ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАРСИ ХУДШИНОСИВУ МЕҲАНПАРАСТӢ

0 2

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини худ бо бисёр масъалаҳои мураккаб рӯ ба рӯ омадааст ва хушбахтона ҳамаи онҳоро таҳти Сарвари сиёсатмадору дурандешаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила сарбаландона ҳал намудаву барои рушди бемайлони минбаъда ҳадафҳои олиро пеши худ гузоштааст. Ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз љумла такмилу ташаккули соҳаи илму маориф пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати давлату њукумати мамлакат қарор дорад. Зеро чи хеле ки Президенти кишварамон ҳамешагӣ таъкид медоранд, бе рушди соҳаи илму маориф ба ҳадафҳои дигари стратегӣ дастрас шудан имконнопазир аст.

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро Ҷаноби Олӣ дар лаҳзае вориди арсаи сиёсат гардиданд, ки Ватани мо – Тоҷикистон дар оғўши хун буда, дар роҳи порашавӣ қарор дошт. Аз ҳамон лаҳзаи нахустин, ки ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд қавл доданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», «Ё ман ба Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Воқеан ҳам дар натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кўшиш намуданд. Ҳамаи корнамоиҳои падарон таҳти сарварии Пешвои миллат барои наслҳои ҷавони имрўз ва фардои кишвар раҳнамо ва мактаби хуби ватанпарастиву хештаншиносӣ маҳсуб мешавад.

Маҳз дар зинаҳои гуногуни соҳаи маориф барои саросар босаводии ҷомеа, омодасозии мутахассисон барои ҳамаи самтҳои хоҷаги халқ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин самт дар баробари таълим бешак доимӣ ба тарбияи муҳассилин низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Дар ҷодаи таълиму тарбияи ҷавонон мутолиаи асарҳои пурмӯҳтавою бебаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор», “Уфуқҳои истиқлол” мавқеи муҳим доранд.

Ба табъ расидани китоби пурмуҳтаво ва аз ҷиҳати ғоя гаронмояву баландарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Чеҳраҳои мондагор” падидаи бузурги адабию фарҳангӣ ва таърихӣ ба шумор рафта, дар тарбияи комил ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, худҷӯӣ, худогоҳӣ ва маърифатандӯзию ватанпарварии насли наврас ва ҷавонони ояндасозӣ миллат нақши барҷастаю муассир дорад. Мусаллам аст, ки омӯзиши таърихи пурифтихори миллат, марҳалаҳои ташаккулу таҳаввул ва рушдӣ тафаккури давлатдории он, муқовимату муборизаҳои хунину ҷонфидоёна алорағми душманону бадхоҳони аҷнабӣ, ки чашми тамаъ ба замину марзҳои тоҷикон духта буданд ва ҷаҳду талошҳо бахри бақою ҳастии давлати бузург, якпорчагию ваҳдат, меҳру муҳаббати амиқ ба ватан, кишвар ва ниёгони хирадварзу бонаҷобат, ғаюру ҷасур аҳамияти бағоят бузургу ногусастанӣ дорад.

“Чеҳраҳои мондагор” матлабҳои пурмҳӯтаворо дар бораи зиндагинома, фаъолияти вижаи сиёсию фарҳангии 25-тан Арбоби давлатӣ, пешвоёни сиёсӣ, муборизони ҷодаи озодӣ, намояндагони дину мазҳаби тоисломӣ ва баъдиисломӣ, олимону шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва муосир, ки кору пайкор ва осори пурғановаташон воқеан ҳам, тамаддунофару миллатсоз маҳсуб меёбанд, дар бар гирифтааст.

Тадбирҳои созандаи Пешвои муаззами миллат танҳо ба хотири баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, эҳсоси худшиносӣ, ватандории насли имрӯзу оянда маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик аз азал тамаддунофар, шаҳрсоз, фарҳангойин буд ва танҳо ба шарофати чунин иқдому ташаббусҳо мо аз мероси бой огаҳ мешавем ва маънавиётамонро ғанӣ месозем ва барои пешрафту шукуфоии он саҳм мегирем.

Роҳбари давлат борҳо дар баромадҳояшон таъкид медоранд: “Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст”.

Дар ҳақиқат рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ дар ҷаҳони муосир зуҳур мекунанд.

Вусъатбахшии маблағгузории соҳаи маориф, роҳандозии барномаҳои давлатӣ, сохтмони иншооти гуногуни соҳа, гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ имрӯз пояи маорифи кишварро устувор намуд.

Воқеан дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кӯшиш намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рӯшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст. Ба ин мақсад ҳанӯз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон — ояндаи миллат» — ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тавре таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шӯъла бардорем на ин ки хокистар».

Ҷамъи суханронию маколаҳои илмии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон солҳои 1996 – 2009 дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба забони руси нашр шудааст.

Бунгоҳи интишори «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёи «бо теъдоди ҳазор нусха бо хати форси ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.

Дар муқаддима муаллифи китоб менигоранд: «Мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омузем ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънави мебахшем.Зеро аз чунин як чашмандози таърихи маълум мешавад ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷахон шодоб гардидаанд».

Дар баробари асарҳо мақолаҳои Пешвои миллат низ ҷойгоҳи махсус дорад ки дар таъмини сулҳ ва ризоият дар кишвар нақши муассир гузоштаанд. Бахусус аз мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо хабарнигори маркази иттилоотии Руссия Правов ки Ҷаноби олӣ он вақт дар вазифаи раиси шурои олӣ буданд моҳи майи соли 1994 бо номи «Ҳамаи қувваҳои бунёдкори минтақа сулҳро мехоҳанд» ҷараён гирифт ва он дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд. Дар мусоҳиба Пешвои миллат аз кӯшиши пурзури хеш оиди таъмини сулҳ дар кишвар сухан ронданд.

Баъди гузашти даҳ сол аз соҳибистиқлолии кишвар соли 2001 мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори «Росийская газета” бо номи «Мо нагузоштем ки миллат пароканда шавад» чоп шуд. Дар воқеъ миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳони саҳм ва хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намесозад зеро дар лаҳзаи ҳассос давлат аз будаш дарак намедод дастгоҳҳои давлати фалаҷ ва мақомотҳои қудрати қариб ки амал намекард ин ҳамаро бо заковати расо ва дипломатияи тавоно сарвари давлат бартараф сохтанд ягонагии давлат ва миллатро таъмин намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз лаҳзазаҳои авали давлатдори вазъияти ҷангзадаи кишвари Афғонистон ба ташвиш меовард.

Дастовардҳои асосии мо дар даврони Истиқлол ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ ва ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ мебошад. Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад» .

Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.

Назирмадова Рисолат Гадоевна

Ҷонишини декани факултети “Кори табобати”-ӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.