КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК 0 13 Мубодила кардан Дар тамоми кишварҳои дунё барои ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон қонуни асосӣ амал мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин қонунро дорост ва тӯли 30 сол аст, ки мардуми тоҷикро роҳнамоӣ ва ҳуқуқи онҳоро ҳимоят мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун санаи фархунда ва таърихсоз ба шумор меравад, чун дар ин рӯз ду воқеи муҳим ва тақдирсоз — қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмият дароварда шудаанд. Конститутсия Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Ин қонун бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар поягузорӣ намуд. Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар асоси он то ҳол беш аз 20 Кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ ва миллӣ қабул карда шуданд, ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муассир мегузоранд. Бояд гуфт, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Конститутсияи худро ҷашн мегирад. Қабули ин ҳуҷҷати таърихӣ на танҳо қонуни олӣ, балки роҳнамои инкишофи давлати Тоҷикистон дар давраҳои душвор ва таъмини суботу пешрафти он буд. Аз ҷумла, замоне, ки кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо меёфт, қабули ин санад ба таҳкими сохторҳои давлатдорӣ ва таҳияи заминаи пешбурди сиёсати сулҳ мусоидат кард. Он самтҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро муайян намуда, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳояшонро кафолат дод. Дар тӯли 30 сол, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади роҳнамо дар раванди ислоҳот ва тағйиротҳои иҷтимоию иқтисодӣ хизмат намуд. Тавассути ин ҳуҷҷат Тоҷикистон ба ислоҳоти конститутсионӣ рӯ овард, ки сохторҳои давлатиро мутобиқ ба талаботи замон навсозӣ намуд. Қонуни асосӣ ҳамчунин ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва сулҳи пойдор дар ин кишвар мусоидат намуд. Бо мақсади мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҷаҳонӣ дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки минбаъд ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Дар асоси муқаррароти Конститутсия, Тоҷикистон иштирокчии садҳо санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои худро дар ин самт иҷро менамояд ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф шуда, мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон пазируфтаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони муътабари байналмилалӣ аст. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, об ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу суботи сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон даъват менамоянд. Имрӯз бо сипарӣ шудани 30 сол ва дар фазои тантанавӣ ҷашн намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ёдоварии таърихи қабул шудани он аст, балки фурсатест барои таҳлил ва баррасии натиҷаҳои расида дар ин муддат. Ин ҷашн шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, то ба арзишҳои волои қонуният, ваҳдат ва истиқлолият дубора назар афкананд. Баргузории чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ дар ин робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардуми кишвар ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ равона гардиддааст. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик дастоварди бузург дар қарни ХХ маҳсуб ёфта, бозгӯи саъю кӯшишҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушд ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 сол ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва воситаи таъмини суботи сиёсӣ хидмат кардааст. Ин санади муҳим имкон дод, ки кишвар пешрафт кунад ва ба роҳи осоишта қадам ниҳад. Ҷашни 30-солагии Конститутсия худ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон кишвари қонунмеҳвар аст ва ин қонуни асосӣ дар пешрафти ҷомеа ва таъмини ояндаи дурахшони мардуми Тоҷикистон саҳми бориз дорад. Ҳаитова Ҷамила, омӯзгори фанни равоншиносӣ- и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 13 Мубодила кардан