ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0 101

Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.

Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.

Дар зарфи се даҳсола   мардуми тоҷик бо  заҳмати софдилонаи худ  дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.

Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас  муваффақ  шуда, дар соҳаҳои  иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем.

Соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд.

Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.

Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем.

Гузашта аз ин, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду  сарҷамъии  мардуми  фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди  мушкилоту  монеаҳои  зиёд  барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд.

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои  торафт  афзояндаи  замони  муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Мо — хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 33 – солагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин  гӯшаҳои  он  ободу  пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.

Яке аз дастовардҳои  нодири  даврони истиқлолият аз хатари нестӣ  наҷот ёфтани давлатдории  миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ  муттаасифона  аз  сабаби  мудохилаи  қувваҳои  беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Хушбахтона баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ  гузошта  шуд.

Ҳукумати  навтаъсиси  мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро  бо  чанд  ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол  метавон шарҳу эзоҳ дод.

Таъсиси  ҳокимияти  давлатӣ,  шохаҳои  асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати  муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи  давлат  ва  бунёди  механизми  идоракунии  мамлакат буд. Баъд аз  барқарор  шудани  Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд  санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии  фаъолияти  фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими  истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Давлати  Тоҷикистон метавонад бидуни дахолати неруҳои сиёсӣ ва давлатҳои дигар иродаи тоҷикистонии давлатдориро дар амал татбиқ кунад. Ба таври дигар сиёсати амалкунанда дар Тоҷикистон иродаи худро татбиқ менамояд ё таҳти фишори неруҳои берунӣ тасмими сиёсӣ  мегирад. То кадом андоза кам будани дахолати хориҷӣ дар қабули қарорҳо ва  амалкардҳо  мақоми истиқлолро боло мебарад ва бештар будани мақоми дахолатҳо дар тасмимҳои сиёсӣ ва тибқи он амал кардан сатҳи истиқлолро коҳиш медиҳад. Ба ин хотир аст, ки дар таърихи таълимоти сиёсии ватанӣ пардохтан ба кореро бидуни мушорикати дигарон истиқлол гӯянд. Баррасӣ дар ин ҷо дар атрофии масъалаи мазкур суръат мегирад.

Тамоюли  минбаъдаи  инкишофи  Давлати  Тоҷикистон ва таҳкими  истиқлолияти  он бе ба инобатгирии равандҳои ҷаҳонӣ ва вазъи геополитикии олам ғайриимкон аст. Тоҷикистон дар шароити навин инкишоф зарурат ба он дорад, ки дар хориҷ ҳавзаи сиёсии худашро вобаста ба айниятҳо ва манфиатҳо ташкил намояд. Табиист, ки дар шароити глобаликунонӣ ба истиқлолияти давлатҳои миллӣ мушкилиҳо эъҷод мешаванд.

Муовини  директор  оид ба корҳои  хоҷагидорӣ

Набиев  Ш.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.