ОИЛА МАКТАБИ АВВАЛИН ВА АСОСИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

0 16

—  Тарбия ва ба воя расонидани фарзанд кори муҳим, вазифа ва масъулияти падару модар дар  назди ҷомеъа, миллату ватан ва умуман инсоният мебошад.

                                                                     Эмомалӣ Раҳмон.

          Инсон оила барпо карда,  фарзанд ба дунё меорад, онро тарбия мекунад ва дар пайванди наслҳо нақш мегузорад. Тарбияи фарзанд кори саҳл набуда, шабзиндадорию меҳрубонӣ, заҳмату масъулият талаб мекунад.

       Бинобар ин, масъалаи тарбияи фарзанд ҳамеша мубраму муҳим боқӣ мемонад, зеро он ба ҳастии инсон ва инкишофи маънавии ӯ робитаи зич дорад.

       Фарзандро аз азал меваи умри одамизод медонанд, чун фарзанд ҳаст, ки инсон номи худро аз наслҳо ба наслҳо пойдор мемонад. Гап сари он аст ки ин мева ҳамон вақт бор меорад ва лаззат мебахшад, ки агар волидон онро чун боғбон нигоҳубин каррда бошанд. Ҳар боғбон ҳамон вақт аз меҳнату заҳмати худ қаноатбахш мешавад, ки меваҳои парвариш намудааш манфиатбахш бошанд.

       Фарзанд барои инсон мисли ҳамин меваҳо мебошад. Агар падару модарон аз овони тифли ба тарбияи фарзанд бодиққат бошанд, фарзанд қобил, боадаб, нексиришт, росткор ба воя расад. Ин ҳолат дар оянда боиси хушбахтии падару модар мешавад. Бинобар ин зарур аст ки волидон дар ин ҷода масъулияти бештар дошта бошанд.

      Дар ин маврид педагогӣ бузурги рус  А.С Макаренко чунин ақида иброз намуда буд: “Ба падару модарон маслиҳат медиҳем, ки инро хуб дар хотир дошта бошанд, ва кӯшиш кунанд, фарзандонро чунин тарбия намоянд, ки баъд корро аз сари нав кардан лозим нашавад”.

    Яке аз омилҳои муҳими тарбияи фарзанд дар оила, ин муносибати хуби волидон дар зиндагии ҳаррӯза мебошад. Кӯдакон хеле зирак буда, тамоми рафтор, кирдор, муносибати байни падару модарро хуб мушоҳида намуда, худро дар ҳамон рӯҳия тарбия мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар робитаи падару модар дар оила мусби бошад, фазои солим ҳукмрон бошад,  кӯдакони ин гуна оилаҳо тарбияи хуб мегиранд.

    Падару модар вазифадоранд, ки вобаста ба имконият барои фарзандон шароити лозимаро муҳайё созанд ва ба тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд.

        Тибқи санадҳои меъёрии амалкунанда дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бахши  тарбия ниҳодҳои гуногун масъул мебошанд.

         Мисол:  тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пеш аз ҳама падару модар, омӯзгорон, давлат ва ҷомеа масъул мебошанд. Қисмати асосии тарбияи фарзанд ба зиммаи оила вогузор мешавад, чунки фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ аз панҷ то шаш соат қарор доранд, аммо аз 17 то 18 соати боқи монда дар муҳити оила фаро гирифта мешаванд.

      Падару модарон набояд аз он фориғбол бошанд, ки фарзандонро танҳо баъди ба муассисаҳои таълимӣ ворид шудан бюа тарбияи асоси фаро бигиранд. Чунки таҳқиқҳои равонпизишки  пешниҳод мекунанд, ки тарбияи кӯдак баъд аз таввалуд дар муҳити оила оғоз меёбад.

     Бинобар ин падару модарон аз синни хурдсолӣ  бо фарзандон муносибати дурустро бояд амали созанд.

       Дар асоси таҳқиқҳои равоншиносӣ даро синни 10 — 11 солагӣ агар 3 — чиз ба кӯдакон одат шавад, давраи душвори тарбия барои онҳо хеле осон сипари мешавад:

— дорои ахлоқи ҳамида будан ва ба донишомӯзи диққат додани кудак.

— машғул шудани кӯдакон ба намудҳои гуногуни варзиш.

— шавқу ҳавас ба касбу ҳунаромӯзи ва омухтани машғулиятҳои иловагӣ мувофиқи шавқу ҳаваси худи кудакон.

