ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

0 2

      Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхат буда, се марҳилаи инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Баъди Инқилоб давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Яъне, забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум ба воситаи асарҳои адибони муосир наздик гардид. Халқи тоҷик зиёда аз ҳазор сол бо забони ноби тоҷикӣ сухан карда, фарҳанги арзишманди хешро аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Забон бозгӯкунандаи миллат, пешбарандаи давлат, инчунин, асоси ҳастии Ватан буда, ифтихор ва номуси мост! Аз ин хотир забонро пояи миллат меноманд. Инчунин, эҳтироми забон шинохти миллат аст.

Дар асарҳои Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» (ҷилдҳои 1 ва 2) ҳам ҳамин ҳақиқати ҳампайвандии забону миллат ва роҳи пуршебу фарози тайкардаи забони модарии мо дар дарозои таърих аз забони ориёӣ то ба забони тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки забони модарии мо дар тули ҳазорсолаҳо аз забони ориёӣ то ба забони тоҷикӣ на танҳо роҳи такмилу такомул паймудааст, балки рисолати худро ба сифати муҳимтарин омили ҳастӣ ва унсури ҳувиятсоз ба ваҷҳи аҳсан идома бахшидааст.

Забони тоҷикӣ ва, умуман, забони модарӣ, чун муҳимтарин рукни фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти ҳар як халқу миллат мавқеъву манзалати сазовор дорад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар суханрониашон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ривоҷи бемайлони бадалшавии низоми сиёсии кишварҳои олам лаҳзае аз ҳифзи асолати забони модарӣ фориғ набошанд. Забони тоҷикӣ, ки забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Бо ин забони шевою гуворо на танҳо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тоҷикони муқими дигар давлатҳо низ муошират мекунанд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик-Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ расида, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ-миллати тоҷик ва сокинони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар ҷаҳони муосир гардидааст.

Забони тоҷикӣ-ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тўли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тўфони рўзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.

Мо аз рўзҳои авали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул карда, барои пешрафти он барномаҳои давлатиро роҳандозӣ намудем ва ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола Рўзи забонро бо шукўҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор мекунем.

Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣдорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқаст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣрасиданд.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлоляти кишварамонро ташкил медиҳад.

Забони тоҷикӣ дар ҳама давру замонҳо муаррифгари таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳаёти иҷтимоии миллати тоҷик буд ва чунин афзалияти онро мо ба чанд омиле нисбат медиҳем, ки маҳз онҳо ба рушду густариши забон дар давраҳои муайяни таърихӣ сабаб шуда, онро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшидаанд:

Аввалан, ҳокимони давраҳои гуногун аксаран намояндагони қавму қабилаҳое буданд, ки ҳаёти бодиянишинӣ дошта, таърих ва таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд, идораи давлат барои онҳо кори саҳлу осон набуд. Аз ҷониби дигар, онҳо пайхас менамуданд, ки давлатдорӣ ва идора кардани мардум бе донишмандону мушовирон ва вазирону ҳокимони бохираду ботаҷриба ғайри имкон аст. Дарк менамуданд, ки барои бақои давлату салтанат мушовирони бофаҳму вазирону ҳокимони ботадбир лозиманд ва онҳо дар устуворӣ ва низоми давлатдорӣ нақши калидӣ доранд. Ин аввалин ниёзе буд, ки шоҳону ҳукуматдоронро маҷбур кард, то барои рафъи ин мушкилот ногузир ба мардуми тоҷикзабон рӯ оранд ва аз донишу таҷрибаи васеи давлатдории онҳо ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории худ истифода намоянд.

Забони форсии дарии тоҷикӣ ҳанӯз дар нимаи аввали садаи нуздаҳуми мелодӣ зимни мушаххассозии гурӯҳи забонҳои тавонманди бостонӣ ва таъсиргузори ҷаҳонӣ ба феҳрасти забонҳои неруманди башарӣ шомил мешавад (ин нукта дар конфронси забоншиносони аврупоӣ нимаи аввали асри нуздаҳ дар Олмон таъкид мегардад ва забони мо, бо таваҷҷуҳ ба вежагӣ ва муқаррароти ихтисосӣ ба доираи забонҳои бостонӣ ва таъсиргузори башарӣ пазируфта мешавад). Ин аст, ки мо ба унвони меросбарони ин забони тавонманди башарӣ ҳақ надорем, сукут варзем ва “хонаи вуҷуд” (манзур забон аст ва ин таъриф марбути файласуфи ҷаҳонӣ Мартин Ҳайдеггер мебошад)-ро ба маърази хатар бигузорем. Аз тарафи дигар, ҷомеаи забонӣ, ки дар раъси он, пеш аз ҳама, интеллигенсияи миллӣ қарор дорад, муваззаф аст, шукӯҳ, шаҳомат, бузургӣ, отифат, салосат, фасоҳат, ҷазобат, латофат, назокат ва билохира қудрати забони миллиро ҳифз намояд ва аз тариқи тавонмандии забонӣ дар баробари таҳоҷумоти фикрӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва забонӣ қад алам кунад. Аз ин ҷост, ки забон бо худии худ қудрат ва неруи фикрии миллат буда, бақои он бақои миллат ва ҷомеаи миллист.

ЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи

тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.