ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

0 13

   Рӯзи 9-уми сентябр дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашни фархундаи Истиқлолят аст. Аз 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон мамлакати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол гашт. Халқи барӯманди тоҷик имрӯзҳо дар остонаи 33-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор дошта, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархундаву таърихӣ талош меварзад. Баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Ватан саҳми худро гузоштан барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ анъанаи нек гаштааст. Мо медонем, ки ободии Ватан ободии хонаву дари мост. Аз ин рӯ ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми мо ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

     Барои хотима додани ин ҷанги даҳшатнок шахсе лозим буд, ки онро мардум бовар кунанд, оромиро дар пойтахт ва вилоятҳои ҷангзада барқарор намояд, тамоми гурезаҳои халқи тоҷикро ба ватан баргардонад ва Тоҷикистонро аз нестшавӣ раҳоӣ диҳад.

      Хушбахтона, ҳамаи мо бохабарем, ки дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992, чунин шахс, инсоне, ки боиродаву боматонат, нотарс ва шуҷоъ ба майдони сиёсат қадамҳои устувор гузоштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки  дар муддати хеле кӯтоҳ мамлакатро аз несту нобудшавӣ нигоҳ доштанд. Роҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро аз ба эътидол овардани давлат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони тоҷик оғоз намуданд. Албатта, ин кори саҳл ва осон набуд, боварии комил дорем, ки ягон шахсе дигар ин корро карда наметавонист, ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷонашонро ба хатар гузошта, ин корро иҷро намуданд. Баъдан ҳамагон медонем, ки хеле корнамоиҳои зиёде карда (ҳамаашро дар ин ҷо намеорем), ниҳоят сулҳи деринтизорро ба ватани азизамон Тоҷикистон оварданд. Зери калимаи “Сулҳ” корнамоӣ ва қаҳрамониҳои зиёди Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳон аст.

     Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гирад.

     Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.

       Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардидааст.

      Бояд гуфт, ки дар баробари дигар мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор такмилу аз навсозӣ сурат гирифта, ҳоло низ чунин раванд бо суръат идома дорад.

     Ҳамин тариқ, бо амалӣ намудани чораҳои мазкур заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.

      Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

     Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

       Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

      Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

     Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

      Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

     Майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

     Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

       Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

    Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

      Мо — тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

ЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи

тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.