди ӯ устувор аст; зан хоҳарест, ки бародарро ғамхору меҳрубон аст; зан духтарест, ки падару модарро мушфиқу такягоҳ аст. Дар маҷмуъ, зан узви комилҳуқуқи ҷомеа аст, ки бе ҳузури ӯ ҳеч ҷомеае наметавонад комил ва солим бошад. Дар аксари муассисаҳо, созмонҳо, идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон фаъолият доранд. Онҳо машғул ба касбу кори гуногун ҳастанд ва аз таҳсил ва тахассуси гуногун бархурдор буда, дар баробари мардон, дар зиндагии ҷомеаи муосирхидмат ва нақши муносиб доранд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар поёни соли сипаришуда ироа гардид, саҳми занон дар ҷомеа ба забони омор чунин арзёбӣ шуд: “Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд”. Шумораи бонувони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба афзоиш мебошад. Бино ба тозатарин оморе, ки ба наздикӣ дар Конференсияи илмии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар пойтахти кишварамон ироа гардид, дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 993 номзади илм, 131 доктори илм, 84 профессор зан буда, 608 дотсент, 204 нафари дорои унвони илмӣ ва 1 034 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 294 магистрант, 104 доктори PhD бонувонанд. Дар фаъолияти илмӣ ва таҳқиқии онҳо натиҷаҳои матлуб ва дорои аҳаммият кам нест. Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳузури фаъолонаи занону духтарони кишвар дар таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ, барномаҳо ва тарҳҳои фанноварӣ, ихтироъ ва навовариҳои муҳимми илмӣ ва истеҳсолӣ бояд омили муҳим ва таъсиргузор дар натиҷаҳои мусбат ва умедбахш дар ин замина донист. Дар баробари ин ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва дар марҳалаи кунунӣ ба рушди иқтисоди кишвар низ мусоидат менамоянд, дар муддати се даҳсолаи охир барои донишҷӯён, унвонҷӯёну пажуҳишгарони ҷавон заминаҳои нави таҳқиқ фароҳам омадааст. Ин заминаҳо дар шакли барномаҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишии ватанӣ ва байналмилалӣ, Дар охир 30 солагии конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта ба Шумо пирӯзи сарфарози тамано дорам ҷашни 30 солагии Конститутсия ба ҳамаатон муборак. Абдураҳмонова Г.Н., саромӯзгори кафедраи “Гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 15 Мубодила кардан