ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – КАФОЛАТИ САОДАТУ ХУШБАХТӢ

0 7

        «Танҳо ба даст овардани истиқлолият ин ҳанӯз кам аст, бояд тавонист онро ҳамчун бузургтарин дарёфт ва неъмати давлат ҳимоя ва ҳифз кард».

                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ — умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ — сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.

Истиқлолият ба сифати падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ барои халқиятҳо ва давлатҳо баромад намуда, ин, пеш аз ҳама, беҳтарин неъмат ва арзишест, ки дар заминаи он мустақилияти пурраи давлат ва миллат таъмин гардида, ҳалли ҳама проблемаҳои сиёсати дохилӣ ва берунии фаъолияти кори давлат дар замири назар ва андешаи миллӣ қарор мегирад.

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ин, Рӯзи истиқлолият натанҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба Ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бебаҳо дар кишвари ҳамешабаҳори мо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарӯза вусъати тоза касб мекунанд.

Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи Истиқлолияти давлатии ҶТ ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:

— ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои ҶТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

— моликияти давлатии ҶТ эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар амвол.

Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мекунад ва ин рӯз тибқи қонун рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад». Агар ба умқи таърих назар афканем ва ё китоби бузурги «Таърихи халқи тоҷик»-ро саҳифа гардонем, ба мо рӯшан мегардад, ки ҳатто баъд аз суқути нахустин давлати мутамаркази миллии тоҷикон-давлати Сомониён, ки тамоми сарзамини таърихии тоҷиконро фаро мегирифт, унсурҳои давлатдории тоҷикон аз байн нарафтанд. Давлатҳои Ғуриён (1149-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381) ва Сарбадорони Сабзавори Эрон (1335-1383), гарчанде ки дар ҳудуди андаке аз сарзамини паҳновари таърихии тоҷикон таъсис ёфта бошанд ҳам, дар таърих ҳамчун давлатҳои миллии тоҷикон шинохта шудаанд. Гарчанде ки дар садсолаҳои баъдӣ, то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25 октябри соли 1917) тоҷикон аз давлатҳои миллии хеш маҳрум монда бошанд ҳам, анъанаҳои давлатдории онҳо, ки аз даврони ҳукмронии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, аз замони салтанати Куруши Кабир (550-530 т.м.) ибтидо мегиранд, побарҷо буданд. Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намуданисанадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва хусусан илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо назардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шудааст. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.

Албатта ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.

Мирзоева Комила Абдулхайровна

муаллимаи фанни «Фармакакнозия»-и

МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кулоб ба номи

Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.