ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — РОҲНАМОИ САФИНАИ ИСТИҚЛОЛИ МО!

0 2

Идома аз шумораи гузашта.

 

  Ба  истиқболи ҷашни 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Мусаллам аст, ки бо ҷасорату иродаи қатъии сиёсӣ ва тавонмандии бемисл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ шуданд. Миқёси фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмулан аз ҳудуди Тоҷикистон ва минтақа берун шуда, ташаббус ва фаъолияти байналхалқии ӯ ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ расонда, таҷрибаи намунаи нодири сулҳофарӣ, давлатсозӣ ва муттаҳидкунандаи миллат эътироф шудааст.

  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон давроне ба сиёсат ва сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва давлату миллатро хатари воқеии нобудӣ таҳдид мекарду аз харитаи сиёсии олам Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил нест мешуд. Илова бар-ин мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Маъмулан дар чунин вазъи ноҷӯр рисолати асосии Пешвои миллат пеш аз ҳама ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои умумимиллӣ мебошад. Дар ин баробар борҳову борҳо худ ба мушкилот рӯбарӯ гаштан, аз чизею касе ва хатарҳо натарсидан, тамоми аҳолии кишварро ба «худию бегона», ҷудо накардан, дурандешона ба хотири ба даст овардани сулҳу оромӣ зиндагӣ кардан ва ҷонбозию ба таври хастанопазир кор бурданҳо дар меҳвару фаъолияти зиндагии Пешвои миллат қарор гирифта буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи ҳассос ба сари қудрат омада, сулҳовару ваҳдатофар, кафили истиқлолу озодӣ ва амнияту суботи давлат ва миллат шуд.

Вале он сулҳу озодӣ ва ваҳдату оромии тоҷикон осон ба даст наомад. Бе сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ ҳифзи истиқлолу озодӣ, мавҷудияти давлату миллат имконнопазир буд. Ба ҳам овардани мардум ва ва умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон тақвият бахшидан аз аввалин иқдомоте буданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи арзишҳои миллии давлатдории навин анҷом додаанд.

Маҳз дар натиҷаи азму талошҳои қатъӣ ва далерию мардонигии Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва дарки воқеъият аз ҷониби мардуми ҷафодидаю азияткашида натиҷаи хубу самараи нек ба даст омада, бадбахтиҳо ба поён расид.

Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пеш­раф­ти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ,  Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кӯмак ва ҳамкорӣ дароз карданд.

Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минта­қа­виву байналхалқӣ чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти рушди кишвар диққати хосса ба масъалаи мактабу маориф мебошад. Зеро миллати босавод заминаи боэътимоди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, метавонад ислоҳоти созандаро татбиқ намуда, дар баробари ақлу дониши худ аз дастовадҳои илмиву фаннии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати худ истифода намояд.

Аз ин рӯ, таҳкиму тақвияти соҳа ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти мардуми кишвар яке аз вазифахои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб мегардад.

Раванди таҷдиду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 69 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳои олии касбии кишвар  ба 47 адад расида  ва шумораи донишҷӯён ба 214 ҳазор нафар мерасад.

Додани диққати асосӣ ба соҳаи маориф, дастгирии ниҳодҳои ин самт, фиристодани ҷавонони лаёқатманд ба марказҳои пешрафтаи таълимиву илмии ҷаҳонӣ ва ифтитоҳи макотиби нави сатҳҳои гуногун дар дохили кишвар инъикоси моҳияти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷавонон ва наврасони кишвар ҳамчун намуна, тимсол ва мояи ифтихор маҳбубияти зиёд дорад.

Имрӯз ҳар як сокини кишвар, аз тифли мактабхон то пири барнодил дар симои пешвои худ «чеҳраи ошно»- ро дида мехоҳад бо ӯ аз наздик ҳамсӯҳбат шавад, аз пешравиҳову муваффақиятҳои худ нақл кунад, мушкилоти худро гӯяд, зеро эътимод дорад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯ ба рӯи ҳар мушкилот устувор буда онро ҳал карда метавонад.

Бузургдошти нобиѓаҳои бузурги сиёсат, илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик, ки бо ташаббус ва ҳидояти шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегарданд ва танҳо як номбар кардани онҳо дар даҳҳо саҳифаҳо ҷой мегирад, баёнгари он аст, ки пешвои миллӣ воқеан барои фарҳанги миллӣ, шинохт ва арҷгузории бузур­гони миллат аз тадбирҳои камназири Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гумон мекунем, ки барои ҳар як фарди соҳибватани тоҷик ин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амал ва зиндагӣ бошад: «Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу дав­лати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беѓара­зона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем!». 

 

Нуруллоева С.А.- муовини директор оид ба таълим;

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»;

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.