       Падару модарон бояд дар давраи балоғат бо фарзандон хеле ҷиддӣ рафтор кунанд. Фарзанд бояд дар ин синну сол дониш омӯзад, ба варзиш машғул шавад, дарсҳои иловаги бигирад ва касбу ҳунар омӯзад.Чунин амалҳо ба фарзандон имконият медиҳад ки давраи ба балоғат расидани  худро, хеле осон ва бе мушкили паси сар кунанд. Аз дигар тараф  бояд дар ин марҳила хеле эҳтиёткор буд, то ин ки ин амалҳо ба ягон зуҳуроти манфии равонии кӯдак алоқаманд набошанд.

      Барои фаҳмидани пешрафти маънавии фарзандон инкишофи фикрӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва этетикии онҳоро муайян кардан хеле муҳим аст.

     Тарбияи мақсаднок, оқилонаю самаровар асоси ташаккули одатҳои ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.

              Тарбия, ки нахли одамиятро ба бор меорад, ба инсон меваҳои гуворои худогоҳӣ, худталқинкунӣ, худшиносӣ, худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ мебахшад ва дар ӯ ҷавҳари масъулиятшиносӣ ба вуҷуд меояд. Барои ба ҳадафҳои ниҳоии тарбия расидан бояд суботкорона саъйю кушиш кард, меҳнату заҳматҳои пайдарпай зарур аст.

      Педагогӣ барҷаста А.С.Макаренко барои тарбияи кӯдакони мушкил тарбиятанҳо як ҷумла “инҷо биё” – ро бо бист лафз талафӯз мекард. Илми педагогика таъкид мекунад ки кӯдак ҳарчи қадар ба донишомӯзӣ  рӯй биёрад, ҳамон қадар беҳтар аст. Бино бар ин барои кӯдак муҳити  донишдӯст хеле таъсири мусбӣ мерасонад. Дар самти ба дониш рӯйовардани кӯдакон нақши омӯзгор хеле муҳим мебошад.

         Маҳорати омӯзгор дар он аст, ки кӯдакро ба донишандӯзи ҷалб карда тавонад. Омӯзгор бояд ба кӯдакон муносибати хубу таъсирбахш дошта бошад.

         Натиҷаи тарбия дар меҳнати эҷодии доимӣ бадаст меояд. Барои ин пайваста омӯхтан, аз худ кардани роҳҳои пурмасъули тарбия, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, хислатҳои наҷиб, эҳсосоти олӣ ва нисбат бахуд серталаб будан, парваридани эҳсоси некӣ кардану аз он хушбахт шудан ва аз бади дур будан хеле муҳим аст. Сири асосии мувафақияти омӯзгор дар он аст, ки сайу кӯшиши шогирдонро қадр намуда дар қалби онҳо орзуҳои наҷибро парвариш намояд.

         Падару модарон дар шароити кӯнуни вазифадоранд, ки бо роҳу усулҳои муосир муҳити тарбияи фарзандро дар фазои оила солим гардонанд.

Чун имрӯз кӯдакон – фарзандони мову шумо ниёзманди сухани самими мебошанд. Бояд гуфт, ки масъулияти падару модар дар шароити имрӯза, ки равандҳои сиёсию иҷтимоӣ хеле мураккабу гуногун мазмун астанд, дар тарбияи фарзандон бештар мегардад. Падару модар бояд дарк кунанд, ки ҳамагуна амали мусбӣ боиси муваффақият ва ҳар як амали ноҷур сабаби нокомиҳост.

         Ниҳодҳои асосии тарбия: волидон, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худ шиносӣ, инсондӯстиву ватандорӣ, эҳтиром гузоштан аз ҳама арзишҳои миллию умумиинсонӣ тарбия намоянд, то ин ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил ва ҳаматарафа инкишоф ёфта бавоя расанд. Чун  ки ҷомеаи муосир ба ин гуна шахсиятҳо ниёз дорад. Пешрафту рӯшди ҷомеа аз наслҳои тарбияи сатҳи баланд дошта, соҳиби донишу   маърифати мукамалро соҳиб шуда вобастагӣ дорад.

         Мо итминон дорем, ки ҳар чи бештар рӯкунҳои тарбияи миллӣ устувор бошанд, ҳамон қадар дастоварду мувафақиятҳои мо афзун мегардад.

         Хулоса ин аст, ки мақоми оилаи устуворҳамон вақт эътироф мешавад, ки агар он пеш аз ҳама дар тарбияи фарзанд нақши муайян дошта бошад. Чун ки оила сутунест, ки ҷомеа болои он устувор мегардад.

Карим Абдураҳмонов  Омӯзгори    калони   кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”  МДТ  “Қолеҷи Тиббии     шаҳри    Кӯлоб     Ба    номи Раҳмонзода         Раҳматулло       Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.