ҲАМОИШ ЗЕРИ УНВОНИ “ТАЪСИРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ” БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

0 71

Санаи 20 апрели соли 2021 дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҳамоиш зери унвони “Таъсири экстремизм ва терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла:
Нозимзода Файзулло Ватан – Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, полковники милитсия; Абдураҳимзода Шерафган – корманди шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб;
Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод – Сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия иштирок доштанд.
Ҳамоишро директори Коллеҷ Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, меҳмононро бо аҳли нишаст шинос намуд. Ӯ иброз дошт, ки ташкили чунин вохӯриҳо дар ҳамин шабу рӯзе, ки ба ҷомеаи ҷоҳонӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистони азизамон терроризм ва экстремизм таҳдид менамояд саривақтӣ мебошад. Зеро душманони миллати мо бо ҳар роҳу восита, бахусус бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ имрӯзҳо боз ҳам кӯшиш намуда истодаанд, ки дар байни мардум кинаю надоматро барафрӯхта, сулҳу осоишро дар Тоҷикистон халалдор намоянд.
Ҷаласаро Абдураҳимзода Шерафган – корманди шуъбаи
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб идома дода, қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм имрӯзҳо ба ҳаёти осоиштаи мардуми тамоми олам таҳдид мекунад. Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар як қатор мамлакатҳои исломӣ рушд намуда ин мамлакатҳоро ба ҷангу харобӣ оварда расониданд. Гурӯҳҳои экстремистӣ аз номи ислом баромад намуда, ба қатлу ваҳшонияту даҳшат машғул гашта ва аъмоли куфр анҷом медиҳанд.
Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, он ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Намояндагони ин равияҳои тундгаро ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Мутаасифона як қатор намояндагони дин ва дигар шаҳрвандон аз мамлакати мо низ аллакай ба фикру ақидаҳои ин хоинон дода шуда, бо онҳо ҳамкорӣ намудаанд ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ба гурӯҳҳои террористӣ асосан ҷавонони ноогоҳу бесавод шомил мешаванд, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ онҳоро ба доми бало кашида оқибат аз озодӣ, ҳатто аз ҳаёт маҳрум мекунад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, тариқи шабакаҳои интернетӣ сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди танқид қарор дода, бо ин роҳ мехоҳанд мардуми ноогоҳ, бахусус ҷавононро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Вале ин нобакорон ба мақсади худ ноил нахоҳанд гашт, чунки мақсади нопоки онҳо аллакай ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гаштааст. Имрӯзҳо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамеша корҳои фаҳмонидадиҳиро байни ҷавонон бештару хубтар ҷоннок намоянд, онҳоро ба омӯзиши илму касбомӯзӣ равона намоянд, зеро маҳз ҷавонони босаводу боистеълдод ва соҳибкасб метавонад ҷомеаи моро пеш бубуранд.

Баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу субот дар Тоҷикистони азиз, бояд тамоми мардуми кишвар сарҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем, сиёсати сулҳпарваронаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ  намоем.
Сипас сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, он ба сулҳу субот дар ҳама кишварҳои амн, бахусус Тоҷикистони азизамон  таҳдид менамояд. Дини мумини ислом ҳеҷ замон зулму шиканҷаро ба инсоният тарғиб накардааст, балки он инсондустӣ ва ҳурмату эҳтиромро ба инсон тараннум менамояд. Вале террористон ва экстремистон аз номи ислом баромад намуда, ба қатлу куштори мардум, гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ даст мезананд.
Мо мардуми Тоҷикистон, бахусус мардуми Кӯлобшаҳр бояд аз он ифтихор намоем, ки дар фазои сулҳу субот ва тенҷию амонӣ зиндагонӣ дорем. Дар рӯзҳои вазнини солҳои 90 – ум замоне, ки ҳамин гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ боиси нооромиҳо дар кишвар гашта буданд маҳз мардуми Кӯлобшаҳр ба тарафдории ҳукумати конститутсионӣ бархоста, аз он ҳифз намуданд ва дар роҳи барқароршавии давлатдории замонавӣ даҳҳо ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷони худро аз даст доданд. Имрӯз мо бояд хотираи қаҳрамонони ватанро пос дорем, чунки баҳри фазои сулҳу ваҳдати имрӯзае, ки мо зиндагонӣ мекунем онҳо ҷони худро дареғ надошта ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намуданд.
Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва боварӣ доранд, ки ҷавонон посбонони асосии сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон буда, софдилона меҳнат менамоянд ва ватанамонро боз ҳам рушду нумуъ мебахшанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон ба тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ равона гардидааст. Роҳи асосии пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона ин баланд бардоштани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ мебошад, ки дар ин ҷода нақши асосиро омӯзгорон мебозанд.
Зимни суханрониаш Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод – сардори Бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия қайд намуд, ки коррупсия яке аз омилҳои асосие мебошад, ки садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Ин амал низ  ҳамчун як падидаи номатлуб дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бибарад. Новобаста аз пешбурди корҳои фаҳмонидадиҳӣ мутаасифона ҳоло ҳам чунин амалҳои номатлуб аз тарафи шаҳрвандони мо, кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба мушоҳида мерасанд. Дар муассисаҳои таълимӣ қонунвайронкунӣ дар ин самт асосан ҳангоми қабули довталабон, имтиҳонҳо, ҷамъоварии маблағҳо бо баҳонаи таъмиру тармими муассиса ва дигар чорабиниҳо мушоҳида карда мешавад. Аз ин ру роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгоронро зарур аст, ки оиди пешгирии чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои  аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  ва шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб муборизаи беамон эълон намуда, нисбати ин масъала диққати махсус зоҳир менамоянд. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба решакан намудани амалҳои коррупсионӣ бояд ҳар як фарди ҷомеа ба таври васеъ ҷалб карда шавад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияташон таҳия ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Дар онҳо тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла Барномаи дохилимуассисавии зиддикоррупсионии Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ ҷалб намудани тамоми устодону донишҷуён ва кормандон таҳия шудааст. Барнома барои амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар муассиса мусоидат менамояд. Ин масъала пайваста дар ҷаласаю вохӯриҳо ба ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва дар соатҳои тарбиявӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Вале мутаасифона мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки чорабиниҳои амалишаванда на он қадар босамар мебошанд. Аз ин ру роҳбарияти муассиса, аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки оид бе пешгирии амалҳои коррупсионӣ боз ҳам саъю кӯшиш намоянд. Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад. Зеро коррупсия болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Ман ба аҳли ҳайати устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ барои мубориза бар зидди ин амали номатлуб бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.

Роҳбари муассиса Азиззода З.А. зимни суханрониаш қайд намуд, ки терроризм, экстремизм ҳамеша ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд, зеро сулҳу амонӣ ва пешрафти иқтисодии кишвари мо ба душманони миллат намефорад ва онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд садди роҳи гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизи мо бигарданд. Ин душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки амали ноҷавонмардонаи онҳоро маблағгузорӣ мекунанд фаромуш кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон ба тозагӣ аз вартаи ҷангу ҷидол озод шуд, мардум бо чашми сари худ диданд, ки кинаю надомат ба сари онҳо чи рӯзҳои сангинро оварда буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1 миллион шаҳрвандон гуреза гашта, ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба хоки Афғонистон, ки худ як давлати ҷангзада буд фирор намуданд. Ин мардум дар хоки Афғонистон азобу уқубати ғарибиро чашиданд ва чи рӯзҳои сахту нангинро аз сар гузарониданд. Тоҷикистонро бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ фаро гирифт, мутахассисону олимони варзида кишварро тарк намуданд, тамоми корхонаҳои ситеҳсолӣ бесоҳиб монданд, ғарат гаштанд, ки ин омилҳо рушди мамлакатро садҳо сол қафо партофт. Ҷавонон, ки зиёда аз 60% — и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, имрӯзҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба фикру ақидаҳои душманони миллат дода нашаванд, илму донишу касб омӯзанд ва дар рушди мамлакат саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки роҳбарияти муассиса дар якҷоягӣ бо аҳли омӯзгорону донишҷӯён минбаъд низ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба чорабиниҳои тарбиявӣ, ташвиқу тарғиби ватандӯстӣ ва ватанправарӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ пурзӯр менамоянд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои иштирок ва ташкили чунин сӯҳбати фоидабахш арзи сипос намуд.
Дар охири ҷаласа ба як қатор донишҷӯёни муассиса аз тарафи шуъбаи корҳои дохилӣ дар ш. Кӯлоб барои иштироки фаъолонаашон дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон сипоснома тақдим карда шуд.

Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони
МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Р.А.”                                                               Набиев Ш.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.