РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ!

0 5

   Санаи 20 сентябри солӣ ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба рӯзи Одамушуаро, бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоири машҳури форсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён, асосгузори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Султони шоирон – устод Рӯдакӣ» бахшида ба 1066 – солагии шоир аз тарафи кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар конференсия шоираи ширинкалом Хосият Вализода ва роҳбарияти муассиса иштирок намуданд.

      Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент ба дунё омада дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

      Соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд. Ин арҷгузорӣ ва поси хотир, марҳилае тозаеро дар шинохти Рӯдакӣ, ҳамчун поягузори забони ноби тоҷикӣ, боз намуд. Президенти кишвар бо ишора ба арзишҳои умумибашарии андешаҳои Рӯдакӣ ва мақоми волои ӯ қайд намудаанд: «Ашъори устод Рӯдакӣ сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем. Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо тоҷикон мебошад.»

     Ҳам аз ҷиҳати гуногунии жанрҳои шеър ва ҳам аз рӯйи ҳаҷми осор ҳеч шоире ба дараҷаи устод Рӯдакӣ нарасидааст. Ва аз ин сабаб аст, ки Рашидии Самарқандӣ – шоири асри ХII дар бораи устод Рӯдакӣ навиштааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

    Дар конференсия маърузаҳо доир ба фаъолияти шоир аз тарафи омӯзгорон ва инчунин порчаҳои шеърӣ ва саҳнае аз филми «Қисмати шоир» дар иҷрои донишҷӯён пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

  Мақсади асосии баргузории чунин конференсияҳо арҷгузорӣ ба шеъру ғазалиёти шоир ва абадан дар дили ҳазорон хонандагони каломи бадеъ боқӣ мондани мазмуну муҳтавои бузурги шеъри форсӣ мебошад.

     Зинда бод каломи бадеъ ва номи бузурги Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ!

Мудири кофедраи Забон ва адабиёти тоҷик Валиева Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.