ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА МАҲКУМ КАРДА МЕШАВАД

0 43

Зӯроварӣ дар оила густурдатарини нақзи ҳуқуқи инсон дар ҳама ҷомеаҳо, сарфи назар аз рушди иқтисодии кишвар, дин ва забон ба ҳисоб рафта, ҳамчун як шакли табъизи гендерӣ, яъне нобаробарии миёни мардон ва занон далолат медиҳад.  

Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд.

Дуруст ба роҳ мондани тарбия дар оилаҳо ва дар рӯҳияи неки инсонию ватандӯстӣ ба воя расондани фарзандон метавонад дар ҳалли бисёр масоили доғи рӯз, пешрафти кишвар, баланд бардоштани иқтисод ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Имрӯз дар кишвар бо оилаҳои зиёди намунавӣ вохӯрдан мумкин аст, ки  бо рафтору кирдори хеш дар ҷамъият нақши сазовор доранд. Аз ҷумла, бо тарбия намудани фарзандони саводноку бомаърифат ва дорои ахлоқи воло дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Аммо бо вуҷуди ин, вокуниши ҷомеа нисбат ба зӯроварии гендерӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда ва ҳалталаб боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо буд, ки Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро таҳия ва соли 2013 қабул намуд. Имрӯз ҳудуди 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ дорем, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии бонувони моро дар бар мегирад.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар миқёси кишвар ин падидаи номатлуб ҷой дорад. Тибқи иттилои Суди Олии кишвар дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар кишвар 21 ҳазору 334 парвандаҳои оилавӣ баррасӣ гардидааст, ки аз он 213 парвандаи зӯроварӣ ва хушунат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад кам мебошад.

Тибқи омори ахири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2023 дар маҷмӯъ 3058 ҳолати хушунат нисбати занон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 339 ҳолат кам мебошад.

Соли 2023 76 ҳазору 444 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, шумораи бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 578 ҳолат кам гардидааст.

Теъдоди ноболиғон аз бекор шудани ақди никоҳ 10 ҳазору 985 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 5 ҳазору 327 нафар кам мебошад.

Дар ин асно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки оила муқаддастарин рукни асосии ҳар давлату миллат аст. Аз ин рӯ эҳтиром гузоштан ба оила ва ҳамсари худ бузургтарин неъмати инсонӣ аст.

Саврари давлат зимни табрики бонувони кишвар ба идашон ба мардони кишвар муроҷиат карда гуфтанд, ки сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошанд, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳанд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат тавсия доданд, ки барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созанд, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд.

“Мо — мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан — Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем”, — афзуданд Роҳбари давлат.

Истифода аз намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбати занон мушкили умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мутаассифона, дар Тоҷикистон низ ҷой дорад. Ба ақидаи шахсиятҳои огоҳ, хушунати хонаводагиро коҳиш додан имконпазир аст.

Дар ин маврид профессор Махфират Хидирзода зикр намуданд, ки агар солҳои пеш зӯровариро сирри оилавӣ медонистанд, ҳоло ин масъала кушода аст ва табиист, ки роҳи ҳал низ дошта метавонад.

 “Агар зӯровариро эпидемия гуфта мешуд, дуруст мебуд. Чунки он дар ҳама ҷойи дунё паҳн шудааст”. Яъне ин зуҳуроти номатлуб фақат хоси ҷомеаи тоҷик нест. Ҳатто кишварҳои пешрафта низ бо он рӯ ба рӯ ҳастанд”,-иброз доштанд М. Хидирзода.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва тағйир додани рафтору муносибати аҳли ҷомеа ҳамкории фарогир роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, аввали соли равон Стратегияи коммуникатсионии “Оила — макони меҳрубонӣ” аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Лоиҳаи Стратегияи коммуникатсионӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мавқеи оила ва занону духтарон дар ҷомеа, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва бекоршавии ақди никоҳҳо, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ омода шудааст.

Бо назардошти аҳамияти саҳми занон дар некуаҳволии оила ва рушди ҷомеа Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 25 ноябрро ҳамчун “Рӯзи  байналмилалии  мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон” эълон кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд карда мешавад. Чорабиниҳо ҳамасола дар доираи “16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ” аз 25 ноябр оғоз гардида то 10 декабр — Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон” идома меёбанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ 35% занону духтарон аз ҳар се зан ё духтар як нафар дар тули умри худ ба зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё дигар шаклҳои зӯроварӣ дучор мешавад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатӣи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

Бо мақсади амалисозии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд пайваста ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 барномаи муштараки ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо “Нури рушноӣ” тасдиқ гардид, ки ҳадафи  ин барнома хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ва бархӯрдор гардидани онҳо аз ҳуқуқҳояшон мебошад.

Хулоса, ҳам аз нигоҳи тамоми динҳо ва ҳам аз нигоҳи тамоми қонунгузориҳои миллию байналмилалӣ хушунату зӯроварӣ дар ҳама шакл, аз ҷумла дар оила маҳкум гардида, ин гуна муносибат ҷиноят ҳисобида мешавад. Таҳлилгарону коршиносон роҳи ҳалли ин мушкилиро дар баланд бардоштани маълумотнокии ҳуқуқӣ, пешгирии издивоҷи барвақтӣ, соҳибкасб намудани духтарони ҷавон ва ба ин роҳ беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оила мебинанд.

 

Қурбонмадова Ш.М.  

 Раиси Шӯрои кор бо занон ва оилаи МДТ

«Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.